| ИСЛОМИ ТУНДГАРО ВА ИСЛОҲТАЛАБ. КАДОМЕ БЕҲТАР? |
| Мақолаҳо - Дин насиҳат аст | |||
| 10.11.2011 21:06 | |||
- Дар кадом бахшҳои ҷомеа Исломи тундрав ё радикал бештар нуфуз пайдо кардааст? -Исломи тундгаро бештар дар миёни одамони таҳсилдида маъруфият пайдо кардааст. Ба фикри ман, чизе, ки мардумро ба худ мекашад, содда будани ҷавоб ба пурсишҳо ва табиати фарогири ҷавобҳоест, ки аз он бармеояд. Аксар вақт ин одамони таҳсилдида раҳбарони аввали хонаводаҳо дониста мешаванд. Бештари онҳо дар бахшҳои фаннӣ таҳсил гирифтаанд, мисли муҳандисӣ, тиб ва риёзиёт. -Дар кашокашиҳои миёни исломи тундгаро ва исломи ислоҳталаб кадоме аз онҳо дар ҷаҳони Ислом бартарӣ доранд? -Кашокашиҳои миёни исломи тундгаро ва исломи ислоҳталаб роҳи тӯлониро тай мекунад. Ман фикр мекунам, ки исломи ислоҳталаб бартарӣ дорад. Онҳо мисли диндорони маъмулии динҳои дигар ҳастанд. Вале ба фикри ман, исломи тундгарову хеле хуб созмонёфта ақоиди қавӣ дорад ва, албатта, дар бисёр ҷойҳо онҳо дар марҳилаҳое комёб мешаванд. Вале он чӣ ба бартарӣ иртибот дорад, ман ҳамоно мегӯям, ки ислоҳталабон бартарӣ доранд. Вале кӣ ба комёбиҳои муваққатӣ ноил мешавад? Ман бояд эътироф кунам, ки дар бисёре аз ҷойҳо тундгароён. -Чӣ омилҳо метавонад нерӯи савқдиҳандаи ислом бошад ва ба кадом самт исломро мебарад? -Фикр мекунам, мо бояд чанд омилро дар назар бигирем. Ба андешаи ман, мо бояд бубинем, ки масалан, сарнавишти Баҳори Араб чӣ хоҳад шуд. Оё демократия дар он ҷо реша хоҳад гирифт. Мо бояд бубинем, ки чӣ ҷомеаҳое бо иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ хоҳанд шуд, зеро собит шудааст, ки ин ягона роҳи муносиби пешрафт аст. Ба ҳамин далел, фикр мекунам, ки аз ҷиҳати сиёсӣ нақши демократия ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нақши бозор муҳим аст. Ин ду ҷонибест, ки барои самтёбӣ нақши муҳим хоҳанд дошт. «Озодӣ»
|






