11:07:14 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳикмати офариниши Одам (ъ) аз хок

Дар сӯҳбате, ки бо номи "Исо алайҳиссалом куҷо шуд?" дар шумораи гузашта чоп шуда буд, оид ба офариниши Исои Руҳуллоҳ аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис ва иддиои исавиёну яҳудиён дар ин маврид муфасал сухан мерафт. Аммо ҳикмати Илоҳиро поён нест. Хонандаи мо Маҳмадзамон Ҳайдаров аз ноҳияи Варзоб ин суолро матраҳ кардааст, ки агар офариниши Исо (ъ) ба ин гуна шигифтангез бошад, пас офариниши инсон бояд аз он ҳам шигифтовартар сурат гирифтааст. Хонанда барҳақ дуруст қайд мекунад ва ҳарчанд дар ин маврид бисёриҳо шояд маълумот доранд, вале мо ин суолро ба Абдушарифи Боқизода, муаллифи "Тафсири навини Қуръон" ироа кардем ва посухи он фаврӣ ба идора расид, ки инак пешкаши хонандагон мекунем.

«Рӯзгор»

rohi-haq-452332Албатта, як суҳбат ғунҷоиши онро надошт, ки дар ин маврид батафсил сухан ронем. Дар ҳақиқат офариниши Одам (ъ) басе шигифтовартар аз офариниши Исои Руҳуллоҳ аст ва Худовнди муттаол ҳикмати ин офаринишро дар чандин ҷои Қуръони Маҷид қайд кардааст.

Насрониён қабул надоштанд, ки Исо (ъ) бо илқои калима ва рӯҳе аз ҷониби Худо ба домони Марям ба вуҷуд омада бошад. Онҳо Худоро - паноҳ ба Ӯ - падари Исо мегуфтанд ва ҳамон бе падар ба дунё омадани ӯро далели писари Худо буданаш медонистанд. Қуръони Карим бо овардани далели мантиқӣ ва ҳисси (бо зарфиятҳои ақлии инсон даркшаванда)-е онҳоро ба хатои фикрӣ ва инҳирофи эътиқодиашон мутаваҷҷеҳ месозад.

Ростӣ, агар офариниши Исо (ъ) аз сӯи Худо ба он сурати мӯъҷизавӣ аҷобате дошта бошад, пас офариниши Одам (ъ) аз он аҷибтар мебошад. Зеро агар Худованд Исо (ъ)-ро бе падар ва танҳо ба василаи модар ба дунё оварда бошад, пас Одам (ъ)-ро бе падару модар, яъне аз хок офаридааст. Вақте офариниши мӯъҷизавии Одам (ъ) наметавонад барои фарзанди Худо буданаш далел гардад, пас андешаи инсон чӣ гуна инро мепазирад, ки Исо (ъ) писари Худо аст? Намунаи Исо дар назди Худо бе ҳеҷ шакке, ба монанди намунаи Одам мебошад, ӯро аз хок офарид, он гоҳ ба ӯ гуфт: Пайдо шав! Вай дарҳол ба вуҷуд омад.

Худои таъоло дар ин оят таъкид менамояд, ки офариниши аввалин инсон - падари башарият Одам (ъ) - ба сурати мӯъҷизавӣ ва аз хок ба амал омадааст ва амалияи офариниш бар асоси ҳикмати азалии Худованд тайи марҳалаҳои паёпае анҷом гирифтааст. Оятҳои гуногуне ба баёни амалияи халқи Одам (ъ) пардохта, ҳафт марҳалаи офариниши ӯро ба таври дақиқ зикр намудаанд:

1. Хок аввалин унсур ва моддаи хомро дар офариниши Одам (ъ) ташкил медиҳад, ба ин маъно, ки Худованд офариниши ӯро аз хок шурӯъ намудааст. Оятҳои 59-уми сураи Оли Имрон, 37-уми сураи Каҳф, 5-уми сураи Ҳаҷ, 20-уми сураи Рум, 11-уми сураи Фотир ва 67-уми сураи Ғофир ин воқеъиятро баён менамоянд. Дар ҳадиси қудсие, ки "Сунани Абудовуд" (4693) ва "Сунани Тирмизӣ" (2955) овардаанд, ривоят мешавад, ки Расули акрам (с) дар ин бора мефармояд: "Худованд Одамро аз мушти хоке, ки онро аз тамоми рӯи замин гирифт, халқ намуд, бинобар ин, фарзандони ӯ ба андозаи рӯи замин омада, баъзе аз онҳо сурхпӯст, сафедпӯст, сиёҳпӯст ва дар миёни он ва баъзе аз онҳо хабис (палид), пок ва дар миёни он ҳастанд".

2. Гил ва он аз лойи шӯрида (сиришта) иборат аст, яъне пас аз он он хок бо об сиришта шуд ва ба гил табдил ёфт. Оятҳои 2-юми сураи Анъом, 12-уми сураи Аъроф, 7-уми сураи Саҷда, 71-ум то 76-уми сураи Сод ва 61-уми сураи Исро ба ин марҳалаи офариниши Одам (ъ) ишора менамоянд. "Ӯст Худое ки шуморо аз хок биёофарид, пас фармони аҷалу маргро бар ҳама кас мусаллат кард..." (Анъом, 2)

3. Сулола (навъ)-е аз гил, яъне он гоҳ аз миёни гили ба вуҷудомада беҳтарин қисмат ва навъи он барои офариниши Одам (ъ) интихоб ва баргирифта мешавад. Ояти 12-уми сураи Мӯъминун ин марҳаларо бозгӯ намудааст.

4. Гили часпак ва ё қаиш ва баҳамчаспида, яъне то ин марҳала аносири таркиби гил чунон ба ҳам омехта ва сиришти он расида буд, ки аз он гилмояи Одам (ъ) ба таври комил ба вуҷуд оварда шуд. Ояти 11-уми сураи Соффот ин воқеъияти илмиро баён медорад.

5. Сафоле аз лойи сиёҳи бадбӯй, яъне пас аз муддате рангу бӯи он гили расида тағйир хӯрда, ба гили сиёҳи бадбӯе табдил меёбад ва дар ин марҳала пас аз ниматаровидани об ва рутубати таркиби гил аз он сафоли ниматамоме сохта мешавад. Оятҳои 26-ум, 28-ум ва 33-юми сураи Ҳиҷр ба ин марҳалаи офариниши Одам (ъ) ишора менамоянд.

6. Сафоле ба монанди фахфур (фарфор), яъне сафоли расида ва комил. Ояти 14-уми сураи Арраҳмон ба ин марҳалаи халқи Одам (ъ) ишора менамояд.

7. Дамидани рӯҳ. Ин марҳала охирин марҳалаи офариниши Одам (ъ) мебошад, ки пас аз тай шудани марҳалаҳои қаблӣ ва ба таври комил сохта шудани колбад (ҷасад)-и хокии ӯ сурат мегирад. Дар ин марҳала Худои таъоло дар колбади хокии Одам (ъ) рӯҳ медамад ва он ба мавҷуди зинда ва дорои нерӯи зеҳну идроке табдил меёбад. Рӯҳ яке аз амрҳо ва ё сохтори хоси Худовандӣ мебошад, ки башарият ҳанӯз дар бораи он, ҷуз ба ҳамон андозае, ки дар Қуръон ва суннат дар бораи он хабар дода шудааст, маълумоте надорад. Рӯҳ мояи аслӣ ва сирри ҳаёт аст, ки бо дамидани он дар колбади Одам (ъ) ҷаҳише дар навъи офариниши ӯ ба вуҷуд омад ва ӯ аз маҷмӯъаи аносири беҷон ва беҳаракат ба инсони зинда табдил гардид.

