22:43:45 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БЕРУН ШУДАНИ ЗАНОН АЗ МАНЗИЛ БАРОИ АДОИ НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ

Суол: Баъзе аз занони мусалмон алоқаи хоссе ба хондани намози таровеҳ дар масҷид доранд ва баъзе аз онон бидуни иҷозаи шавҳаронашон барои хондани ин намоз аз хона берун меоянд, ё дар масҷид, ҳангоме, ки ба гуфтугӯ мепардозанд, садои онон шунида мешавад. Ҳукми ин намоз барои онон чи гуна аст? Ва оё намози таровеҳ барои онон воҷиб аст?

/images/stories/2011/08/08_teravih_target_8.8.2011.jpgҶавоб: Намози таровеҳ на барои занон ва на барои мардон, барои ҳеч кас воҷиб нест, балки як намози мустаҳаббе аст ва назди Худованд дорои арзиши воло ва савобе фаровон аст. Бухорӣ ва Муслим аз Абӯҳурайра ривоят мекунанд, ки Паёмбар(с) мусалмононро ба анҷоми он дастур медод ва мефармуд: «Ман қома рамазона имонан ва иҳтисобан ғафарал Лоҳу лаҳу мо тақаддама мин занбиҳӣ»( Касе, ки шабҳои моҳи рамазонро аз рӯи имону ихлос ба намоз бигузаронад, гуноҳони гузаштааш ҳама омурзида мешавад).

Касе, ки намози таровеҳро бо хушӯъу оромиш ва аз рӯи имону ихлос бихонад ва намози субҳро низ дар вақти худаш адо намояд, ангор шабҳои моҳи рамазонро ба намозу ибодат гузаронидааст ва аҷру савоби қоимин(шабзиндадорон)-ро доро мебошад. Ин ҳукм шомили тамомии мардону занон мешавад, ҷуз ин ки намоз хондани занон дар манзил беҳтар аз намоз хондани онон дар масҷид аст. Магар ин ки рафтани онон ба масҷид илова бар адои намоз, фавоиди дигаре аз ҷумла шунидани мавъиза, ё ёдгирии илму дониш ва дин ва ё шунидани Қуръон аз қории хошеъ ва бо ихлос ва … дошта бошад, ки дар ин сурат, рафтани онон ба масҷид беҳтар ва сазовортар аст.

Ба вижа, дар ин асри ҳозир, ки бештари мардон ба занонашон масоили диниро омӯзиш намедиҳанд ва агар дар баъзе маворид бихоҳанд ононро омӯзиш диҳанд, тавонойии лозимро барои тафҳими масоили динӣ ва мавъизаи ононро дар худ суроғ надоранд ва чун барои ваъз  ва насоиҳи динӣ ҷуз масҷид макони дигаре боқӣ намонда бинобар ин, шоиста аст, иҷоза дода шавад, ки аз ин фурсат истифода намоянд ва миёни онон ва хонаи Худо ҳоил ва монеъе эҷод нашавад, ба хусус бисёре аз занони мусалмон ҳар гоҳ дар хонаҳояшон боқӣ бимонанд, шавқу рағбате барои хондани намози таровеҳ- ба сурати танҳоӣ- нишон намедиҳанд, бар хилофи замоне, ки ҳозир дар ҷамоъат дар масҷид бошанд.

Албатта, хориҷ шудани зан аз хона, ҳатто агар ба сӯи масҷид ҳам бошад, бояд бо иҷозаи шавҳараш бошад, зеро, ки мард сарпарасти хона ва масъули хонавода мебошад ва то замоне, ки дастур ба тарки воҷибе ё иртикоби маъсияте надода бошад, фармонбардорӣ аз ӯ воҷиб аст, дар ғайри ин сурат дастуроти ӯ на шуниданӣ аст ва на шоистаи фармонбардорӣ зане, ки ба рафтани масҷид рағбат ва тамоюл дошта бошад, шавҳараш наметавонад монеъи ӯ бишавад, магар ба хотири як монеъ ва узри муътабари шаръӣ. Муслим ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Ло тамнаъу имоааллоҳи масоҷидалЛоҳ» (занонро аз рафтан ба масҷидҳои Худо манъ накунед).

Монеъи муътбари шаръӣ иборат аст аз ин ки-ба унвони мисол- шавҳар бемор бошад ва ниёз ба муроқибат ва парасторӣ дошта бошад, ё ин ки зан дорои кӯдакони хӯрдсол бошад, ки танҳо гузоштани онон дар хона мушкилот ва хатароте барои онон ба вуҷуд оварад ва касе набошад, ки аз онон муроқибат намояд ва монанди ин аз мавонеъ ва узрҳои маъқул ва қобили қабули дигаре.

Аз сӯи дигар, агар кӯдакон дар масҷид доду фарёд кунанд ва муҷиби ҳавоспартии намозгузорон мешаванд дар он сурат бояд занон аз овардани кӯдакон ба масҷид иҷтиноб варзанд. Зеро агар ин кор дар намозҳои воҷиби рӯзона ба хотири кӯтоҳии муддати замони онҳо ҷоиз ва раво бошад, дар намози таровеҳ ба далели тӯлонӣ будани замони адои онҳо ва бе сабрии кӯдакон дар тӯли намоз, ки гоҳ соатҳо тӯл мекашад, аз ин кор мамониъат ба амал омадааст.

Аммо масъалаи сухан гуфтани занон дар масҷид ҳаммонанди сухан гуфтани мардон аст. Ва ҷоиз нест дар масҷид дар мавоқеъи ғайри зарурӣ садо-ба хусус дар бораи умури дунявӣ-баланд гардад, зеро масоҷид барои ин кор бино нашудаанд, балки барои ибодат ё таълиму таъаллум бино шудаанд. Бинобар ин, лозим аст, ки занони мусалмон ва мутадайин дар хонаи Худо сукутро риъоят кунанд, мабодо боъиси ҳавоспартии намозгузорон ё ба ҳам хӯрдани назми дарсу баҳси илмӣ гардад. Ва ҳар гоҳ зане ночор ба сухан гуфтан шуд, бояд бо садои оҳиставу ором ва ба андозаи зарурат сухан бигӯяд, дар сухан гуфтану либос пӯшидан ва роҳ рафтан, набояд ҳечгоҳ виқор ва матонати худро аз даст бидиҳад.

Дӯст дорам дар ин иртибот, мунсифона матлаберо бигӯям ва он ин ки, баъзе аз мардон дар ғайратмандӣ нисбат ба занон, ифрот ва зиёдаравӣ карда ва занонро дар тангно қарор медиҳанд ва бо вуҷуди деворҳо ва нардҳои чубӣ ва оҳании баланде дар масоҷид, ки миёни занону мардон фосила андохта аст ва занон ҷуз садо, ҳатто огоҳӣ аз таҳаррукоти имоми ҷамоъати худро надоранд ва боз ба ҳеч ваҷҳ ҳозир ба рафтанашон ба масҷид нестанд, дар ҳоле ки занон дар асри Паёмбар (с) ва ёронаш бидуни вуҷуди чунон пардаҳо ва нардҳои чӯбину оҳанин ба масҷид мерафтанд [ ва акнун бобун нисо дар Масҷидул ҳаром аз он замон ба ёдгорӣ мондааст].

Шигифт инҷост, баъзе аз мардон дар масоҷид худашон иҷозаи баҳсу гуфтугӯро ҳатто бо садои баланд медиҳанд, вале ба занонашон иҷоза намедиҳанд ҳатто бо зани ҳамсоя дар масоили динӣ гуфтугӯ кунад. Ангезаи чунин амали таъассуб ва таҳаҷҷуру беинсофӣ дар амри дин аст. Дар робита бо чунин ғайрати мазмуму нописанд аз Паёмбар (с) ривоят шуда аст, ки: «Инна минал ғирати йубғизуҳул Лоҳу ва расулуҳу»(Баъзе аз ғайратҳо мавриди танаффури Худову Расул мебошанд). Ва ғайрат дар ғайри маҳалл ва ҷойгоҳи он аст.

Зиндагонии имрӯза ҳамаи дарҳоро ба рӯи занон кушода аст. Зан аз хонаи худ пайваста берун меояд ва ба мадраса ва донишгоҳу бозор ва … меравад. Оё равост  ононро аз беҳтарин ҷойгоҳ, ки ҳамон масҷид аст, маҳрум намоем?! Ман бидуни ҳеч дағ даға ва эҳсоси ҳараҷе, бо садои баланд эълом менамоям, ки ай мардон! Заминаи рафтани занон ба масҷидро фароҳам кунед то онон ҳам ба хайру некӣ даст ёбанд ва мавъизаҳои диниро бишнаванд ва масоили диниро бифаҳманд, ва модоме, ки онон бо ҳиҷоб ва бо виқору бо матонат ва ба дур аз табарруҷ ва бадҳиҷобӣ аз хона берун меоянд, ҳеч монеъи надорад, ки онон дар масҷид бидуни иртикоб ба гуноҳу маъсият, бо занони дигар ба баҳсу гуфтугӯ ҳатто ба ҳам сӯҳбате тафреҳомез бипардозанд. Валҳамду Лиллоҳи раббилъоламин.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi