Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
Понздаҳ сол пеш, 11 августи соли 2005 Шоири халқии Тоҷикистон, яке аз муваффақтарин адиби кӯдакон дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашта буд. Убайд Раҷаб ба такрор мегуфт: Ба такрор мегуфт, ки «Бачаҳо имрўз бачаанд, аммо фардо калон мешаванд, одамони нағзу гапдону кордон мешаванд, падару модар, бибию бобо мешавнд, соҳибони ҳақиқии ин кишвари зебо мешаванд. Онҳо бояд аз мо донотару тавонотар бишаванд, ба қуллаҳои баландтари илму фан бирасанд, ҳамчун ворисони сазовори мо хушрўзонатару хушбахтонатар зиндагонӣ бикунанд!»
Шоир Ҷӯра Ҳошимӣ, аз ҷумлаи шогирдони ростини устод Убайд Раҷаб сарсухани хеле ҷолибе навишта ба китоби “Ҳадяи бобо”-и адиби номвар. Ин китоб ду сол баъди фавти шоир чоп шуд ва Ҷӯра Ҳошимӣ мегӯяд ин охирин китобе буд, ки устод Убайд Раҷаб дар зиндагӣ бо дастони худ омодаи чоп карда буд.
Бахшида ба солгарди даргузашти тавонотарин адиби кӯдакон Убайд Раҷаб тасмим гирифтем ҳамин сарсухани Ҷӯра Ҳошимиро аз китоби “Ҳадяи Бобо” бознашр кунем.
Ҷӯра Ҳошимӣ: Чанд сухан дар бораи Убайди Раҷаб ва китоби қиссаҳои ў
Хонандаи азиз!
Ту шоир Убайдди Раҷабро хуб медонӣ. Шеърҳои зебою шевои ўро бисёр хондаӣ, ба шавқ омадаӣ, аз ёд кардаӣ ва дўсташон медорӣ. Воқеан ҳам тамоми бачаҳои шеърдўсти Тоҷикистон ва ононе, ки дар мактабҳои тоҷикии мамлакатҳои ҳамсоя таҳсил мекунанд ва ё забони тоҷикиро медонанд, Убайди Раҷабро мешиносанд ва шеърҳояшро бо меҳру муҳаббат мехонанд. Асарҳои ў дар мамлакатҳои ҳамзабону ҳамасли мо Афғонистону Эрон ҳам дастрасу чашмрасу дилраси аҳли адаб ва кўдакону наврасони хушзавқ аст.
Убайд Раҷаб барои тую ҳамсолони ту шеърҳои равону дилкаш, чистону кистонҳои аҷибу шавқовар ва қиссаю достонҳои бисёре навиштааст. Навиштаҳои ў дар шакли китобҳои зиёде чоп шудаанд ва писанди дилу хотири хонадагони бешумораш гардидаанд. Асарҳояш бештар дар мавзўҳои муҳими зиндагӣ ва воқеаю ҳодисаҳои ибратбахшу пандомўз иншо шудаанд. Бинобар ин дар бисёр китобҳои дарсӣ ва баёзҳои ёрирасони таълимӣ низ роҳ ёфтаанд ва ҳамчун чизҳои хонданию донистанӣ омўхта мешаванд.
Шоири бузург кўдакону наврасонро бисёр дўст медошт. Самимона дўст медошт ва ба ояндаи некашон бо дидаи умед менигарист. Ў бо ҳамин умеду имон бештар аз панҷоҳ сол барои равнақу ривоҷи адабиёти кўдакон хидмат кард. Бештар аз панҷоҳ сол барои ту, барои бачаҳои тоҷик, барои бачаҳои тамоми олам шеър навишт, барои офариниши асарҳои шоиста ва парвариши фикри насли наврас заҳмат кашид. Мехост бачаҳои тоҷик ва ҳамаи бачаҳои рўи ҷаҳон озоду озода, серу пур, сиҳату саломат, зираку доно ва хушбахту саодатманд бошанд, дар фазои ҳаётбахши сулҳу амонӣ рўз бинанд. Ў табъу завқ, сиришту хислат ва рафтору гуфтори тую ҳамсолонатро нағз медонист. Барои бачаҳо бо шавқу рағбати тамом менавишт. Бо мақсади хубтару марғубтар ва зеботару хонотар шудани шеърҳояш ҳамвора ва бурдборона қалам мекашид, асарҳояшро гаштаю баргашта таҳрир мекарду такмил медод. Аз дигарон ҳам талаб мекард, ки барои бачаҳо бештар нависанд ва албатта, хубтару беҳтар нависанд. Вай бачаҳоро дўстони хурдсоли худ мешумурд ва бо онҳо ҳамчун бо калонсолон гуфтугузор мекард. Ба такрор мегуфт, ки «Бачаҳо имрўз бачаанд, аммо фардо калон мешаванд, одамони нағзу гапдону кордон мешаванд, падару модар, бибию бобо мешавнд, соҳибони ҳақиқии ин кишвари зебо мешаванд. Онҳо бояд аз мо донотару тавонотар бишаванд, ба қуллаҳои баландтари илму фан бирасанд, ҳамчун ворисони сазовори мо хушрўзонатару хушбахтонатар зиндагонӣ бикунанд!»
Адиби маҳбуб шавқманди он буд, ки бо бачаҳо зуд–зуд вохӯрад, бо онҳо сўҳбат орояд, аз хонишу дониш ва орзую омолашон ҳамвора огоҳ бошад. Аз ин рў бештар дар байни бачаҳо мегашт. Ба ҳар мулоқоте, ки даъваташ мекарданд, бо хотири шоду чеҳраи кушод ҳозир мешуд. Агар пуркор бошад, ҳама корашро як сў мегузошт ва агар бемор бошад, ҳама қудрату мадорашро меғундошт ва мехесту мерафт ба давраи бачаҳо! Касе ёд надорад, ки мактабе, кўдакистоне, хонаи бачагоне ё ягон ташкилоте, ки вобастаи бачагон аст, Убайди Раҷабро ба вохўрӣ хонда бошаду Убайди Раҷаб ин даъватро бо баҳонае ба ягон вақту соати дигар монда бошад.
Ба тарзи ҳайратовар ҳофизаю хотири қавию мустаҳкам дош ў. Аз давраи кўдаки то лаҳзаҳои вопасини умраш бо киҳо, кай, дар куҷо, ба кадом муносибат вохўрдааст ва атрофи кадом масъалаҳо сўҳбат кардааст, аниқу дақиқ дар хотир дошт. Бисёр намунаҳои назму наср ва санадҳои адибию таърихиро азёд медонист. Аз ин ҷост, ки анъанаҳои ёддоштнависии адабиёти моро ҳусни тоза бахшид ва дар бораи устод Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Пўлод Толис ва дигар самоҳои тобноки адабиёту фарҳанги мо силсилаи рисолаю мақолаҳо навишт, ки дорои аҳамияти муҳими адабию таърихӣ мебошанд.
Тарзи асарофарини Убайди Раҷаб ҳам бисёр аҷоиб буд, ки ба ҳофизаю хотираи қавии ў сахт вобастагӣ дошт. Маълум аст, ки ҳар адибе ҳолати эҷодии худро дорост ва ин ҳолатҳои эҷодӣ гоҳе як дараҷа ғайриоддию ғайримуқаррарианд. Чунон ки як эҷодкор асари худро ҳамчун одамони заминӣ дар паси мизу рўи курсӣ, ё чунон ки устод Садриддин Айнӣ мекарданд, дар як гўшаи сандалӣ нишаста менависад. Баъзе росто ва баъзе ҳангоми роҳгардӣ эҷод мекунад.Барои кори эҷодӣ авали шаб, баъзе субҳи барвақтро афзал медонад. Баъзе рўзона, дару тирезаҳоро пўшида, хонаро торику чароғро рўшан мекунад, то ба шуғли эҷодӣ бипардозад. Яке бо қалам, яке бо мошинаки хатнависӣ, яке бо компютер ва яке бо дастгоҳи сабти овоз менависад. Аммо ҳолати эҷодии Убайд Раҷаб ба тарзи асарофаринии ягон эҷодкори дигар монанд набуд. Вай асарҳояшро асосан ҳангоми хуфтан, озодвор дароз кашида, эҷод мекард. Мазмуну мундариҷаи шеърҳояшро дар ҷогоҳи хоб меандешид, дар лавҳи хотираш менавишт ва чун асар дар андешааш шакли пурраю дилхоҳро пайдо мекард, аз ҷой бармехест ва рўи қоғаз меовард. Дигар андак таҳрир ва чопи асар боқӣ мемонду бас. Барои бо ин усул офаридани инқадар асарҳои мазмуну мансур ва хусусан қиссаҳои калонҳаҷм воқеан ҳам ҳофизаю хотираи мустаҳкаме мебоист ва бо лутфи тақдир ин имконият барои Убайди Раҷаб муҳайё буд.
Убайди Раҷаб дар баробари гуногунии мавзўъ, мазмуну мундариҷа, сохтор, вазну қофияю радиф, ба равонию хушоҳангшии назми кўдакон эътибори ҷиддӣ зоҳир мекард. «Модарам», «Ман «Алифбо» мехонам», «Холаи Гавҳар», «Оби равон», «Олуча гули бодом», «Алопари мо» ва чанд шеъри дигари ў, ки ниҳоят равону хушоҳанг суруда шудаанд, дар байни хонандагон машҳуранд ва маҳбубияти хоса доранд. Шоир бо эҷодиёти рангинаш на танҳо адабиёти кўдакони моро пеш бурд, тараққӣ дод, санъаткорию ҳунармандӣ намуд, барои бардоштанаш ба сатҳи байналхалқӣ саҳми арзанда гузошт, балки усулҳои нави шеърхонию шеърдониро ҷорӣ кард. Агар ба дидану шунидани Убайд Раҷаб мушараф шудаӣ ва эътибор додаӣ, вай барои шунавандагону мухлисонаш ҳамтур шеър намехонд. Бо шеърхониҳояш ҳозиринро ба шавқу ҷунбиш меовард, ҳамаро ба ҳамхонӣ водор мекард ва шунавандагон беихтиёр ба гўяндагони шеър табдил меёфтанд. «Модарам», «Шаббода», «Сари ҷў», «Дилакам мекушояд» ва чанд шеъри дигари устоди сухан аз ҳамин қабиланд, ки дар ҳамхонии шоиру шунавандагонаш садо медоданд. Ин тарзи шеърофаринию шеърхонӣ хонандагону шунавандагонро бештар хуш меояд. Дар зебоишиносию зебопарастии бачаҳо асари амиқтар мегузорад ва дар адабиёти касбии кўдакону наврасон ояндаи неку пурсамар дорад.
Устод Убайди Раҷаб одами ниҳоят покдил ва пуркору меҳнатдўст буд. Ба қавли шоираи маҳбуби мо Гулчеҳра Сулаймонӣ, ў дар майдони адабиёт деҳқонвор кор мекард. Табиати рангини Тоҷикистон, хусусиятҳои ҳайвоноту набототи он ва хусусан табиати кўҳистону кўҳистониёнро хуб медонист ва ин дониши фаровони худро дар офариниши шеърҳояш моҳирона корбаст мекард. Ҳамин донишмандӣ ва заҳматписандиаш буд, ки корҳояш пурсамар буданду осораш андешапарвар. Қиссапардозию достонсароиҳои ў дар адабиёти мо боиси ривоҷу равнақи ин жанрҳо гардидаанд. Бештар аз чил китоби ў дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари олам тарҷумаю нашр шудаанд. Ба қавле ў «шоири миллионер» гашт, яъне шумораи нашри китобҳояш аз ҳадди як миллион гузашта, ба миллиони дуюм замина гузошт.
Адиби маҳбуби мо ҳамчунин тарҷумони забардаст буд. Намунаҳои беҳтарини осори бисёр адибони машҳури оламро барои кўдакон ба забони тоҷикӣ гардонид ва ба ҳусни чоп расонид. Сурудҳои бисёраш дар иҷрои ҳунармандони касбӣ ва ҳаваскорони хурдсоли санъати мусиқӣ пайваста садо медиҳанд. Китобҳои панҷҷилдаи гулчини адабиёти кўдакони тоҷик ва ду ҷилдаи адабиёти шуравӣ барои кўдакон, ки бо ташаббусу ҳиммати ў ба табъ расидаанд, зебу фари ганҷинаи адабиёти кўдакони мо мебошанд. Шоир барои хидматҳои шоистааш дар соҳаи адабиёту фарҳанги адабиёти мо, ба хусус дар рушду нумўи адабиёти кўдакон, бо Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, Ҷоизаи байналхалқии ба номи Андерсен, бо унвонҳои ифтихории Корманди шоиста ва Шоири халқии Тоҷикистон, ҳамчунин бо бисёр нишону ифтихорномаҳои соҳавию давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар сазовор гардидааст.
Устод Убайди Раҷаб ният дошт, ки тамоми асарҳои бачагонаашро, ки дар давоми беш аз панҷоҳ сол офаридааст, як бори дигар ҳамчун муҳарири сахтгир бафурсат ва бисёр ҷиддӣ бихонад. Беҳтаринашро интихоб намояд, таҳрир кунад, зеботару хонотар гардонад ва дар зери як муқова ба табъ расонад. Воқеан ҳам ў бо ҳамин мақсад камари ҳиммат бибиаст ва бар сари кор нишаст. Баъзе шеъру чистон ва қиссаю достонҳояшро сар ба сар таҳрир кард, баъзеашонро аз номгўйи шеърҳояш хат зад, гуфт, ки инҳо намешаванд, то имрўз лозим буданд, акнун ҷавобгўйи талаботи имрўзаю оянда нестанд. Бо ҳамин минвол чанд муддат кор кард ва як дараҷа ба мақсадаш расид. Як қисми ин китоби қиссаҳоро ҳам аз дасти таҳрир баровард. Аммо афсўс, ки умраш вафо накард. Кораш нотамом монд. 11–августи соли 2004 дасту дил аз қоғазу қалам бардошт ва ҳосили умру эҷоди худро ба ихтиёри хонандагони арҷманд бигзошт.
Ин маҷмўа, ки ту, хонандаи азиз, дар даст дорӣ, гулчини қиссаҳои Убайди Раҷабро фароҳам овардааст ва охирин китоби шоири маҳбуб аст, ки бо дастони мубораки худаш дуруст кардааст.
Инак, тую ин китоб!
ҶЎРА ҲОШИМӢ
Ин шеър аз ҳамин маҷмуъа:
МЎРЧА ВА БОША
Мўрча дона мебурд,
Дона ба хона мебурд.
Дона аз ў калон буд,
Мисли як реза нон буд.
Боша диду сано гуфт,
Ки:
– Дон намехурӣ муфт!
Бо ин хурдӣ кашонӣ
Бори аз худ калоне.
Сипас худро сито кард,
Бо ҳунар иддио кард.
Гуфто:
– Аз чархи барин
Нигаҳ кунам бар замин,
Чашми тезам бехато
Таъйин кунад донаро.
Дар замину дар замон,
Ҷонваре аз ҷонварон,
Дар боби тез дидан
Баробар н-ояд ба ман,
Гар наояд боварат,
Рост гир андак сарат.
Болои болам нишин,
Нишину бо чашмат бин.
Мўрча, ки ризо шуд,
Боша рӯ бар ҳаво шуд.
Боло рафту нидо кард:
–Бубин, дар домони хор
Дона чи гуна бисёр!
Мўрча ҳар он қадар
Дўхт ба поён назар,
На хореву на дон дид,
Саҳрое бекарон дид.
Малол омад бошаро,
Сўи замин аз ҳаво
Мисли тир аз камон рафт,
Рост ба сўи дон рафт.
Дон гирам гуфт, ҳайҳот
Дар ҳалқаи дом афтод…
Мўрча дон мебурд,
Дона ба хона мебурд.
Як гап зеби ду лаб буд,
Дар ду лаб яке гап буд:
–Дон дида, нодида дом,
Хому хому хому хом!
«Рӯзгор»
-
08.05.2025 15:28
149
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
104
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
140
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
182
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
307
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
137
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
14.05.2025 23:38
63
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
12.05.2025 23:24
111
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷаҳони нави исломӣ: стратегияи ҳамкорӣ
-
11.05.2025 13:24
97
Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд
-
14.10.2024 18:41
710
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1408
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3100
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
270
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
390
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
688
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
272
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
511
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
632
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
13.04.2025 00:00
215
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
227
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
16.07.2023 02:12
1305
Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?
-
28.02.2025 13:34
443
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
730
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1522
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:19
329
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1527
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
07.03.2022 09:26
1645
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!
-
03.09.2021 08:38
1844
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2045
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2734
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
255
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
231
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
678
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2737
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3182
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3168
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
388
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
451
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
390
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?