17:46:51 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Феврал 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТЕЛЕВИЗИОН ВА РӮЗА

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ

Суол: назари шариъати ислом роҷеъ ба нигоҳ кардани шахси рӯзадор ба телевизион дар моҳи рамазон чӣ гуна аст?

/images/stories/2011/08/08_televizion_8.8.2011.jpgҶавоб: Телевизион яке аз васоиле аст, ки ҳам дорои хайр ва ҳам дорои шарр аст. Расонаҳо ҳар як аҳдоф ва мақосиде доранд, телевизион низ монанди радиову рӯзнома ва … мебошад, ки ҳам нукоти хубу омӯзанда ва  ҳам бадомӯзӣ дар он вуҷуд дорад. Мусалмонон  хоҳ рӯзадор бошанд ва хоҳ рӯзадор набошанд, бояд аз матолиби омӯзандаи он баҳраманд гарданд ва аз бадомӯзиҳо иҷтиноб варзанд, албатта, мусалмони рӯзадор бояд иҳтиёти бештаре бикунад, ки мабодо рӯзааш табоҳ ва зоеъ шавад ва аз аҷру савоби Худованди мутаъол маҳрум гардад.

Бинобар ин, тамошо кардани телевизионро на мегӯям ҳалолои мутлақ аст ва на мегӯям ҳароми мутлақ аст, балки тамошо кардани он тобеъи ҳадаф ва мақсадест, ки бинанда дорад, агар хайр бошад, монанди барномаҳои мазҳабӣ ва динӣ, ахбор ва дигар барномаҳое, ки дар ҷиҳати хайр ҳастанд, нигоҳ кардану шунидани онҳо ҷоиз ва раво мебошад ва агар бадомӯзӣ ба ҳамроҳ дошта бошад, ҳаммонанди дидани раққосони бебанду бор ва монанди он  нигоҳ кардан ба он ҳамеша ҳаром мебошад ва мусалламан ҳурмати он дар моҳи рамазон бештар аст. Тамошо кардани баъзе барномаҳо ва саҳнаҳо низ макрӯҳ мебошад, агар чӣ ба ҳадди ҳурмат нарасад.

Усулан, ҳар василае, ки инсонро аз ёди Худо боз дорад, ҳаром аст. Бинобар ин, ҳар гоҳ нигоҳ кардан ба телевизион ё гӯш додан ба радио ва амсоли он, инсонро аз анҷоми воҷибе, ки Худованд бар бандагонаш муқаррар фармудааст, монанди намоз ва соири воҷибот боз дорад, ҳаром мебошад. Худованди мутаъол ҳангоме, ки иллати таҳрими шаробу қиморро баён мефармояд, яке аз иллатҳои ҳурмати онҳоро тарк ё ғофил шудан аз намозу ёди Худо унвон карда, ҳушдор додаст ва мефармояд: «Иннама йуридуш шайтону ан йуқиъа байнакумул ъадовата вал бағзоа фил хамри вал майсири ва ясуддакум ъан зикрил Лоҳи ва ъанис салот фаҳал антум мунтаҳуна» (Ҳамоно шайтон мехоҳад  бо шаробу қимор, миёни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боз дорад пас оё шумо даст бар медоред?),{Моида, ояи 91}.

Бар масъулон ва гардонандагони радио ва телевизион лозим аст дар барномаҳои доимие, ки барои мардум, ба хусус дар моҳи мубораки Рамазон пахш мекунанд, тақвои Илоҳиро дар назар дошта бошанду риъояти эҳтироми моҳи мубораки Рамазонро бикунанд ва дар тоъату ибодат ёру ёвари бандагони Худо ва тарвиҷкунандаи хайроту некиҳо бошанд, то бори гуноҳи худ ва бинандагонро ба дӯш накашанд, ҳамчун касоне, ки Худованди мутаъол дар бораи онон мефармояд:

«Лияҳмилу авзораҳум комилатай явмал қиёмати ва мин авзорил лазина йузиллунаҳум биғайри ъилмин ало соа мо язируна»(То рӯзи қиёмат бори гуноҳони худро тамом бардоранд ва низ бахше аз бори гуноҳони касонеро, ки надониста ононро гумроҳ мекунанд. Огоҳ бошед чӣ бад бореро мекашанд),{Наҳл, ояи 25}.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi