ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-9
ДАР БАЁНИ ҲИЛМУ ТАМКИНИИ
ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Аз Язид ибни Ҳорун овардаанд, ки гуфт: «Имоми Аъзам дар нигоҳ доштани забони хеш, дар фазл ва дину тақво дар ниҳояти бузургворӣ мебошад. Мисли ӯ дар ҳилм касеро надидаам». Рӯзе шахсе ба Имоми Аъзам суханони қабеҳ гуфтан оғоз кард. Имоми Аъзам дар ҷавоб гуфт: «Худои таъоло туро мағфират кунад, он чӣ мегӯӣ, Ӯ худ медонад».
Абдураззоқ мегӯяд: «Рӯзе дар масҷид-ул-ҳайф бо Имоми Аъзам нишаста будем. Шахсе аз аҳли Басра масъалаеро аз Имоми Аъзам пурсон шуд, Имоми Аъзам ба он ҷавоби муносиб дод. Он шахс эътироз намуд, ки ҷавоби шумо ба ҷавоби Ҳасан мухолиф аст. Имоми Аъзам гуфт: «Ҳасан хато кардааст». Он шахс ғавғо бардошт ва суханони носазо гуфтан оғоз кард. Имоми Аъзам бо мулоиматӣ гуфт: «Оре, Ҳасан хато кардааст, аммо ривояти Ибни Масъуд савобтар аст».
Аз Имоми Аъзам меоранд, ки гуфт: «Шахсе, ки бар ман бадӣ кардааст, ман бар ӯ бадӣ накардаам. Ҳаргиз ба касе лаънат нагуфтаам ва дар ҳаққи мусалмоне зулму фиреб пеш нагирифтаам». Шахсе аз Имом Саврӣ ба Имоми Аъзам шикоят кард, ки илмро аз шумо омӯхт, вале аз шумо шиква мекунад. Имоми Аъзам фармуд: «Худои таъоло Савриро дар раҳмати худ нигоҳ дорад, зеро Имом Саврӣ бузургворест ғанимат».
Дар ҳамсоягии Имоми Аъзам бадмасте буд, ҳар вақте ки бо Имоми Аъзам дучор меомад, дар шаъни Имом шеърҳои хаҷвӣ мехонд ва нағмаҳо мекард. Шабе овози он бадмаст аз хона набаромад. Имоми Аъзам аз ҳамсояи дигар пурсид, гуфт, ки миршаб ӯро ҳабс кардааст. Пагоҳӣ Имоми Аъзам ба асп савор шуда, назди амир рафта гуфт:
«Дар ҳамсоягии май косиби бечорае ҳаст ва ӯро дирӯз бо боҳонае ҳабс карданд» аз ташрифи қадами мубораки он ҳазрат амир ӯро халос кард. Дар ҳоле, ки Имоми Аъзам ба асп савор мешуд, он ҳамсоя назди эшон омада гуфт: «Худои таъоло бар шумо ҷазои хайр диҳад, аз беодобии хеш нисбати шумо тавба кардам». Баъд аз он ба маҷлиси Имоми Аъзам пайваст ва дар охир фақеҳи хубе шуд.
Валид ибни Қосим ва Исом овардаанд, ки ҳеҷ устод мисли Имоми Аъзам нисбати шогирдон мушфиқу меҳрубон ва ғамхору чорасоз набуд. Чунончи агар дар рӯи шогирде пашша нишинад, машаққати он ба Имоми Аъзам зоҳир мешуд. Рӯзе шогирди эшон аз баландие афтода, оҳу нола мекард. Имоми Аъзам бо ёрон дар масҷид нишаста буданд, баробари шунидани нолаи шогирд пои бараҳна аз ҷой бархоста, ба сари болини ӯ шитофтанд ва дар гиря шуда гуфтанд: «Агар мумкин мебуд, озори ӯро ман ба худ мегирифтам».
Шахсе ба Имоми Аъзам гуфт, ки аз номи шумо ба фалон бой мактубе навиштаам ва ӯ ба ман чор ҳазор танга бахшид. Имоми Аъзам гуфт: «Агар манфиате ёфта бошӣ, ман ҳам хурсанд хоҳам буд».
Рӯзе Имоми Аъзам ба дарс гуфтан машғул буд. Шахсе омада ба Имом суханони носазо гуфтан оғоз кард, вале Имоми Аъзам ба он аҳамият надода, дарсро ба охир расониданд ва равонаи хона гаштанд. Он шахс то дари хонаи Имом бо ҳамон лаҳни носазо меомад. Вақте, ки Имом ба дари хонаи хеш расиданд, ба вай нигоҳ карда гуфтанд: «Ин хонаи ман аст, агар дар дил боз суханони қабеҳ дорӣ баргӯӣ, то бо ту боқӣ намонд!» Он шахс аз кардаи худ пушаймон ва шармсор шуда баргашт.
Аз Имоми Аъзам ҳикоят карданд, ки гуфт: «Дар ҳаққи устодам – Ҳаммод разияллоҳу анҳу баробари падару модарам дуъо мекунам ва аз Худои таъоло мағфират металабам. Ба ҷониби хонаи устодам Ҳаммод пой дароз накардаам, агарчанде хонаи эшон аз хонаи ман ҳафт кӯча дур буд».
Халифа Ҳорун-ар-Рашид аз Абуюсуф хоҳиш намуд, ки авсофу атвори устодаш Абӯҳанифаро баён кунад. Имом Абӯюсуф гуфт: «Эй амиралмуъминин, дар шахсияти устодам донистаи ман ин аст, ки аз ҳаромкардаи Худои таъло гурезон ва сахт парҳезкор буданд. Дар аҳкоми шариати ислом ҳаргиз надониста сухан намекарданд ва аз эшон гуноҳе, содир намешуд. Аз аҳли дунё гурезон ва ҳамеша сукут ихтиёр намуда, хомӯш буданд.
Дар илм мисли дарё азим буданд. Пеш аз ҷавоби ягон масъала бисёр таҳқиқ карда, баъд бо исботҳои комил ҷавоб мегуфтанд ва агар исбот пайдо набошад, ба Ҳақ қиёс менамуданд. Дар нигоҳдошти нафс ва дини худ сахтгир ва илми хешро аз мардум дареғ намедоштанд. Ҳамеша аз моли худ бахшишҳо мекарданд. Аз ҳеҷ кас умедвор набуданд ва зиндагии бетамаъ доштанд. Хушсухан, хушмуомила буда, асло беҳуда сухан намегуфтанд».
Ҳорун-ар-Рашид гуфт: «Ин сифатҳо ахлоқи ҳамидаи солеҳон аст». Аз Имом Маъофии Мусалло меоранд, ки гуфт: «Дар Имоми Аъзам даҳ хислатҳои писандида ҷамъ гашта буд: вараъ, сидқ, иффат, мадорату-н-нос, маваддати содиқа, иқбол ала мо янфаъ (яъне ба нафъи мардум рӯй овардан), тулуъ-с-самт (яъне бисёр хомӯш будан), суханони босавоб, дар ҷавоби бадӣ некӣ кардан, тамаъ надоштан».
Агар аз ин даҳ хислатҳое, ки Имоми Аъзам доштанд, яке дар каси дигар бошад, роҳбар қабила хоҳад шуд. Ибни Намир гуфт: «Шогирдони Имоми Аъзам: Зуфар, Довуди Тойӣ ва Қосим ибни Мӯъин масъалаеро байни худ бо овози баланд баҳсу мунозира мекарданд. Баъдан Имоми Аъзам ба ҳаллу эзоҳи масъала мепардохт ва шогирдон бо оромӣ гӯш медоданд. Вақте, ки масъала ҳалли худро меёфт, онгоҳ ба масъалаи дигар мегузаштанд».
(идома дорад)
-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
425
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
314
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
346
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
406
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1369
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
108
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
287
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
184
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
872
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2278
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2340
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
504
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1125
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1345
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4393
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