Яъне, дар ибтидо хоки рӯи замин, ки Одам (ъ) аз он офарида шудааст, дар натиҷаи бориши зиёд ба гил табдил ёфта ва Худованд барои офариниши ӯ навъӣ хосеро аз миёни гилҳои гуногун бармегузинад. Ин навъи гил пас аз муддате ба шакли гили часпак ва ё қаиш ва баҳамчаспида медарояд ва оҳиста - оҳиста тағйири бештаре меёбад ва ба худ ранги сиёҳча ва бӯи бад мегирад.

Саранҷом, Худованд аз он гили сиёҳранги бадбӯй сафоли хоме омода месозад ва он пас аз таровидани комили об ва рутубаташ ба сафоле ба монанди фахфур табдил меёбад ва дар охир ба он рӯҳ медамад ва ҳамин тавр пас аз чандин марҳала Одам (ъ) офарида мешавад.

Қуръони карим дар оятҳои 61-уми сураи Ҳуд, 55-уми сураи Тоҳо, 32-юми сураи Наҷм ва 17-ум ва 18-уми сураи Нӯҳ ба таври умумӣ ба тамоми ин марҳалаҳои офариниши инсон аз замин ишора менамояд.

Шоёни зикр аст, ки амалияи офариниш дар абъоди сегонаи он: офариниши коинот, офариниши ҳаёт ва офариниши одам комилан аз умури ғайб буда, башарият дар он замон вуҷуд надошт. Худои таъоло дар ин бора мефармояд: "Онҳоро на дар офариниши осмонҳо ва замин ва на дар офариниши худашон шоҳид насохтаам …". (Сураи Каҳф, ояти 51)

Пас инсон танҳо аз ду роҳ: яке иктишофоти илмӣ ва дигаре ҳақоиқи илмие, ки дар Қуръон ва суннат ба онҳо ишора шудааст, метавонад ба дарки ҳақоиқи офариниш даст ёбад. Аллоҳ таъоло бо раҳмати фарогири хеш дар қабатҳои сангии замин, дар сафҳаи паҳновари осмон ва дар вуҷуди худи инсон шаҳодатҳо ва нишонаҳои даркшавандаеро аз осори офариниш боқӣ гузоштааст, ки инсонро дар арсаи омӯзишҳои гуногуни илмӣ бо такя бар имкониятҳои маҳдудаш кӯмак менамоянд ва дар бисёр мавридҳо ӯро ба бозёфтҳои нисбие ноил месозанд, вале ин дастовардҳо дар ғиёби баёноти илмӣ ва ба дур аз ифодаҳои ҳадафманди Қуръон ва суннат ҳамчунон ноқис ва нотамом боқӣ мемонанд.

Бинобар ин, Қуръони карим дар чандин оят мардумро ба андешидан дар чигунагии офариниши осмонҳо ва замин ва ба тааммул дар осори қудрати хеш дар вуҷуди худашон фаро мехонад.

Назарияи офариниш бар пояи илми имрӯз

Амалияи марҳала ба марҳалаи офариниш дар абъоди сегонааш, ки замони ниҳоят тӯлониеро дар умри коинот, замин ва ба вуҷуд омадани ҳаёт дар рӯи он дар бар гирифтааст, баъзе кофирон ва марокизи илмиро ба эълони назарияи такомули органикие тела дод, ки ба моддияти маҳзи нахустин мавҷуди олам фаро мехонад. Бар асоси ин назария ҳаёт барои аввалин бор дар рӯи замин дар зери таъсири нурҳои офтоб дар лой ва минтақаҳои ботлоқии сатҳи он худ ба худ ва бе ҳеҷ барномаи қаблие ба вуҷуд омадааст ва пас аз он дар натиҷаи такомули кӯр-кӯрона ба дараҷаи инсон - ин мавҷуди рушдёфта расидааст.

Онҳо айнан аз ҳамон чизе, ки ҳастӣ ва вуҷуди осори қудрати Худовандро дар ҷаҳони офариниш ба исбот мерасонад, бардоштҳои маъкус ва натоиҷи илман нодуруст гирифтаанд. Аммо сохтори печидаи ҳуҷайраи зинда, фаъолиятҳои табиъӣ, химиявӣ ва органикии он ва таркиббандии дақиқи коди виросатӣ ва ё ДНК-и инсон ва дигар мавҷудоти зинда он назарияро ба он шакл комилан рад менамоянд.

Молекулаи протеинӣ, ки хишти бинои ҳуҷайраи зиндаро ташкил медиҳад, сохтори мураккабе дорад, ки аз молекулаҳои бист навъ аминокислотаҳо ба вуҷуд омадааст ва ҳар навъи онҳо ба шакли хосе тартиббандӣ шуда, бо нисбатҳои дақиқ ва мушаххас ва дар зимни пайвастагиҳои химиявие ба якдигар пайваст шудаанд. Ин ваҳдати умумии навъҳои гуногуни аминокислотаҳоро дар таркиби молекулаи ҳуҷайра пайвастагии пептидӣ (Peptide Bond) ва ё ҳазмӣ (табдилдиҳандаи маводи ғизоӣ ба маводи органикӣ) меноманд ва тамоми бист навъ аминокислотаҳое, ки таркиби протеинии ҳуҷайраҳои ҳамаи мавҷудоти зиндаро ба вуҷуд овардаанд, як гурӯҳро ташкил медиҳанд, ки онро гурӯҳи алфа (Alpha Type) меноманд.

Болотар аз ин, таркиби молекулаи аминокислота, ки аз шаш унсур (элемент)-и асоси: карбон, гидроген, оксиген, нитроген, кибрит (сулфат) ва фосфор иборат аст, сохтори печидаеро ба вуҷуд овардааст, ки танҳо интихоби ин шаш унсур аз миёни яксаду чанд унсури мавҷуд дар табиъат ба ҳайси асоси бинои он дурустии назарияи эволюсияи органикиро ба он маъно ба зери суол мебарад.

Вақте мебинем, ки зарраҳои таркиби аминокислотаҳо дар ҳуҷайраи тамоми мавҷудоти зинда аз рост ба чап ҷойгир ва тартиббандӣ шудаанд, вале онҳо ба муҷарради фавти мавҷудоти зинда тартиби ҷойгиршавии худро фавран аз чап ба рост бо ҳамон нисбатҳои собит тағйир медиҳанд, печидагии ин сохтори Илоҳӣ - таркиби молекулавии ҳуҷайраҳо бароямон бештар равшан мегардад ва ин воқеъияти айнӣ бароямон илман собит месозад, ки ҳама бар асоси барномаи дақиқ ва қаблан тарҳрезишудае ба вуҷуд омада, масири худро дар зиндагӣ идома медиҳанд. Шоёни зикр аст, ки ин тағйири тартиби ҷойгиршавии зарраҳои таркиби аминокислотаҳо пас аз вафот барои муайян сохтани лаҳзаи фавти мавҷуди зинда мусоъидат менамояд.

Зарраҳои молекулавии таркиби аминокислотаҳо ҳатто дар таркиби молекулаҳои протеиние, ки ҳуҷайраи зиндаро ба вуҷуд меоваранд, низ ба тартиби аз рост ба чап ҷойгир шудаанд, вале тартиби ҷойгиршавии онҳо дар таркиби нуклеарҳо (Nucleatides) ва ё навидаҳо, ки рамзҳо ва аломатҳои коди виросатиро муайян менамоянд, аз рост ба чап мебошанд. Ин ҷост, ки Худованд дар ояти баъдӣ мефармояд: "Ин ҳамон ҳақиқатест, ки аз ҷониби Парвардигорат баён гардидааст, пас (ҳеҷ гоҳе) аз шаккунандагон набош".

Абдушариф Боқизода, муфассири Қуръони Маҷид, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi