18:01:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-5

ДАР БАЁНИ СИФАТҲОИ МАХСУСИ 
ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Яке аз сифатҳои афзал-ул-аимма ва сироҷ-ул-умма Имоми Аъзам он будааст, ки ҷамоъаи саҳобаро дидаанд. «Қола-н-Набийю алайҳиссалому тубо лиман раони ва лиман роа ман раони ва лиман роа ман роа ман роани». (Гуфт Пайғамбар алайҳиссалом: «Чӣ хел хуб аст мар касе, ки маро ва саҳобагон ва тобеъинро дидааст»). Дуввум ин, ки дар қарни Пайғамбар (с) тавлид ёфтааст. «Қола-н-Набийю алайҳиссалом хайру-н-носи қарни сумма-л-лазийна ялавнаҳум сумма-л-лазийна ялавнаҳум». (Гуфт Пайғамбар алайҳиссалом: «Некбахт касест, ки дар қарни ман ва замони ман зиндагӣ кардааст»).


ХУЛОСА:

Шахси некбахт касест, ки дар қарни Пайғамбар (с) тавлид шудааст, дуввум дар замони саҳоба, саввум дар замони тобеъин. Далели аввал онаст, ки иҷтиҳоду фатво дар замони тобеъин пайдо шуд. Вақте Аъмаш (р) дар нияти ҳаҷ афтод, ба Имоми Аъзам мактуб навишта илтимос кард, то маносики ҳаҷро навишта фиристад ва ҳазрати Имоми Аъзам чунин кард. Аъмаш бо ёрон фармуд, то маносики навиштаи он ҳазратро китобат намоянд, чунки дар он замон беҳтар аз Имоми Аъзам дар бораи фароизу навофили маносики ҳаҷ ҳеҷ кас намедонист. 

Шаҳодати бузургвор Аъмаш худ як далел аст бар илму дониши Имоми Аъзам. Овардаанд, ки рӯзе дар ҳузури Мансури халифа ибни Динор ва Имом Исо ибни Мӯсо нишаста буданд, Имоми Аъзам ворид шуд. Имоми Исо ибни Мӯсо ба халифа муроҷиат намуда гуфт, ки эй амиралмӯъминин, шахсе бар ҳузури ту омад, ки олиму доно ва муҷтаҳиди беҳамтои замона аст. Халифа аз Абӯҳанифа пурсид, ки илмро аз ки омӯхтаӣ? Фармуд: «Аз асҳоби ҳазрати Умар (р), шогирдони ҳазрати Алӣ карамуллоҳу ваҷҳаҳу ва Ибни Масъуд (р) омӯхтаам». Халифа гуфт: «Офарин, ҳар илме, ки хостаӣ, ҷамъ овардаӣ!»

Меоранд, ки Абӯҳанифа шогирдони зиёд аз ҳар тоифа дошт. Шахсе дар ҳузури Имом Вақиъ арз кард, ки Абӯҳанифа хато мекунад. Имом Вақиъ он шахсро манъ кард ва фармуд, ки гӯяндаи ин сухан «Ка-л-анъому балҳум аззаллу сабилан», яъне мисли ҳайвони чорпо, балки дар гумроҳӣ аз онҳо бадтар. Чаро Абӯҳанифа хато кунад, ки дар назди ӯ шогирдоне чун Абӯюсуф ва Имоми Муҳаммад аиммаи фиқҳ бошанд ва боз чандин аиммаи ҳадису аиммаи луғати араб ҳозиранд. Шахсе, ки дар сӯҳбати вай ин қадар шогирдони муҳаққиқ ҳузур доранд, ҳаргиз хато нахоҳад кард, чаро ки агар хатое равад, изҳори ҳақ ва ибрози савоб намуда рад хоҳад кард.

Ва боз сифати хоси Имоми Аъзам он аст, ки илми фиқҳро дар як реҷаи муайян дароварда, китобҳо сохтааст. Ва Имом Молик китоби «Мувто»-и хешро тобеъи китоби Имоми Аъзам тартиб додааст. Имоми Аъзам «Китоб-ул-фароиз» ва «Китоб-уш-шуруб»-ро аввал ба таври вазъ гуфт ва баъд ба шакли китоб дароварда буд.

Ва сифати дигаре, ки хоси Имоми Аъзам буд, нафақаи эшон аз дастранҷи касби хеш будааст. Зӯҳду ибодати он ҳазрат ба ҳамагон маълум ва ҳаҷҷу умраи бисёри эшон ба аҳли таърих зоҳир аст.

«Аллоҳумма наввир мосараҳу ва абки асараҳу биҷоҳи ҳабибика алайҳисс-салом».

(Эй Аллоҳ! Он чи аз некиҳо гузаштааст равшан гардон ва асари онро ба мартабаи Муҳаммад алайҳиссалом баробар кун).


ДАР БАЁНИ САНОВУ ТАҲСИНИ АИММАИ ИЗОМ 
ДАР ҲАҚҚИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Ҷамоате аз шахсияти Абӯҳанифа аз Имом Молик савол карданд. Имом Молик фармуд: «Ин замон дар баробари ӯ ва мисли ӯ ҳеҷ кас нест, зеро Абӯҳанифа бо қиёсу далели комил исбот менамояд. Субҳоналлоҳ, муҳаққиқи бузургу бемисл аст».

Аз ҳазрати Имом Шофеъ меоранд, ки гуфт: «Касе ки аз назари таҳқиқ ба мутолиаи китоби Имоми Аъзам напардозад, фақеҳи ҳақиқӣ ва олими муҳаққиқ нахоҳад шуд».

Аз Имом ибни Айнӣ манқул аст, ки гуфт: «Ҳар касе, ки фақеҳи хуб шудан хоҳад, дар Кӯфа ба шогирдони Имоми Аъзам мулозимат кунад».

Овардаанд аз Ибн-ул-Муборак, ки гуфт: «Дар иқтидо кардан Абӯҳанифа аз ҳар кас бартарӣ дорад, зеро ӯ олими муттақӣ, парҳезкор ва имому фақеҳи муҳаққиқ аст».

Овардаанд, ки вақте Имом Саврӣ ва Имоми Аъзам дар ҳаҷ буданд, Имом Саврӣ ҳамеша дар оқиби Имоми Аъзам буд. Агар касе масъалаеро савод мекард, Имоми Аъзам ҷавоб медод ва Имом Саврӣ хомӯш буд ва ҷавоб намегуфт. Дар ин бора Имом Абӯюсуф фармудааст, ки мутобиати Имом Саврӣ нисбати Имоми Аъзам аз ман зиёдтар буд.

Овардаанд, ки Имом Авзоъ ба Имом ибн-ал-Муборак гуфт: «Дар Кӯфа Абӯҳанифа ном мубтадеъ пайдо шудааст. Хабар дорӣ?» Имом ибн-ал-Муборак якчанд масъалаҳои мушкилро нишон дод, ки ҷавоби ин масъалаҳо ба номи Нӯъмон ибни Собит марбут буд. Имом Авзоъ пурсид: «Нӯъмон ибни Собит кист?» Ибн-ал-Муборак гуфт: «Шахсест, ки дар Ироқ дидаам». Имом Авзоъ гуфт: «Ин шахс донотарин машоихон будааст, боре бирав ва бисёртар масъала ор!»

Баъд ибн-ал-Муборак гуфт: «Абӯҳанифа, ки гуфтед, ҳамин Нӯъмон ибни Собит аст».

Вақте дар Маккаи мукаррама Имом Авзоъ ба Имоми Аъзам мулоқӣ шуданд, ибн-ал-Муборак савол кард. Абӯҳанифа бо шарҳу эзоҳ чунон ҷавоби комил дод, ки ҳар дуи онҳо дар ҳайрат монданд. Имом Авзоъ ба ибн-ул-Муборак муроҷиат намуда гуфт: «Аз илми комил ва ақли пурраи Абӯҳанифа дар ҳайрат мондам. Дар бораи ӯ ғалат шунидаам, зинҳор ба мулозимати он бузургвор биштоб!»

Аз Аҳмади Ҳанбал меоранд, ки гуфт: «Мутолиа намудани китоби Имоми Аъзам барои ҳар фард лозим аст». Ва баъзе аз аҳли зӯҳд овардаанд, ки воҷиб аст бар ҳар аҳли ислом, ки дар намоз дар ҳаққи Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ дуъо бикунад.

Ан Наср ибни Шамил меоранд, ки гуфт: «Мардум дар масъалаи фиқҳ хоб буданд, Абӯҳанифа бо баёну эзоҳи фасеҳ халқро аз хоб бедор кард».

Овардаанд, ки Ибни Кидом гуфт: «Ҳар касе, ки Абӯҳанифаро ба даргоҳи Худои таъоло восита намуда талаби дуъо кунад, муддаои ӯ ҳосил ва оқибати кораш бахайр шавад».

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi