14:59:57 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

МЕҲРОБИ ДУ ОЛАМ ШУДА АБРӮИ МУҲАММАД (С)

Салом ба ҳамаи хонандагони иззатманд. Номаву зангҳои телефонии ин ҳафта бештар дархостӣ буданд. Афроди зиёде хоҳиш мекарданд, ки ба муносибати Мавлуди Пайғамбари арҷманди Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) номаи табрикии онҳоро интишор диҳем.

madeena-31111Аз миён мо танҳо як номаро чоп мекунем ва кулли хонандагону алоқамандони "Рӯзгор", бахусус, Собир Сафоев, Алимуҳаммад Шодӣ, Марям Холиқова, Азида Давлатқадамова, Мусо Шавкатзода, Мисроб Аминҷон, Олуфта Шарифова, Комрон Иззатҷонов, Абуалӣ, Моҳшариф, Сайрам, Холиқназар Асоев, Нозанини Кибриёдухт, Шодиҷон, Муҳаммадқул Табаров, Ҳоҷӣ Саломиддини Азиз, Наимҷон Комил, хоҳарон Сабо, Ситора, Ангубин, модари ҳамин хонадон Бибиробиа ва дигаронро барои изҳори назар, барои табрики мавлуди босаодати Расул (с) ташаккур мегӯем. Инак, он номаи интихобӣ:

Меҳроби ду олам шуда абрӯи Муҳаммад (с)

Фарорасии мавлуди Паёбари раҳмат- хазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро бар ҳамаи мусалмонони олам табрику муборакбод мекунам. Аз Худованди Маннон талаби дуъо дорам, ки ба хурмат ва василаи Паёмбари гиромӣ (р) ба ҳамаи муслимини олам баракат дар касбу кор ато фармояд, уммати мусалмонро дар ин гирудори олами фасод аз ҳама шару бадиҳо нигоҳ бидорад!

Душманон ва хоинони динро расвову ради маърака созад, ҳамаи бандагони солеҳашро ҳидоят фармояд, равандагони роҳи ҳақиқату тариқатро муваффақ бидорад, мулки азизи моро аз кашмакашҳои ақидативу ноадолатиҳо нигаҳбон бошад!

Мушкили ин миллатро дар рӯ ба рӯ ба кашмакаши марзӣ бо Қирғизистон осон гардонад, мову фарзандони моро дар амониву тинҷӣ ва оромиву осудагӣ нигаҳ бидорад.

Миллати азизу шарифро аз дасисаҳои ифротгароён ҳифз кунад, ба сарварон инсофу диёнат арзонӣ дорад ва ба роҳи рост ҳидояташон фармояд.

Салому салавот бар Расул (с) ва оли асҳобаш бод!

Меҳроби ду олам шуда абрӯи Муҳаммад(с)

Андар бағали боди сабо бӯи Муҳаммад.(с)

Атре, ки гулафшон бикунад фасли баҳорон

Оварда зи печу хами гесӯи Муҳаммад.(с)

Хуршед диҳад равшанию гармӣ, ки рӯзе,

Созад назаре бар рухи дилҷӯи Муҳаммад. (с)

Гар меҳри ҷаҳонтоби ҷамолаш бибарояд,

Олам нигарад ҷумлагӣ бар сӯи Муҳаммад.(с)

Ҳаргиз нашавад ташна касе, ки битавонад,

Як қатра бинӯшад зи лаби ҷӯйи Муҳаммад.(с)

Ғолиб бишавӣ бар ҳама душман битавонӣ

Ёбӣ мададе аз сари як мӯи Муҳаммад.(с)

Дар гӯри сияҳ аз ту бипурсанд, ки дорӣ

Равшан шаваду гардӣ раҳо гӯйи Муҳаммад.(с)

Ҳар кас ки бувад мункири Мавлуди шарифаш

Чашмаш натавонад нигарад рӯйи Муҳаммад.(с)

Бо эҳтиром, Истода Турсунова, Котиби созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ,  шаҳри Бешкек

Ҳар ҳарфу ҳиҷои Қуръон садҳо ҳикмату ҳидоят дорад

Қиссаи шӯрангези Асҳоби Қаҳфро хондам. Ин матлаб низ чун матолиби қаблии саҳифаи динии "Рӯзгор" хонданиву шуниданӣ буд. Ман пештар як шарҳе дар мавриди ин қиссаи ҷолиб хонда будам. Агар хотира фиребам накунад, дар сарсухани Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ, чопи Теҳрон буд. Ҳоло ёд надорам муаллифаш кӣ буд, вале ӯ рӯзгори Асҳоби Каҳфро ба рӯзгори имрӯзи ҷаҳон муқоиса мекард ва менавишт, ки дар ин замон миллатҳое дар ғори бехабарӣ аз асолати худ дар хобанд ва расад он рӯзе, ки бедор шаванд ва бинанд, ки чанд замон аз хобашон гузаштаву олам дигаргун шудааст.

Қисса ҳикматомез аст, чун дигар қисаҳои қуръонӣ. Аслан Худованд ҳарфи беҳикматро дар китоби осмонии худ роҳ надодааст ва ҳар ҳарфу ҳиҷои Қуръон садҳо ҳикмату ҳидоят дорад. Ба он маъно нест, ки мо қиссаи Асҳоби Каҳфро бихонему гузарем. Ба он хотир, ки бияндешем, ба яккахудоӣ, ба офариниши Илоҳӣ ва қудратҳои вай, ки метавонад мурдаро зинда кунад ва боз миронад. Пас ин ишори ошкор ба қудрати Илоҳист, ки мутаассифона имрӯзиён на ҳамеша онро дарк мекунанд.

Ҳоҷӣ Абдуазиз, Хуҷанд

Баъде, ки "Рӯзгор"  навишт

Ду шумора пеш хонандаи "Рӯзгор" Мулло Сафар аз хоколуду чанголуд будани масҷиди Сари Осиё навишта буд: "Ҳафтаи гузашта ба масҷиди Сари Осиё рафта будам. Ростӣ, манзараи ҳузнагезро мушоҳида кардам. Дар ошёнаи 1 ва 2 ҷои тоза наёфтам, ки бемалол сар ба саҷда барам. Афсӯс хӯрадам, ки ҳамроҳам ҷойнамоз наёвардам, вагарна ин гуна мушкил пайдо намешуд. Илоҷи дигар набуд, дар ҳамон қолинҳои чанголуд сар ба саҷдаи Илоҳӣ бурдем. Аммо дидам, ки бисёриҳо аз ин нороҳат буданд. Чӣ бояд мекардем? Дидам, ки дар ҳақиқат масҷид дар таъмир аст. Вале ин таъмир шояд беш аз ду сол аст, ки идома дорад ва магар намозхонҳо ду соли дигар таҳаммул кунанд, ки кай билохира таъмир ба анҷом мерасаду масъулин дар фикри тозагии он мешаванд"?

Мехостам ба ҷонибдории ӯ нависам, ки ҳақ буд. Аммо ҷумъаи гузашта ман боз ҳам намоз ба он масҷид рафтам ва тозагиро мушоҳида кардам, ки дар ҳич масҷиди дигар онро то ҳол надида будам. Баъд фаҳмидам, ки таъмир дар дохили бино ба анҷом расидааст ва ҳоло корҳои он дар берун идома доранд.

Қолину паласҳои нав густурдаанд, тозаву озода ва мулоим. Касро хуш меояд. Ва имоми масҷид домулло Маъруф эълон кард, ки ин ҳама тавассути хайрияи бародарони мусалмон анҷом шудааст. Ва ҳамон рӯз боз дар хақи як бародари мусалмоне дуо кард, ки 300 адад Қуръон (агар дуруст фаҳмида бошам) бо сесад тасбеҳ ба масҷид туҳфа кардааст.

 Аз чунин хабар касро фараҳу шодӣ фаро мегирад. Инсонҳои соҳибсарвате дорем, ки Хонаи Худо обод мекунанд, дар таъмини он бо фаршҳои гарму нарм ва китобу дафтар саҳм мегиранд. Худо ёрашон бод. Ва инсон баъди шунидани ин гуна хабарҳо мехоҳад ӯ низ имкони чунин кӯмаку хайроте дошта бошад. Дар дармондагон дасти мадад дароз кунад, дар ободонии маҳаллаш саҳм бигирад, худро машғул ба корҳои хайр гардонад.

Шоҳқодири Мазбут, Душанбе

Шарон дӯсти миллати худ буд, вале душмани муслимин

Кас аз марги душман ҳам ҳатто набояд хурсанд шавад. Чун марг чизест, ки барои ҳама омаданист ва ҳар ҷони зинда чашандаи шарбати марг аст.

Аммо ростӣ аз марги Шарон хурсанд шудам. Зеро вай қотил буд, қотили ҷони садҳову ҳазорҳо муслимин.

Сари ҳамин мавзуъ бо дӯстам Муродҷон баҳси тезутунд кардем. Гуфт, ки Шарон барои миллаташ хизматҳои арзишманд кардааст ва мо бояд хизматро аз ӯ биёмӯзем. Хизмат ба миллат ва халқи худро бояд аз чунин афрод биёмӯзем. Муродҷон бар ин назар аст, ки Шарон ҳар коре ҳам кард, аз муҳаббаташ ба яҳуд ва миллати яҳуд кард. Чаро тоҷик наметавонад ин гуна хизматро барои тоҷик анҷом диҳад? Ва мисол меовард, ки бештар аз бист сол ба инҷониб дар сари қудрати кишвар тоҷиконанд ва мисли пештара дастнигари Маскаву дигар мамлакат нестанд. Вале мебинем, ки боз ҳам коре тақрибан нашуд, ба ҷуз ҳисоботҳои дурӯғини идораҳо аз рушди саноату кишоварзӣ. Чаро тоҷики соҳибқудрати мо дар ҳақи миллат наметавонад кореро анҷом диҳад, ки Шарон дар Исроил анҷом дода буд? То ба кай мо ба хомӯш кардани оташи ҷанге, ки худамон сар карда будем, менозем?

Албатта, Муродҷонро то ҷое ҳақ медонам. Бахусус, дар мавриди хизмати нухбагон ба миллат. Вале Шарон ин ҳамаро бо рехтани хуни фаластинӣ анҷом дод ва хизмат ба яҳудро дар куштори мардону занон ва тифлону мӯсафедони араб медид, то ваҷаб ба ваҷаб хоки онҳоро тасарруф кунад ва яҳудиёни оламро ба як марказ гирди ҳам орад. Аз ин рӯ ман ба ҳамон ақидаи худ, ки Ариэл Шаронро душмани Ислому муслимин ва хуношом медонам, боқӣ мондам ва мемонам. Ва мақолаи "Зиндагӣ ва марги Шарон" маҳз дар ҳамин руҳия навишта шудааст.

Исломиддин Соҳибов, донишҷӯ

Дар телевизион баъзан намефаҳманд чӣ мегӯянд

"ТВ ва химия" аҷаб мақолаи хонданӣ буд дар шумораи ин ҳафтаинаи "Рӯзгор". Ташаккур ба муаллифи он. Ростӣ ман ҳам ин барномаро тамошо карда будам. То ҷое медонам, маъмулан барномаҳои телевизионӣ баъди тамошои мутахассисон ва масъулон ба экран роҳ меёбанд. Аммо иштибоҳи журналист ин бор аз чашми масъулин пинҳон мондааст. Сабаб чист?

Ба андешаи ман роҳбарияти имрӯзаи телевизиони кишвар бештар мекӯшанд дар барномаҳои хатоҳои сиёсӣ роҳ наёбанд, касе барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии кишварро зери суол набарад, касе аз соҳибмансабонро танқид накунанд, ки мушкил эҷод нашавад ва ғайраву ҳоказо.

Аммо барномаҳои интеллект-шоу ҷиддан тақризу таҳлил намешаванд. Он хатое, ки муаллифи мақола Сафаралӣ Раҷаб ёфтааст, хатои саҳл нест. Вале худи ҳамин масъулине, ки барномаро ба эфир иҷозат доданд, намедонанд, ки 20 миллион  моддаи химиявӣ вуҷуд надорад. Ин илм аст ва барои тамошову нақди он олими соҳа бояд мушовирӣ кунад ва ё ҳаддиақал муаллифи барномаро водор созанд, ки дар ҳамин гуна барномаҳое, ки саволҳои илмӣ дода мешаванд, мутахассисонро ҳам ҷалб намоянд, то иштибоҳ сар назанад. Мутаассифона, дар низоми телевизонҳои Тоҷикистон ин гуна нест. Ва Сафаралӣ Раҷаб ҳоло дар атрофи танҳо як барномаву як ё ду хато мақола навиштааст. Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои телевизионии мо 24 соат барномаҳо доранд. Агар ҳамаи онҳоро бинему нависем, саҳифаҳои нашрияҳо камӣ мекунанд.

Садорат Соҳибова, омӯзгор

 Бо Манучеҳр баҳс намекунам, вале маслиҳат медиҳам

Ба муаллифи номаи "Ман ҳам чизе мегӯям, вале Наргис наранҷад" Манучеҳр Муродалиев баҳс карданӣ нестаму лекин як маслиҳат доданӣ ҳастам. Забон бояд кӯчагӣ набошад. Ҳамон устод Камолиддинов, ки мисол овардааст, забони кӯчагиро хуш надорад. Агар мо дигарон намефаҳманд гуфта забона содда кардан гирем, сатҳаш поён меравад. Намедонанд, бигзор пурсанд аз дигарон ё луғат варақ зананд. Бо ин васила маънои як калимаро меёбанду умре фаромӯш намекунанд.

Ҷустуҷӯ накардан ин танбалист, Манучеҳр. Бовар кун. Ту агар худро фарҳангӣ ва китобхону рӯзномахон мегӯӣ, пас барои боло бурдани сатҳи забонии донишат низ талош кун. Аз ин зарар намебинӣ.

Ман ҳам омӯзгор ё донишҷӯ нестам, олим ҳам нестам. Корманди оддӣ, вале хонданро дӯст медорам. Калимаҳои зиёдро намефаҳмидам ва ҳоло ҳам ин гуна мушкил дорам, аммо ҷустуҷӯ мекунам, занг мезанам, мепурсам. Ин хубтар аз он аст, ки бо намефаҳмем журналистону адибонро маҷбур кунем, ки ба дарки мо наздиктар нависанд. Дар натиҷа онҳо низ мисли ману худат мешаванд. Адиб донишманд бошад, аз мо бештар бояд донад, ки мо аз ӯ омӯзем.  Гумон намекунам Наргис аз навиштаи ту ранҷида бошад. Ту ҳам аз ман наранҷ Манучеҳр. Биёмӯз, ин барои худат хуб мешавад.

Марям, Ваҳдат



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi