07:00:46 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳифзи суботи хонавода дар ислом-3

Аллоҳи пок дар беш аз 10 ҷои Қуръони карим оид ба тарс ҳамчун омили созандае дар ҳифзи суботи хонавода ишора карда, доруи ҳар дард ва ё чораи ҳар мушкилеро дар ин хусус хеле ҳакимона арзёбӣ кардааст, ки агар ҳар фарде дар зиндагӣ онҳоро сармашқи худ қарор бидиҳад, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар дунё ва охират касе домангираш нахоҳад шуд.

Тарс-Эҳтиром ва ибодат

oila-islom 65654122Аллоҳ таборака ва таъоло дар оғози сураи Нисо ба таври ом хитоб ба тамоми инсоният мефармояд: "Эй мардум (ҳоло мӯъмин, кофир ва ғайра нагуфта) аз Парвардигори худ битарсед, он Худое, ки шуморо аз як тан офарид ва ҳам аз он ҷуфти ӯро халқ кард ва аз он ду тан марду зани зиёдеро барангехт ва битарсед аз он Худое, ки ба номи Ӯ аз як дигар суол (дархост) мекунед ва низ аз қатъ кардани риштаи хешу таборӣ, ҳамоно Худованд назоратгари (аъмоли) шумо аст", (сураи Нисо, ояти 1).

Дар ин ояти карима вақте Худованди якто ду маротиба вожаи тарсро истифода кардааст, агар ба он бо диди тоза бинигарем, дар воқеъ чанд дарс бароям ироа кардааст, ки метавон аз онҳо барои ҳифзи суботи хонавода ба беҳтарин ваҷҳ истифода кард. Барои мисол, "Эй мардум" гуфта, зеҳни моро ба таърих ва оғози офариниши инсоният аз як ҷуфт- ҳамон оила ё хонавода- мебараду сипас ҳангоми зикри тарси дуввум ба пос доштани риштаи хешутаборӣ таъкид мекунад.

Донишмандони исломӣ бо истидлол ба ҳамин ояи карима ва таъкидҳои он қатъ кардани рафту омад ва ё монду гирифти хешу табориро байни хонаводаи зану шавҳар яке аз омилҳои хатарзо ва барҳамзанандаи ҳифзи суботи хонавода зикр кардаанд. Калимаи "рақиб"(назоратгар) ҳам дар охири оят чандин дарси дигареро ҳамроҳ бо худ дорад. Яъне, он зану шавҳаре, ки нисбат ба аъзои хонаводаи якдигар эҳтиром гузошта, онҳоро қадр мекунанд, агар Аллоҳи покро мадди назар дошта бошанд, дар баробари касби ризоият ҳамсар аҷру савобе ҳам хоҳанд гирифт.

Ин кори онҳо ҳамчун ибодат дар номаи аъмолашон сабт карда мешавад. Ҳамчунин онҳое, ки риштаи хешу табориро қатъ мекунанд, барои мисол, зану шавҳар аъзои хонавода ва хешу табори як дигарро чашми дидан надоранду нисбат ба онҳо ҳеҷ эҳтиромеро ҳам қоил намебошанд, дар баробари бедор кардани хашму то андозае нафрати ҳамсари худ, гуноҳе ҳам содир карда, фардои қиёмат барои ин рафторҳояшон низ ҷавоб хоҳанд гуфт.

Тарс-Инсоф ва адолат

Тарси ҳар инсоне, ки ҳамроҳ бо тақво ва парҳезкорӣ бошад, соҳибашро водор мекунад, ки кӯчактарин ва ё назарногиртарин омили осибпазери хонаводаро бартарф кунад.Худои карим мефармоянд: "Ва агар метарсед, ки (дар ҳангоми издивоҷ бо духтарони ятим) адолатро риоят накунед, (аз издивоҷ ба онҳо чашмпӯшӣ кунед ва) бо занони пок (-и дигар) издивоҷ намоед, ду ё се ё чаҳор ҳамсар. Ва агар метарсед адолатро (дар бораи ҳамсарон бештар) риоят накунед, танҳо як ҳамсар бигиред ва ё аз заноне, ки молики онҳоед, истифода кунед. Ин кор аз зулму ситам беҳтар пешгирӣ мекунад". (Нисо, ояти 3).

Қарду манзалати духтарони ятими покдоман дар назди Худои пок аз дигарон болотар аст. Аз инсоф нест, ки бо онҳо изидоҷ намуда, адолатро дар ҳаққашон риоя накунем. Духтарони ятим ба қадри суботи хонавода бештар аз дигарон хоҳанд расид. Ҳангоми издивоҷ интихоби ятим аз дигарон авлотар ва баракоташ дар зиндагӣ зиёдтар хоҳад буд.

Агар марде аз нигоҳи моддӣ ва таъмини ниёзҳои ҷинсии занон эҳсоси нотавонӣ мекунад, ба гирифтан зани дуввум ва саввум шитоб накунад, чун адолатро поймол ва оқибат аз ҷумлаи зулму ситамкорон хоҳад буд. Якказанӣ яке аз омилҳои шинохташудаи ҳифзи суботи хонавода аст. Тарки инсофу риоя накардани адолат дар умури хонаводагӣ мардро золим ва зиндагиашро ба нокомӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аллоҳ Таъоло ба таъкид дар ояти 9 ҳамин сураи Нисо дар ин бора мефармоянд: "Касоне, ки агар фарзанди нотавоне аз худ ба ёдгор бигузоранд, аз ояндаи онҳо метарсанд, бояд (аз ситам дар бораи ятимони мардум), битарсанд! Аз (мухолифти) Худо бипарҳезанд ва сухани устуворе бигӯянд".

Тарс аз фош шудани сирри хонаводагӣ ва ҷудоӣ

"Ва агар аз ҷудоӣ ва шикоф миёни он ду (ҳамсар) хавф дошта бошед, як довар аз хонаводаи шавҳар ва як довар аз хонаводаи зан интихоб кунед, (то ба кори онон расидагӣ кунанд). Агар ин ду довар тасмим ба ислоҳ дошта бошанд, Худованд ба тавофуқи онҳо кӯмак мекунад, зеро Худованд Доно ва Огоҳ аст (ва аз ниятҳои ҳама бохабар аст)". (Нисо,ояти 35).

Агар тарси онро дошта бошед, ки сирри хонаводагиатон фош нашавад, ҳангоми низоъҳои хонаводагӣ як мардеро аз тарафи зан ва як мардеро аз ҷониб мард барои хомӯш кардан ва ҳаллу фасл кардани мушкилоти хонаводагӣ интихоб кунед. Агар одамони интихоб кардаи шумо дар воқеъ хайри шуморо бихоҳанд, Худованд кори онҳоро бобаракат карда, ба ҳамин восита имкони ислоҳи он ҳамсари ба қаҳру ғазаб ва ё ба шӯр омада ислоҳ шуда, конуни гарми зиндагиашон аз байн намеравад.

Худо ба мо мефаҳмонад, ки мушкили хонаводагиатонро дар ҳол ба суду прокурор накашед, зеро сирратон фош шуда, обурӯ ва ҳайсияти хонаводагии худатонро аз байн мебаред. Ӯ таъоло пеш аз сар задани ҳодисае моро ба ҷустуҷӯи роҳҳалҳои он раҳнамуд месозад, то пеш аз ҷудоӣ ба дар бораи онҳо низ биандешем.

Қуръони карим дар ҳамин мавриди тарс ва фош шудани майлу хостаҳо ва розҳои хонаводагӣ фармудааст: (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ба он кас, ки Худованд ба ӯ неъмат дода буд ва ту низ ба ӯ неъмат дода будӣ, (ба фарзандхондаат "Зайд") мегуфтӣ: "Ҳамсаратро нигоҳ дор ва аз Худо бипарҳез". (Ва пайваста ин амрро такрор мекардӣ) ва дар дил чизеро пинҳон медоштӣ, ки Худованд онро ошкор мекунад ва аз мардум метарсидӣ, дар ҳоле, ки Худованд сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Ҳангоме, ки Зайд ниёзашро аз он зан ба сар овард (ва аз ӯҷудо шуд), мо ӯро ба ҳамсарии ту даровардем, то мушкиле барои мӯъминон дар издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон - ҳангоме, ки талоқ гиранд - набошад. Ва фармони Худо анҷомшуданӣ аст (ва суннати ғалати ҳаром будани ин занон, бояд шикаста шавад).

Тарс аз нофармонӣ ва саркашӣ

"Мардон, сарпарасту нигаҳбони занонанд, ба хотири бартариҳое, ки Худованд (аз назари низоми иҷтимоъ), барои баъзе нисбат ба баъзе дигар қарор додааст ва бахотири инфоқҳое, ки аз амволашон (дар мавриди занон) мекунанд. Ва занони солеҳа, заноне ҳастанд, ки мутавозеъанд ва дар ғиёб (-и ҳамасари худ) асрору ҳуқуқи ӯро дар муқобили ҳуқуқе, ки Худо барои онҳо қарор додааст, ҳифз мекунанд.

Ва (аммо) он даста аз занонеро, ки аз саркашӣ ва мухолифаташ хавф доред, панду андарз диҳед (ва агар муассир воқеъ нашуд), дар бистари аз онҳо дурӣ намоед ва (агар ҳеҷ роҳе ҷуз шиддати амал, барои водор кардани онҳо ба анҷоми вазифаҳояшон набуд), онҳоро танбеҳ кунед. Ва агар аз шумо пайравӣ карданд, роҳе барои таҷовуз бар онҳо наҷӯед.

(Бидонед), Худованд баландмартаба ва бузург аст. (Ва қудрати ӯ болотарини қудратҳост)", Нисо,ояти 34). Заноне, ки солеҳа нестанд, аз онҳо дар бораи ҳифзи асрори хонаводагӣ хелеҳо нигаронанд. Интихоби занони солеҳа барои ҳар марде хушбахтиовар буда метавонад, зеро онҳо "дар ғиёб (-и ҳамасари худ) асрору ҳуқуқи ӯро дар муқобили ҳуқуқе, ки Худо барои онҳо қарор додааст, ҳифз мекунанд". Занони бадкору бадкирдор ҳифзи суботи хонаводагии мардро ба монанди занони покдоману порсо таъмин карда наметавонанд, чун аз фармони эшон итоат нахоҳанд кард, "Ва (аммо) он даста аз занонеро, ки аз саркашӣ ва мухолифаташ хавф доред".

Панду андарз беҳтарин шакли мубориза бо тарс бар алайҳи нофармонӣ кардани зан аз шаҳвар дониста шудаанд. Ҳар шавҳаре, ки суботи хонаводагӣ барояш хеле муҳим аст, бояд пеш аз ба кор бурдани василаҳои сахтгуфториву таҳдид, дашному ҳақорат ва ё даст бардоштан болои зан бистари хобашро аз ҳамсараш ҷудо кунад, зеро танҳо будани зан дар бистар барояш хеле таъсиргузор аст. Агар баъди он ҳам тарси саркашӣ ва нофармонӣ кардани зан шуморо нигарон кунад, ҳақ надоред, ки онҳоро зада маҷрӯҳ созед, балки вазифаи ҳар марде танбеҳ кардани зан аст, на чизе зиёдтар аз он.

Ҳамчунин агар занон ҳам аз шавҳарони худ чунин тарсе дошта бошанд, бояд ба ин гуфтаи Аллоҳи пок нахуст таваҷҷуҳ бифармоянд: "Ва агар зане, аз туғёну саркашӣ ё пушт гардондани шавҳараш тарс дошта бошад, монее надорад, бо ҳам сулҳ кунанд (ва зан ё мард, аз порае аз ҳуқуқи худ, ба хотири сулҳ сарфиназар намоянд). Ва сулҳ беҳтар аст, агар чӣ мардум (мувофиқи ғаризаи дӯстдоштани худ, дар ин гуна мавридҳо) бухл меварзанд. Ва агар некӣ кунед ва парҳезгорӣ пеша созед (ва ба хотири сулҳ гузашт намоед), Худованд ба он чӣ анҷоммедиҳед, огоҳ аст (ва подоши шоиста ба шумо хоҳад дод)", (Нисо, ояти 128).

Тарс аз поймол кардани ҳудуди Илоҳӣ

Пас аз зикр омилҳое чанд, ки дар бораи баъзеашон гуфтем, бояд нисбат ба ин ояти карима ҳам дар ин ҳамин мавзӯъ андеша кунем. Аллоҳи пок мерафояд: "Талоқ, (талоқе, ки руҷӯъ ва бозгашт дорад), ду мартаба аст. (Ва дар ҳар мартаба), бояд ба таври шоиста ҳамсари худро нигаҳдорӣ кунад (ва оштӣ намояд) ё бо некӣӯро раҳо созад (ва аз ӯҷудо шавад). Ва барои шумо ҳалол нест, ки чизе аз он чӣ ба онҳо додаед, пас бигиред, магар ин ки ду ҳамсар (зану шавҳар) битарсанд, ки ҳудуди илоҳиро барпо надоранд.

Агар битарсед, ки ҳудуди илоҳиро риоят накунанд, монее барои онҳо нест, ки зан фидя ва ивазе бипардозад (ва талоқ бигирад). Инҳо ҳудуд ва марзҳои илоҳӣ аст, аз он таҷовуз накунед. Ва ҳар кас аз он таҷовуз кунад, ситамгар аст". (Бақар, ояти 229). Амал кардан дар доираи ҳудуди Худовандӣ маънои пойбанд будан ба шариъати волои муҳаммадиро дорад. Онҳое, ки аз Худо тарсида, хавфи онро доранд, ки мабодо ба нафси худ ва ё касе дигар ба мисли ҳамсаронашон зулму ситам мекунанд, набояд ҳангоми талоқ, ҳудуди Худовандиро нодида бигиранд.

Дар ҳолати нотавонии мард зан ҳам метавонад бо пардохти мол ва ё муомалае аз шаҳвараш талоқ бигирад. Онҳое, ки даъво мекунанд, ки танҳо мард аст, ки ҳамсарашро талоқ медиҳад, ва ё риштаи талоқ танҳо дар дасти мард аст, иштибоҳ мекунанд, чун ки дар ҳамин ояти карим зикр шудааст: Агар битарсед, ки ҳудуди илоҳиро риоят накунанд, монее барои онҳо нест, ки зан фидя ва ивазе бипардозад (ва талоқ бигирад)

Тарси Худо ҳамроҳ бо иззату эҳтироми ҷудоӣ

Аллоҳи пок дар дар ҳамин мавриди тарс низ дар сураи Талоқ гуфтааст: Ва чун иддаи (муҳлати бемории занон) онҳо тамом шуд, онҳоро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онон ҷудо шавед ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ гиред ва шаҳодатро барои Худо барпо доред. Ин чизе аст, ки мӯъминони ба Худо ва рӯзи қиёмат ба он андарз дода мешаванд. Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд роҳи наҷот барои ӯ фароҳам мекунад.

Ва ӯро аз ҷое, ки гумон надорад рӯзӣ медиҳад. Ва ҳар кас бар Худо таваккул кунад, кифояти амрашро мекунад. Худованд фармони худро ба анҷом мерасонад ва Худо барои ҳар чизе андозае қарор додаст. Ва аз занонатон онон, ки аз одати моҳона маъюсанд, агар дар вазъяити онҳо (аз назари бордорӣ) шак кунед, иддаи онон се моҳ аст ва ҳамчунин онҳо, ки одати моҳона надидаанд. Ва иддаи занони бордор ин аст, ки бори худро бар замин бигузоранд.

Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд корро бар ӯ осон месозад. Талоқ, оятҳои 2-3-4). Пас аз зикри ин ҳама тарсу хавф чунин бардошт бояд кард, ки агар ҳар ҳамсаре бо ба кор гирифтани омилҳо ва роҳҳалҳои пешниҳодкардаи Қуръони карим низ муваффақ нашуд, ки оилаи худро нигаҳ бидорад, бидуни зулму ситам аз ӯҷудо шуда, донад, ки "Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд роҳи наҷот (роҳи муваффақият дар зиндагӣ) барои ӯ фароҳам мекунад".

Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi