Асҳоби каҳф – II
Абдушариф Боқизода, махсус барои "Рӯзгор"
Асҳоби каҳф вақте аз хоб бархостанд, худро ба гунае вазнин ҳис карданд ва аз якдигар пурсиданд, ки чанд муддате дар он ҷо дар хоб монда бошанд ва худ ба худ гуфтанд, шояд рӯзе ва ё нимарӯзе дар он ҷо монда бошем. Эҳсоси гуруснагӣ карданд ва якеро бо пули нуқрае, ки ҳамроҳ доштанд, барои хариди таоме ба шаҳр фиристоданд ва ба вай таъкид карданд, ки эҳтиёт ва зиракиро аз даст надиҳад, то касе ҷои онҳоро пайхас накунад, зеро агар ба дасти душман афтанд, ё онҳоро сангсор менамоянд ва ё ба дини худашон бармегардонанд.
"Ва ҳамин тавр онҳоро (пас аз он хоби амиқ дубора) барангехтем, то дар миёни худ аз ҳам пурсиш намоянд. Гӯяндае аз онҳо пурсид, ки (дар ин ҷо) чанд мондед? Гуфтанд: Рӯзе ва ё қисмате аз рӯз мондаем. (Дар ниҳоят) гуфтанд: Парвардигоратон ба миқдори истодаи шумо огоҳтар аст.
Ҳоло якеатонро бо ин пули нуқраатон ба шаҳр фиристед, бубинад (дар он ҷо) чӣ таоми хубтаре аст, пас бароятон хӯрдание аз он биоварад, лекин ҳушёр ва боэҳтиёт бошад ва касеро бар шумо огаҳ насозад! Зеро онҳо агар ба шумо даст ёбанд, ё сангсоратон мекунанд ва ё ба дини худашон бармегардонанд ва дар он сурат дигар ҳаргиз растагор нагардед!". (18: 19, 20).
Мардуме, ки дар он замон ба гунае ба ин ҳодиса шиносоӣ ва наздикӣ доштанд, дар бораи адади Асҳоби каҳф низ бо ҳам ихтилофи назар доштанд ва бо пешгӯиҳои тахминӣ баъзе онҳоро ҳамроҳи сагашон чор тан, қисме аз мардум шаш тан ва порае ҳам ҳашт тан мегуфтанд. Худованд ин ҳадсу гумонҳои онҳоро ба боди интиқод кашида, Паёмбар (с) ва мусулмононро аз баҳсу мунозираи беҳосил дар ин бора боз медорад ва донистани шумораи дақиқи онҳоро ба илми худ бармегардонад. "Хоҳанд гуфт, ки се тан буданд (ва) чорумашон сагашон буд ва аз боби тахмини ба ғайб мегӯянд: Панҷ тан буданд (ва) шашумашон сагашон буд. Ва мегӯянд: Ҳафт тан буданд (ва) ҳаштумашон сагашон буд. Бигӯ: Парвардигорам аз шумораи онҳо бохабар аст, онҳоро намедонад, магар андаке. Пас дар бораи онҳо ҷуз ба зоҳир ҷидоле надошта бош ва дар бораи онҳо аз касе аз инҳо напурс!". (18: 22).
Ба гуфтаи Қуръон ҷуз чанд нафаре аз мардуми он замон шумораи Асҳоби каҳфро ба таври дақиқ намедонист. Ибни Аббос мегӯяд: Ман аз ҳамон андаке ҳастам, ки Худо онҳоро истисно намудааст ва адади дақиқи Асҳоби каҳфро медонам, онҳо ҳафт нафар буда ва ҳаштумашон сагашон буд, зеро Худо ду назари аввалро накӯҳиш намуда, пас аз зикри қавли сеюм чизе нагуфтааст.
Ба ҳар ҳол вақте мардум ва подшоҳи замон Асҳоби каҳфро зинда дарёфтанд ва намоиши қудрати Ҳақ таъолоро дар зинда гардонидани мурдагон бо чашмони худ диданд, Худо рӯҳи онҳоро қабз кард ва ба хоби абадӣ фурӯ рафтанд. Подшоҳ ва бузургони кишвар дари ғорро бастанд ва дар пеши он ибодатгоҳе бино карданд. "Пас гуфтанд: Бар (дари ғори) онҳо биное бисозед ва дари ғорро бибандед, Парвардигорашон аз (ҳоли) онҳо огоҳ аст. Онҳое, ки бар амри эшон ғалаба доштанд, гуфтанд: Бар (дари) онҳо масҷид ва ибодатгоҳе мегирем". (18: 21).
Хулоса, он ҷавонони муъмин дар он каҳф сесад сол ҳамчунон хобида боқӣ монданд ва нӯҳи дигар бар он афзуданд ва Худо миқдори дар ғор мондани онҳоро беҳтар медонад, зеро ғайби осмонҳо ва замин барои Ӯ маълум аст ва Ӯ касеро дар ҳукми хеш шарик намесозад. "Ва (он ҷавонони муъмин) дар ғорашон сесад сол (дар хоб) монданд ва нӯҳ (-и дигар бар он) афзуданд. Бигӯ: Худо ба миқдори истодаи онҳо огоҳтар аст, аз Ӯст ғайби осмонҳо ва замин, чӣ бино ва шунавост!. Онҳо ба ғайри Ӯ сарпарасте надоранд ва Ӯ дар ҳукми худ касеро шарик насозад". (18: 25, 26).
Сесаду нӯҳ сол он асҳоби каҳф,
Пешашон якрӯз бе андӯҳу лаҳф.
В-онгаҳе нанмудашон як рӯз ҳам,
Ки ба тан боз омад арвоҳ аз адам.
Мавлонои Рум
Зикри саги Асҳоби каҳф дар ин достон ба унсгирӣ, таълимпазирӣ ва вафодории он нисбат ба соҳибаш ишора дорад ва ба гунае ҳамкории вайро бо инсон дар корҳои хайр ифода мекунад ва Худованд ба поси ин садоқат вайро низ дар канори Асҳоби каҳф ба хоби амиқ фурӯ бурд. Саги Асҳоби каҳф дар адабиёти динӣ ва тасвирҳои бадеӣҷойгоҳи хосе дорад ва ба ҳайси махлуқе қаламдод шудааст, ки гавҳари некӣ ва пайравӣ аз аҳли имон вайро аз ҳайвоноти дигар мутафовит сохтааст. Шайх Саъдӣ дар бораи саги Асҳоби каҳф мегӯяд:
Писари Нӯҳ бо бадон биншаст,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асҳоби каҳф рӯзе чанд,
Пайи некон гирифту мардум шуд.
Достони Асҳоби каҳф ва эҳёи ҷисмонии он ҷавонони мӯъмин ҳаёти динӣ ва фарҳангу адабиёти қавмҳои пешинро, ки ҳамзамон ва ё пас аз онҳо зистаанд, зери таъсири ҷозибаи илоҳии худ қарор додааст ва то ҷое дар осори ривоӣ ва фарҳанги мардумии онҳо танидааст, ки ба достони онҳо пӯшиши устуравӣ низ додаанд ва дар сарзаминҳои гуногуне, чун Андалус, Осиёи сағир, Яман ва ғайра ҳуфраҳои даруни кӯҳҳо ва каҳфҳоеро ғори Асҳоби каҳф номидаанд. Шояд достони "хуфтагони ҳафтгонаи эфесӣ", ки дар Ғарб маъруфият дорад, бар ҳамин асос дар он ҷо роиҷ гашта бошад.
Достони Асҳоби каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форсу тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд.
Онҳо аслан аз ашрофзодагон, вазирон ва коргузорони раддаҳои болоии кишвар буданд, ки дар роҳи нашри арзишҳои имонӣ ва ислоҳи вазъи иҷтимоии кишвар аз баҳри мақому мансаб ва ҳама чиз гузаштанд.
Авлиё асҳоби каҳфанд, эй ануд,
Дар қиёму дар тақаллуб ҳам рукуд.
Эй басо асҳоби каҳф андар ҷаҳон,
Паҳлуи ту, пеши ту ҳаст ин замон.
Достони Асҳоби каҳф аз дидгоҳи Қуръон воқеияти таърихӣ буда, онро ҳафриёти бостоншиносӣ низ таъйид намудаанд. Дар худи Қуръон ва ривоятҳои суннат дар бораи таърихи вуқӯи ҳодиса ва мансубияти нажодии Асҳоби каҳф чизе наомадааст ва дар бораи ин ки дақиқан аз кадом дини осмонӣ пайравӣ мекарданд, ба ҷуз ин ки мӯъмин ва яктопараст буданд, низ маълумоте дода нашудааст. Ҳамчунин дар Қуръони карим ва ривоятҳои суннати набавӣ зикре аз номи онҳо наомадааст ва он аз назари мавзӯъбандиҳои қуръонӣ ва барномаҳои таълимии он аҳамияти баланди динӣ ва назокати маърифатие барои мусулмонон надорад, балки фурӯ рафтан дар он навъе абас ва талоши беҳуда низ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар чор мавриди мазкур - таърихи вуқӯъ, мансубияти нажодӣ, мансубияти динӣ ва баёни номҳои Асҳоби каҳф дар байни таърихнигорон ва ҳатто баъзе муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ҳамин чиз ба интишори ривоятҳои устуравӣ дар бораи онҳо дар миёни пайравони динҳо ва намояндагони тамаддунҳои гуногун мусоидат кардааст.
Вале дар ривоятҳои аҳли Китоб, ба хусус осори ривоии насрониён, номҳои Асҳоби каҳф ба тафсил зикр шудааст, ки ба забони юнонӣ аз: Ямлихо, Максималино, Маҳсамалино, Косотонис, Биронис, Динамос ва Колус иборат будаанд. Дар ин ривоятҳо номи саги онҳо "Қатмир" ва ё "Қитмир" низ омадааст.
Шояд аз тариқи ҳамин ривоятҳои аҳли Китоб бошад, ки баъдҳо ин номҳо ва баъзе тафсилоти дигаре дар бораи достони онҳо ба сарчашмаҳои динӣ ва адабиёти бадеии мусулмонон низ роҳ ёфтаанд. Таъсири фарҳанги динӣ, ривоятҳои устуравӣ ва осори нақлии аҳли Китоб ба сарчашмаҳои динӣ ва мероси адабии мусулмонон аз даврони насли дуюм ва сеюми уммати Ислом - тобеин ва табаатобеин кам-кам шурӯъ гардида ва пас аз он ба таври умумӣ вориди ҳавзаи фарҳангии онҳо гардидаанд.
-
22.06.2025 14:51
115
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
239
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
242
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
469
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
575
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
459
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
116
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
182
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
191
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
957
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1665
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3358
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
111
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
95
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
111
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
494
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
739
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
861
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
439
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
476
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
447
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
725
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
998
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1860
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
602
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
584
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1776
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2097
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2089
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2304
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
497
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
446
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
925
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3051
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3491
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3476
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
633
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
660
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
605
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?