НОМНАВИСИ ТАКРОРИИ СОЗМОНҲОИ ДИНӢ
Дар ҳоле ки гуфта мешуд, сабтиноми такрорӣ ба осонӣ пеш хоҳад рафт, дар амал маълум шуд, ин фароянд мушкилоти зиёде пеш овардааст. Аммо барои кӣ? Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули умури диншиносӣ дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, на ҳама созмонҳои мазҳабӣ тавонистаанд, ки барои дастёбӣ ба сабти номи такрорӣ санад дар бораи маҳалли ҷойгиршавии худро пешниҳод кунанд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, пас аз ду моҳи оғози раванд онҳо фақат барои даҳ созмони ғайриисломӣ шаҳодатномаи фаъолият додаанд.
Оқои Маҳмадуллоев дар сӯҳбаташ ба Озодӣ гуфт, масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ дар Тоҷикистон низ дар мавриди пешниҳоди санад дар бораи маҳалли ҷойгиршавиашон, ки доштани иҷозаи расмии Кумитаи замин барои сохтмони онҳо зарур будааст, ранҷ мебаранд:
“На ҳама иттиҳодияҳои динӣ суроғаи ҳуқуқиашонро пешниҳод карда метавонанд. Аслан суроғаи ҳуқуқӣ барои масҷидҳо ҳамон сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин шуда меатвонад, ки дар ин бора қарори раиси шаҳр ва ё ноҳия баромадааст. Онҳо барои гирифтани ҳамин сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба Кумитаи замини ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, вале ҳамин сертификатро нагирифтаанд.”
Пешниҳоди санади расмӣ аз идораи заминдорӣ яке аз панҷ талабот барои сабти номи такрории созмонҳои мазҳабӣ, бавижа барои масҷидҳо, дар Тоҷикистон будааст.
Бояд барои сабтиноми такрорӣ масъулони созмонҳои мазҳабӣ панҷ ҳуҷҷат, аз ҷумла ариза барои сабт, феҳристи муассисон, нишонаи маҳалли ибодатгоҳу шумори аҳолӣ ва низомномаи фаъолияташонро ба мақомот пешниҳод кунанд.
Сайидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, ҳоло онҳо аз мақомоти Кумитаи замини кишвар хостаанд, ки барои сабуктар шудани ҷарёни сабтиноми такрорӣ ҳарчи зуд санади расмӣ дар бораи заминро ба масъулони масҷидҳо диҳанд.
Мулло Абдураҳим, имомхатиби масҷиди маҳаллаи “Қазоқон”-и шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, масҷиди онҳо то кунун барои сабти номи такрорӣ ба мушкил рӯ ба рӯ нашудааст. Вале ӯ мегӯяд, аксар намояндагони масҷидҳо ба ҳангоми таҳияи асноди зарурӣ, ки ба гуфтаи ӯ сахтгирона муқаррар шудааст, ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд.
Фаридун Ҳодизода, раҳбари тарҳи “Дин ва муколама” дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ба онҳо низ дар бораи сабтиноми такрорӣ бештари имомхатибони масоҷид аз манотиқи кишвар муроҷиат мекунанд.
Вай мегӯяд, аксари муроҷиаткунандагон намедонанд, ки чӣ гуна ва бо чӣ роҳе масҷиди маҳалли худро дубора сабтином ва ба қавле қонунӣ гардонанд: “Онҳо намедонанд чӣ тавр аз нав сабти ном кунанд. Онҳо гила намекунанд. Фақат мегӯянд, бояд чӣ гуна сабтином кард. Аз мо кӯмаки ҳуқуқӣ мепурсанд.”
Ин дар ҳолест, ки Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули умури диншиносӣ дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, пеш аз шурӯи сабтиноми такрорӣ аз ҳисоби намояндагони мақомот, мутахассисин ва ҳуқуқшиносон дар тамоми навоҳии кишвар комиссиюнҳое вижа ташкил гардида буд, ки тарзи таҳия ва омодасозии дурусти аснодро ба масъулини масоҷид ва маъбадҳо ёд медод.
Сабти номи муҷаддади созмонҳои мазҳабӣ дар моҳи июл, дар пайи ба марҳалаи иҷро даромадани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ шудааст.
Ҷараёни сабти номи такрории созмонҳои мазҳабӣ то охири декабри соли равон идома хоҳад дошт ва барои сабти номи дигарбораи созмонҳои мазҳабии фаъол дар кишвар ҳеҷ гуна маблағ ситонида намешавад. Аммо мақомот мегӯянд, аз соли оянда раванди ба қайдгирӣ бо пардохти маблағи муайян имконпазир хоҳад шуд.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
-
06.01.2026 20:24
315
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
512
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
436
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
667
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
737
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1449
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
435
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
413
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
475
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
272
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
822
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1853
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
17.01.2026 11:42
276
“Дар тарбияи кӯдакон масъул бошем! „
-
17.01.2026 11:39
289
“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”
-
17.01.2026 11:37
269
Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон
-
12.11.2025 14:38
520
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
754
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
973
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
394
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
710
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
678
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1795
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1854
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2801
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1429
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1410
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2625
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
606
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
663
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
662
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1266
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1442
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1246
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3811
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3998
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4438
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
544
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
935
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
867
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































