01:43:13 02-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Буҳрони марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Ҳақ киву ноҳақ куҷост? Сиёсат 22.01.2014 15:00 1085
Замоне, ки шумораи навбатии "Рӯзгор" ба дасти хонанда мерасад, даҳ рӯзи расо аз рӯйдодҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Рӯйдоди басо такондиҳандаест, ки метавонад дар раванди шаклгирии муносибатҳои ҳамсоягӣ таъсири манфӣ ба ҷой гузорад. Ва соате, ки ин ҳарфҳо рӯи коғаз мерезанд ...
Савлатшоҳи Мерган: Шикоят аз нақлиёт дорам Иҷтимоъ 22.01.2014 14:57 1094
Дар масъалаи фаъолияти нақлиёти шаҳри Душанбе мехоҳам фикри худро гӯям. Маро масъалаи истгоҳҳо ба ташвиш овардааст. Истгоҳҳо барои чӣ ҳастанд? Барои он ҳастанд, ки мусофирон дар он ҷо ҷамъ шаванд ва нақлиёти шаҳр автобусҳо ва тролейбусҳо омада онҳоро ба макони даркорияшон бубаранд.
Ҳар рӯзу ҳар шаби даҳр тазвири умр будаст… Адабиёт ва фарҳанг 22.01.2014 14:55 1087
Абдуваҳҳоб Бобозода шоири музофотист, аз ҷумлаи касонест, ки дар як рустои дур аз марокизи фарҳангии кишвар шеърсозӣ мекунанд. Ин қабил афрод хеле зиёданд, ки мисраҳои шеъргуна аз қалби салим рӯи коғаз мерезанд ва ба умеди он ки замоне чун дигарон соҳибкитобу маъруф шаванд, он пораҳоро дар дафотири зиёд маҳфуз медоранд.
Мирзоватан Мирови бознишаста китоб менависад Адабиёт ва фарҳанг 22.01.2014 14:52 1197
"Афғонистон-пойгоҳи меҳр" чунин ном дорад китоби навбатӣ ва ба тозагӣ ба нашррасидаи Мирзоватан Миров, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ки бо теъдоди 1000 нусха онро нашриёти "Адиб" аз чоп баровардааст.
Аз Тоҷикистон кӣ ба Олимпиадаи Сочи меравад? Ҷавонон ва варзиш 22.01.2014 14:50 1349
Дар қатори 2800 варзишгаре, ки қарор аз аст 105 кишвари олам барои ширкат дар Бозиҳои 22-и зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия биёянд, ду варзишгари тоҷикистонӣ низ хоҳанд буд.
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон боз як зина боло баромад Ҷавонон ва варзиш 22.01.2014 14:47 1233
Дар рейтинге, ки 16-уми январ Федератсияи футболи ҷаҳонӣ-ФИФА интишор кард, Тоҷикистон дар муқоиса бо рейтинги як моҳ қабл як зина болотар баромад. Дар рейтинги ахир Тоҷикистон бо 285 хол ҷои 113-умро ишғол кардааст.
Руҳонӣ хостори ваҳдати муҳаммадӣ дар мубориза барои эҳёи асолати динӣ шуд Хабар 22.01.2014 14:46 817
Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон мегӯяд мо аз роҳҳои мухталиф ва мазоҳиби мухталиф ба дунболи як ҳақиқат ҳастем. Райиси Ҷумҳури Эрон, ки рӯзи шанбе дар дар 27-умин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон суханронӣ мекард, фармуд...
Идрорпулии ду академик ба донишҷӯён Хабар 22.01.2014 14:44 1259
Фарзандони олими шинохта, марҳум академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба гиромидошти ёду хотираи падари арҷманди худ даст ба иқдоми бесобиқа задаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд аз ҳисоби маоши худ ҳамасола барои чанд тан аз донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Айнӣ идрорпулӣ таъсис диҳанд.
Иттиҳоди журналистон осорхонаи журналистикаи тоҷикро ташкил мекунад Хабар 22.01.2014 14:41 807
Ҳафтаи гузашта Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки барои ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик гуруҳи корӣ созмон хоҳад дод. Қарори ин ибтикор ахиран дар ҷаласаи Раёсати ИЖТ, ки бо ширкати Акбаралӣ Саттор доир шуда буд, қабул гардид.
Таъиноти нав дар вазорати мудофиа Хабар 22.01.2014 14:40 1106
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат Зариф Бобокалонов, ки кадриҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаиҶТтаъин гардид.