20:27:09 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Номгузорӣ дар ислом

Худованди мутаъол инсонро пуршараф ва бо кароматтарин махлуқот офарид ва хитоб ба тамоми башар дар Қуръони карим гуфт: "Аллоҳ номҳои накӯи зиёде дорад"(ишора ба ояти 180 сураи Ал-Аъроф), шумо Ӯро бо ҳамон номҳо садо кунед".

iloveIslam-2014.jpgВақте Худои мутаъол мегӯяд, ки номҳои накӯи зиёде дорад, маънои онро дорад, ки ҳеҷ номи зиште ба Ӯ Таъоло сазовор нест ва инсонҳо низ ҳақ доранд бо пайравӣ аз ҳамон ояти карима барои худ ва фарзандонашон номҳои накӯе ихтиёр кунанд. Дар ривояте аз Расули Худо (с) ба ин мафҳум нақл шудааст: "Ҳаққи фарзанд бар падараш он аст, ки ӯро хуб тарбият кунад ва ба вай номи хубе бигузорад". Ва низ ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Шуморо дар рӯзи қиёмат бо номҳои худ ва номҳои падаронатон садо мекунанд, пас (барои худ ва фарзандонатон) номҳои нек интихоб кунед.

Уламои ислом ҳам дар адабиёти динӣ номи нек гузоштанро беҳтарин ҳадияи падар бар писар унвон кардаанд. Онҳо дар пайравӣ ба он ояи каримаи дар боло зикршуда, ҳадисҳои шариф ва ақволи бузургони Ислом ба мухлисону шогиродони худ тавсия додаанд, ки фарзандоҳояшонро тавре номгузорӣ кунанд, ки фардои қиёмат вақте онҳоро бо ҳамон номҳо фалон писари фалон гуфта садо карданд, аз номи худ ва падарашон дар маҳшари қиёмат хиҷолат накашанд.

Имом Бухорӣ ва Муслим аз Саҳл бин Соъидӣ ривоят кардаанд, ки: "Вақте Мунзир писари Абӯусайд таваллуд шуд, ӯро назди Расули Худо (с) оварданд, Паёмбар (с) нишаста буд ва бачаро бар рӯи зонуяш ниҳоданд, дар ҳоле, ки Абӯусайд нишаста буд. (Он замон) Паёмбар(с) ба коре банд буданд, Абӯусайд амр кард, то кӯдакро аз рӯи пойи он Ҳазрат(с) бардоранд.

Сипас Паёмбар (с) фармуданд, кӯдак куҷост? Абӯусайд гуфт: Эй Расули Худо! Кӯдакро баргардонидем. Паёмбар(с) пурсиданд, номаш чӣ буд? Гуфт: номаш фалонӣ буд. Паёмбар (с) фармуданд: на, балки номи ӯ Мунзир аст.

Ҳамчунин дар Саҳеҳи Муслим дар ҳадиси Сулаймон писари Муғира аз Собит аз Анас(р) нақл шудааст, ки Паёмбар(с) ба ин маънӣ (вақте писардор шудаанд) фармуданд: Имшаб бачаам ба дунё омад ва ӯро ба номи падарам Иброҳим номгузорӣ кардам.

Шариъати ислом барои номгузории фарзанд вақти зиёде дар ихтиёри мардум гузоштааст. Онҳо метавонанд аз замони вилодат то рӯзи ҳафтум барои навзодони худ номҳое хубе фикр карда гузоранд ва низ онҳое ҳам, ки бо сабабҳои мухталиф дар вақташ номи хубе барояшон интихоб нашуда буд, метавонанд дар давом умр номҳои нописанди худро ба номҳои дилписанд ва накӯ табдил намоянд. Чунин номивазкуниро дар ривоятҳои мухталиф рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.

Инчунин дини мубини ислом номҳои некро ба як замон, забон ва ё макони муйяне маҳдуд накарда, балки тамоми мардум ва пайравонашро дар ин маврид озод ва бидуни қайду шарте соҳибихтиёр қарор додааст. Номҳоеро ҳам, ки дар ривоятҳо зикрашон рафтааст, ё дар бораи онҳо чизе гуфта шудааст, ба истиснои баъзе номҳои мамнӯъшуда, ба монанди Аллоҳ-номи Худои ягон- дигар ҳама номҳо озод мебошанд. Аммо бо ин вуҷуд, дар ривояти Ибни Умар (р) омадааст: "маҳбубтарини номҳо назди Аллоҳ Таъоло Абдуллоҳ (бандаи Худо) ва Абдурраҳмон (бандаи Раҳмон, раҳмкунанда) мебошанд.

Дар Қуръони карим низ номҳои писаронае ба мисли номҳои чанде Паёмбарон: Мӯсо, Иброҳим, Исо, Муҳаммад, Аҳмад, Сулаймон, Идрис, Ҳорун, Ҳуд, Юсуф, Юнус, Закарийё, Солеҳ, Яъқуб ва низ Зайд ва вожаҳое, ки ҳамчун исм роиҷ шудаанд барои намуна Ёсин, Тоҳо ва сифатҳову вожаҳое, ки барои номгузории духтарон хеле истифода шудаанд: Марям, Олия, Заҳра (дар мо тоҷикон Зуҳро шудааст) Кавсар, Ҳоҷар, Ҳудо, Бушро, Розия, Марзия, Фирдавс - (ин ном дар тоҷикон аксар ба писарон таъаллуқ гирифтааст) ин дигар даҳҳо номҳо ва сифатҳое ҳастанд, ки хеле аз падару модарон онҳоро аз Қуръон барои фарзандҳояшон интихоб кардаанд.

Ҳоло дар бораи тағйир додани ном ва номи хонаводагӣ ба истилоҳ аз "тоҷикӣ" ба "исломӣ" ва ё баръакси он Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ сухани ҷолибе бо истинод ба ояти 13 сураи Ҳуҷурот гуфта буд, ки зикри онро инҷо ба маврид медонем: "Ман тағйири номҳои ба истилоҳ "тоҷикӣ" ва ё миллатҳои дигарро ба номҳои ба истилоҳ "исломӣ" зарур намеҳисобам, зеро дар ривоятҳои саҳеҳи исломӣ омадааст, ки яке аз вижагиҳои рақобати солими Паёмбарон дар рӯзи қиёмат ин ифтихор кардани эшон бо пайравони худ аз қавму миллатҳои гуногун аст. Вай таъкид дошт, ки ман низ ҷонибдори он ҳастам, ки фардо дар рӯзи қиёмат Паёмбари бузургвори ислом (с) бо садҳо ва ҳазорҳо Ҷамшеду Хуршеди тоҷик, Ивану Михаили рус ва ё Ҷону Майкли англис ва дигар дигарҳо, ки ҳама мусалмон бошанд дар рӯ ба рӯи дигар паёмбарон бо ин умматонашон ифтихор дошта бошанд".

 Ба назари Кабирӣ, мусалмон будану парҳезкорӣ кардан аз муҳаррамот бо маротиб авлотар аз он аст, ки кас ному насаби исломӣ дошта бошад, вале бар хилофи ислому алайҳи мусалмонон амал намояд. Вай гуфт, ки дар замони Паёмбар (с) даҳҳо касонеро метавон ёфт, ки исломро қабул карданд, вале номҳои қабилагии хешро тағйир надоданд. Барои мисол, Ваҳшӣ, қотили Ҳамза ва Мусайламаи каззоб-дурӯғгӯ, пеш аз исломовардан ва баъди мусалмон шудан бо ҳамон ном шинохта мешавад, на чизе дигар! Дар адабиёти исломӣ низ бар алайҳи тағйири ном накардани чунин афрод чизе гуфта нашудааст. Яъне, Ҳар чанд дар ривоёти ислом таъкид шудааст, ки беҳтарини номҳо онҳоеанд, ки дорои "Ҳамд" ва "Абд" бошанд, мисол: Аҳмаду Маҳмуд ва Абдуллоҳу Абдурраҳмон ва ғайра, лекин Ислом инсонро бо аъмолу рафтор ва хулуси нияташ бартарӣ медиҳад, на бо доштани номҳои зебову шинам ва маҳз исломӣ.

Номгузорие, ки ислом ба пайравонаш талқин кардааст, он ба таврест, ки мардум он номро зишт ва мавриди масхара қарор надиҳанд, кӯдак ҳам пас аз ба воя расиданаш аз номи худ хиҷолат накашад. Дар адабиёти исломӣ омадааст, ки фарзанд набояд аз номи гузоштаи падараш дар ҷомеа мавриди беэҳтиромӣ қарор гираду кароматашро зери суол бибарад ва мардум аз он сӯиистифода карда, бо алфоз лақабҳои гуногун соҳибашро масхара намоянд.

Дар ривояти Имом Тирмизӣ ва Ибни Моҷа омадааст, ки Ҳазрати Умари Форуқ духтаре доштанд, ки номаш Ъосия-саркаш, фармоннопазир-буд ва Ҳазрати Муҳаммад (с) номи ӯро ба Ҷамила (Зебо) тағйир доданд. Имом Абӯдовуд низ ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) ин номҳоро тағйир доданд: Ъосӣ, Ъазиз, Ъутла, Шайтон, Ҳакам, Ғуроб, Ҳаббоб ва ҳамчунин Абӯдовуд ривоят мекунад, ки номҳои зеринро Расули Худо бад ин гуна тағйир доданд: "Ҳарб"-ро, ки ба маънои ҷанг аст ба "Силм" мафҳуми он сулҳ аст, иваз карданд, "Музтаҷиъ"-( хобида)-ро ба "Мунбаъис"-(бапохеста, бархоста.) табдил доданд ва низ "Бани Аз-зания"-(фарзандони зино)-ро "Бани Ар-рушда"-(Фарзандони рушд ва омода) тағйир доданд.

Ном баёнгари такаббур, азамат ва хубинӣ набошад: дар ҳадисе саҳиҳ ривоят шудааст, ки Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд: Зиштарин ном назди Худованди Муттаъол дар рӯзи қиёмат мардест, ки худро Шоҳаншоҳ, Шоҳи шоҳон ном ниҳода бошад, дар сурате, ки фақат Худованди таъоло молик ва соҳиби ин ҷаҳон аст.

Ҳамзамон дар адабиёти динӣ-исломӣ зикр шудааст: Бар волидайн воҷиб аст, ки аз гузоштани номҳое, ки ба Худованди Таъоло ихтисос доранд, худдорӣ кунанд.

Масалан гузоштани (Асмоул Ҳусно)-Номҳои неки Худо дар шакли маърифа-муайянккунанда монанди Ал-Аҳад-Якто-ягона, Ас-Самад-бениёз, Ал-Холиқ-офаридгор, Ар-Раззоқ-рӯзидиҳанда, Ар-Раҳмон-раҳмкунанд, Ал-Муҳаймин, Ал-Ҷаббор, Ал-Мутаккабир, Ал-Борӣ ва ё дар номҳои хонаводагӣ ба кор бурдани монанди: Илоҳисонӣ, Раҳмонзода, Раҳмонӣ, Раҳмонинажод, Холиқӣ, Холиқнажод, Холиқ Наё, Холиқипур, Холиқзода, Холиқпур, Субҳонзода... ва амсоли онҳо ҳаром мебошанд. Ба ҳамин тартиб, номгузорӣ бо номҳое, ки хосси Худованд нестанд, аммо аломати маърифат(муайянкунанда) доранд, монанди Алъазиз, Алҳаким, Алъалий, Алъалим ва амсоли он ҷоиз нест, вале агар инсонҳо чунин номҳоеро ба шакли накира (номуайянӣ) барои худ ва фарзандҳояшон интихоб кунанд, ҳеҷ мушкиле надоранд ва ҳамон тавре, ки шоҳид ҳастем номҳое чун Алӣ, Ҳаким номи асҳоби Паёмбар буданд ва исмҳои дигар ба монанди: Азиз, Ҳалил, Рауф, Карим, Рашид, Ҳодӣ, Нофеъ ва амсоли он. Аммо суннат он аст, ки номгузории атфол бо яке аз номҳои паёмбарон, солеҳон, шаҳидон ва одамони наке сурат бигирад, то аз як тараф ёде аз бузургон гардад ва аз тарафи дигар сабаби ташвиқ ва тарғиб мардум дар тоату ибодат, мардонагиву шуҷоат ва тарбиятгари наслҳо бошад, на чизе дигар.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi