14:06:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТИБҚИ ФАРМУДАҲОИ ИСЛОМ МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ

Баьзе касоне, ки аз фармудаҳои ислом пурра огоҳӣ надоранд, дар ин андешаанд ки гӯё дар дини мубини ислом илоҷи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ вуҷуд надорад. Ҳатто иддае чунин мепиндоранд, ки гӯё дин ва иқтисод бо ҳам зид ҳастанд. Иқтисод тарафдори ғун кардани сармоя асту дин онро маҳв месозад.

/images/stories/2013/03/04_navruz-04032013.jpgЧунин андешаҳоро онҳое паҳн мекунанд, ки аз маърифати исломӣ бархурдор нестанд. Аммо чунин ақида комилан хатто ва беасос аст. Зеро Қуръони карим молро василаи пешбурди зиндагӣ ва ноил шудан ба савоб (закот, қурбонӣ, садақаи фитр, ҳаҷ, садақаи ҷория...) мешуморад. Чунончи дар сураи " «ВаЗзуҳо» таъкид шудааст: " Эй Паёмбар, Худованд туро бечора ёфт, баьдан ғанӣ сохт".

Яьне вақте Расули Худо (с) бо Хадича (р) хонадор шуданд, соҳиби моли зиёд гаштанд. Дар ҷои дигар Парвардигор ба оламиён таъкид менамояд, ки бандагон баъди адои намоз боз аз пайи дарёфти ризқу рӯзиашон бираванд. «Вақте намози ҷумьа адо карда шавад, пас иҷозат аст барои шумо, ки биравед дар рӯи замин ва ҷустуҷӯ кунед аз фазли Худованд ризқу рӯзиро. Дар ин ҳолат ҳам Худоро зиёд зикр кунед (ба ёд оред) то наҷот ёбед».

Яке аз аркони панҷгонаи ислом ибодати молӣ (закот) аст. Агар кас ба тиҷорат, кишоварзӣ, заршӯӣ, чорводорӣ ва дигар корҳои ҳалол машғул нашавад, аз куҷо соҳиби молу сарват гашта закот медиҳад?  Дар Қуръони карим  тавсифи як қатор Паёмбарони киром ва солиҳон ва касбу ҳунари онҳо омадааст. Чунончи ҳазрати Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Исмоил (а), Довуд (а) ва Зулқарнайн. Дар сураи "Анбиё" омада аст, ки  Довуд (а) зиреҳ месохт. Яъне ҳазрати Довуд (а) бо вуҷуди подшоҳ буданаш оҳангарӣ мекард. Дар ин бора шайх Аттор мефармояд:

Чун иноят қодири қаюм кард,

Дар кафи Довуд оҳан мум кард.

Одам (а) зироаткорӣ мекард. Идрис (а) хайётӣ- дӯзандагӣ менамуд. Ҳазрати Яҳё (а) пойафзолдӯзӣ мекард. Ҳазрати Луқмони Ҳаким (а) бурё ва ресмон мебофтанд. Расули Акрам (с) моли ҳалолро неьмати Аллоҳ гуфтанд. Ҳазрати Абулахвас аз падари худ чунин ривоят мекунад: «Ман дар хидмати Расули Акрам (с) ҳозир шудам. Дар тан либоси чандон хубе надоштам. Муҳаммад (с) аз ман пурсиданд: «Оё молу сарват надорӣ?». Гуфтам: «Дорам». Боз пурсиданд, ки чӣ гуна мол дорӣ?

Ман гуфтам: «Худованд моро ҳар навъ мол ато фармудааст.  Аз шутурон, говҳо, гӯсфандон, аспҳо ва ғуломон». Расули Акрам (с) фармуданд: «Вақте, ки Худованд бароят мол додааст,пас бояд асари он бар бадани ту зоҳир шавад». Мақсади гуфтаи Расули Худо (с) ин ки Худованд туро вақте мол медиҳад, бояд мувофиқи ҳайсияти худ бихӯрӣ, бинӯшӣ ва бипӯшӣ, вале исроф накунӣ.

Ва ҳамчунин вақте ғанӣ ҳастӣ, набояд мисли қаҳрамони повести Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» мумсик бошӣ. Хасисӣ одати бадест, балки ношукрист,  гуноҳаст. Ҳазрати Мухаммад (с) мефармоянд "Моли беҳтару хушсифат чи қадар хубаст, ки агар дар дасти шахси солеҳ бошад" тибқи фармудаҳои ислом меҳнати  ҳалол ибодат аст. На як амали  оддӣ. Он фаризае аз фароизи динӣ ба шумор меравад.

Байҳақӣ (р) нақл мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд «Талаби ризқи ҳалол баьди фаризаи динӣ фарз аст" Расули Худо (с) беҳтарин луқма он луқмаро шумурда аст, ки шахс аз касби ҳалол бихӯрад. Он ҳазрат (с) ба мо таьлим медиҳанд, ки инсон бояд ризқи худро худаш заҳмат кашида биёбад. Ислом  бекор гаштан ва талбандагӣ намуданро ноҷоиз мешуморад. Аз ин рӯ барои дарёфти ризқу рӯзии ҳалол бояд кӯшиш намуд.

Рӯзӣ ба нишастан насиби кас намешавад,

Бояд чу осиё зи паи обу дона рафт.

Наврӯзи Хайрулбашар



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi