Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям. Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид мебошанд.
Дар доираи риояи фаризаҳои зикршуда бояд донист, ки ба ҷой овардани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки шароити мусоиди зиндагӣ ва имкониятҳои васеи моддиву молӣ доранд. Шахсоне, ки чунин шароиту имкониятро надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ мекашанд, барои онҳо қурбонӣ кардан ва додани дигар садақаву хайрот дуруст нест.
Онҳо метавонанд бо рафтору кирдори писандида ва одобу ахлоқи ҳамида савобу баракати арзандае ба даст оваранд. Баръакс, онҳое, ки дорои имконияти фарохи моддӣ ҳастанд, бояд як ҳиссаи гӯшти қурбонӣ ва дигар хайроту садақаи худро ба чунин шахсон, яъне ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат диҳанд.
Ҳамватанони азизи мо бояд донанд, ки масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани гӯшти чорвои қурбоникардашуда дар ояти 36 сураи Ҳаҷҷи Қуръони маҷид баён шудааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”.
Яъне гӯшти чорвои қурбоникардашуда бояд барои таъмини эҳтиёҷоти оила ва ҳиссаи дигараш барои кумак ба муҳтоҷон сарф карда шавад. Дар аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми анҷом додани қурбонӣ танзим шудаанд.
Ҳамчунин, мехоҳам як нуктаи муҳимро, ки ба оростани дастурхони идона вобаста мебошад, бори дигар таъкид намоям. Баъзеҳо дар ҷомеаи мо то ҳанӯз ҳангоми оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ медиҳанд ва ба ин васила ба буҷети оилаи худ зиён ворид менамоянд.
Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди саид, аз ҷумла хоксориву фурӯтанӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ фаромӯш мешаванд ва ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад.
Доир ба масъалаи роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ дар оростани ҳама гуна дастурхон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ – Имом Абӯҳанифа аз ҳадисе ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи саҳобаи пайғамбар Ҷобир ибни Абдуллоҳ ёдовар шудааст, ки чунин аст: - “Ҳамоно пайғамбари Худо моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”.
Аз ин рӯ, ҳангоми омодагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид ва пазироии меҳмон исрофкориву зоҳирпарастӣ ва кӯшиши аз дигарон беҳтару бартар буданро бо анъанаву ойинҳои миллати бостонии тоҷик ва арзишҳои имониву эътиқодӣ вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ аст. Арзишу муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд.
Баръакс, мо бояд дар рӯзҳои баргузории ин иди саид ба ҷанбаи маънавии масъала аҳаммияти зарурӣ диҳем.Мардумро аз вазъи кишварҳои мусулмонӣ, низоъҳои байнимазҳабӣ, равандҳои сиёсисозии ислом ва ниятҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ воқеъбинона огоҳ кунем.Дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон ба масъалаҳои дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум, дастовардҳои истиқлолият ва иззату эҳтиром кардани падару модар ва калонсолон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.
Дар ин замина шахс метавонад корҳоеро анҷом диҳад, ки дар дафтари аъмолаш ба таври ҳамешагӣ ҳамчун садақаи ҷория сабт мегардад.Вобаста ба истиқболи сазовори сисолагии истиқлолияти давлатӣ як идда шаҳрвандони огоҳи мо пасандоз ва маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои адои корҳои хайр, аз қабили бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, сохтани роҳу пулҳо, таъмини мардум бо оби нӯшокӣ, аз худ кардану обод намудани заминҳои нав, беҳтар сохтани шароити манзили зисти хеш ё ёрӣ додан ба шахсони камбизоат, яъне ба корҳое, ки тибқи аҳкоми шариат савоби ҷория мебошанд, сарф карда истодаанд.
Баракати ин гуна саҳмгузорӣ ва корҳои писандида ҳам ҷамъият ва ҳам шахсиятро тарбият мекунад ва боиси тақвияти пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Рукни асосии иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад.Вале як бор анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом барои ҳар фарди мусулмон ба шарте тавсия шудааст, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имконияти молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштани ӯ наздиконаш аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рӯзғор ҳеҷ танқисӣ надошта бошанд.
Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки барои рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон ба заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиб гузорад.
Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ саъю талоши хешро дар роҳи тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон ва давлати соҳибистиқлоламон дареғ нахоҳанд дошт.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии иди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати зиндагӣ, хонаи обод ва ризқу рӯзии фаровон орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон
-
22.03.2026 15:28
375
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
366
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
489
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
04.05.2026 23:37
243
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
321
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
01.05.2026 02:37
382
22 июни 1941 – Рӯзе, ки ҷаҳон тағйир ёфт
-
15.03.2026 21:05
172
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
891
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
911
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
623
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1295
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2233
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
06.05.2026 14:15
182
«Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ иҷро мешавад!»
-
06.05.2026 14:14
184
“Мубориза бо коррупсия вусъат меёбад!”
-
05.05.2026 00:03
187
“Замин ба назорат ниёз дорад!”
-
19.03.2026 23:09
459
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
467
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
444
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
795
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1125
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1071
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2208
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2280
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3295
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
432
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1798
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1923
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
900
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1090
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1076
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
215
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1287
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1624
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4307
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4534
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4829
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































