АЗ МИЁНИ ҶАМЪИ МАРДОН МАРДИ БОЛО, РАФТ, РАФТ...
Рӯзи 22-уми ноябри соли 2012, баъд аз намози аср, дар масҷиди марказии ҷомеъи ноҳияи Қумсангир маросими хондани намози ҷанозаи домулло Муҳаммадӣ баргузор гардид. Тибқи тасмими аҳли байти эшон маросими ҷаноза бояд рӯзи 23-уми ноябр баъд аз адои намози ҷумъа барпо мешуд.
Вале бо дархости ҳукумати маҳаллӣ замони гузоштани намози ҷанозаи мавсуф тағйир дода шуд. Бо вуҷуди он ки бархе аз мардуми ҷумҳурӣ аз вақти дақиқи баргузории ҷаноза бехабар буданд, вале ба ин маросим аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз ҷумҳурӣ мардуми зиёде ҷамъ омаданд.
Мо ба чашми сар дидем, ки дар минтақаи наздик ба ҷои истиқомат ва масҷиди марказии ҷомеъи ноҳия аз ду самт тақрибан дар масофаи 6-7 километр аз ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Қумсангир ду қатори мошинҳои сабукрави гуногунтамға саф кашида буданд. Баъзе аз кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ теъдоди мошинҳои сабукравро дар ин ҳамоиш наздик ба дувуним се ҳазор адад тахмин мезаданд.
Дар омади гап бояд гуфт, ки кормандони БДА ва дигар ходимони вазорати корҳои дохила аз ӯҳдаи таъмини назму тартибот дар ин маросим хуб баромаданд. Ба қавле дар маросими намози ҷанозаи домулло Муҳаммадӣ беш аз 20 ҳазор нафар намозхон ширкат намуд. Қабл аз баргузории намози ҷаноза як теъдод аз шахсиятҳои мазҳабӣ азҷумлаи уламои кишвар ва инчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов аз минбари маҷлис суханронӣ намуда аз домулло Муҳаммадӣ ба неки ёд намуданд.
Ғайбуллоҳ Афзалов азҷумла гуфт, ки қабл аз он ки ба ин маросими ҷаноза биёяд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ телефонӣ дар тамос шудааст ва ба ӯ гуфтааст, ки таъзияи ӯро ба муносибати марги домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ ба аҳли хонавода, пайвандон ва мардуми Тоҷикистон бирасонад. Раиси вилоят хизматҳои домулло Муҳаммадиро дар барқарории сулҳу субот дар кишвар бузург арзёбӣ кард.
Дар суханрониҳои домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, эшони домулло Абдулбосир, писари эшони Абдураҳмонҷон, домулло Саидумари Ҳусайнӣ намояндаи мардумӣ дар Парлумони кишвар, муовини аввали раиси ҲНИТ, эшони Сайидҷон писари эшони Сорбон, сархатиби масоҷиди вилояти Хатлон, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон ва дигарон хизматҳои шоёни ин донишманду мударриси бузург дар роҳи таҳкими пояҳои дини мубини ислом дар Тоҷикистони азиз мукарраран таъкид мешуд. Ҳамаи онҳо реҳлати ҷонгудози ин бузургворро талафоти ҷуброннашавандае барои дини ислом ва миллати тоҷик хонданд.
Дар ин маросими ҷаноза домулло Мирзо, собиқ хатиби яке аз масоҷиди аз Кӯлоб ва домулло Абдураҳим, собиқ хатиб дар масҷиди маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе низ ширкат варзиданд. Онҳоро мардуми ҷанозахон хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Як иддаъ аз ҷавонон аз гардонандаи ин ҳамоиш эшони Сайидҷон хоҳиш карданд, ки ба домулло Мирзо низ имкони сухан гуфтан диҳад. Эшони Сайидҷон гуфт, ки бо сабаби он ки шояд ин суханронӣ ба табъи ҳукуматдорон нафорад ва ба шахсияти домулло Мирзо осебе расад, ӯ ин хоҳишро иҷро карда наметавонад.
Аз гуфтугӯйҳои мардуми ҷанозахон маълум мешуд, ки онҳо омадани уламои киром, бародарон Тӯраҷонзодаҳоро низ ба ин маросим бесаброна интизоранд. Вале бо сабабҳои номаълум бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар ин маросим ширкат накарданд.
Наздикиҳои намози шом тақрибан беш аз 20 ҳазор нафар ширкаткунандаи ин маросим намози ҷанозаро таҳти имоматии домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ хонданд. Ҷасади домулло Муҳаммадӣ дар қабристони деҳаи Маданият ба хок супорида шуд.
Шоир Садриддини Вахширо дар доираи адибони ҷумҳурӣ шояд кам нафароне бошанд, ки бишносанд. Бале, ӯ шеъри кам мегӯяд, вале ирфонӣ. Баъди адои намози ҷаноза ӯ ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо ашки чашму андӯҳи фаровон ин мисраъҳоро, ки ҳамон лаҳза эҷод кардааст, қироат намуд:
Ай дили нодон хабар дорӣ, ки доно рафт, рафт.
Аз миёни ҷамъи мардон марди боло рафт, рафт.
Қатра аз дарёи раҳмат буд андар ин диёр,
Шавқи васл омад магар, қатра ба дарё рафт, рафт.
Панду андарз беғараз медод хосу омро,
Ай дареғ, ин носеҳи ҳар пиру барно рафт, рафт.
Марги олим марги олам гуфтаи пайғамбар аст,
Ходими дини мубин аз дори дунё рафт, рафт.
«Рӯзгор»
-
22.06.2025 14:51
155
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
277
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
291
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
513
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
617
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
505
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
102
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
160
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
139
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
996
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1705
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3396
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
156
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
140
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
152
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
526
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
778
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
897
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
473
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
512
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
480
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
788
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1034
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1899
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
641
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
621
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1813
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2133
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2130
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2341
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
547
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
484
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
965
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3094
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3529
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3529
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
559
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
671
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
698
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд