НАБИЮЛЛОҲ САЙИДОВИ 11-СОЛА ҚАҲРАМОНИ ФИЛМИ КОРГАРДОНИ АМРИКОӢ
Шабакаи телевизиони «HBO»-и Амрико аз рафти мусобиқаи байналмилалии ҳофизони Қуръони карим, ки ҳар сол дар моҳи мубораки рамазон дар Миср баргузор мешавад, филми мустандеро ба навор гирифтааст, ки он дар даҳумин ҷашнварои синамоии Ню Йорк «Троебко» ширкат хоҳад кард.
Ин филми мустанад дар бораи як бахше аз ҳаёти мусалмонон, ба хусус дилбастагӣ ва шавқу ҳаваси пайравони оини Муҳаммадӣ ба Қуръон, пардохта шудааст. Коргардони он, Грег Боркер, дар ин филм талош кардааст, то раванди ҷаҳду талош ва бедорхобии наврасони мусалмонро барои ҳифзи сӣ ҷузъи Қуръон, омодагӣ барои рақобатҳои Қуръонӣ ва хушхонии онон дар ин мусобиқаи байналмилалиро рӯи навор биорад.
Филми мазкур асосан дар бораи се кӯдаки мусалмони ғайриараб ва зодаи кишварҳои ғайриарабӣ нақл мекунад. Навраси ёздаҳсоли тоҷик, Набиюлло Саъидов, яке аз се чеҳра (персонаж)-и асосии ин филм аст, ки аз байни 110 навраси мусалмон аз 70 кишвари ҷаҳон интихоб шудааст.
Ба гузориши хабаргузории «iqna» филми мустанади «Koran by heart» (Қуръон аз умқи вуҷуд) бо мавзӯи мушоракати се кӯдаки ҳофизи Қуръон дар мусобақоти байналмилалии Қуръони Миср, тавассути “Greg Barker” Грег Боркар, коргардони амрикоӣ, тавлид шуд.
Дар ин филм раванди мушорикати се кӯдаки ҳофизи Қуръон дар мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон дар Миср ба унвони яке аз рақобатҳои муҳимми Қуръонии ҷаҳони ислом ба тасвир кашида шудааст.
Коргардони филми «Қуръон аз умқи вуҷуд» дар ин бора гуфт: аз муддатҳо пеш мехостам филме дар бораи ҷаҳони ислом таҳия кунам, замоне, ки хабари баргузории рақобати Қуръонии Мисрро шунидам, рақобат дар он бароям ҷаззоб буд ва тасмим гирифтам филме дар бораи ин мусобақот бисозам.
Грег ҳамчунин қайд кард: «сохти филме дар бораи мусобиқаҳои Қуръонии кӯдакон дар он ширкат мекунанд, дунёи ҷадиде дар коргардонӣ пеши рӯи ман боз шуд».
Вай баён кард: «Бозигарони аслии филм се кӯдаки 10-сола аз нажодҳои мухталиф ҳастанд, ки аз кишварҳои хориҷ аз минтақаи Ховари Миёна интихоб шудаанд ва дигар шахсиятҳо низ ба тадриҷ дар ҳини филм интихоб шуданд».
Ин коргардони Амрикоӣ дар идома изофа кард: Рифоҳ Рашид аз Молдев, ба унвони кӯчактарин иштирокчии мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср, Набиюлло Сайъидов кӯдаки ширкаткунанда аз Тоҷикистон ва Ҷамил Деҷенҷ шахсиятҳои аслии филми мустанади «Қуръон аз умқи вуҷуд» ҳастанд, ки ҳунармандони хориҷ аз Ховари Миёна нақши ононро ифо мекунанд ва ман барои ин масъала хеле исрор доштам.
Грег бори дигар таъкид кард: «Ислом дар Амрико ба дурустӣ шинохта нашудааст, аммо дар Ховари Миёна вазъ фарқ мекунад ва ин дин ба унвони бузургтарин дини минтақа аст ва арабӣ забони Қуръон маҳсуб мешавад».
Номбурда бори дигар дар поён ёдовар шуд: «Ҷаҳон яку ним миллиард мусалмон дорад, ду миллиони онон дар Иёлати Муттаҳидаи Амирко зиндагӣ мекунанд ва ислом дини ҷаҳонӣ ва ба ҳаққ аст».
Бар асоси ин гузориш, филми мустанади «Қуръон аз умқи вуҷуд» дар мусобиқаи филмҳои мусатанди даҳумин ҷашнвораи синамоии «Троебко» дар Ню Йорк ширкат дода мешавад. Гуфтанист, мусобақоти байнулмилалии ҳифзи Қуръони Миср ҳар сол дар айёми моҳи мубораи рамазон бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ин кишвар баргузор мешавад.
Набиюлло Саъидов, кӯдаки ёзадаҳ солаи тоҷик номи мусалмонони кишвар ва Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳоле муаррифӣ мекунад, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарияи фарзанд», ки баъд пешниҳоду баҳсҳои тӯлонӣ айни замон дар баррасии вакилон қарор гирифтааст, ҷалби кӯдакони то синни 18-соларо ба иттиҳодияи динӣ маҳдуд кардааст.
Ба гуфтаи Қорӣ Абӯбарки Муллоназар, аз шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, дар сурате, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо ҳамон шакли маҳдудсозии ҷалби кӯдакони то сини 18 ба иттиҳодияҳои динӣ ба тасвиб бирасад, дар ояндаи наздик мо чунин муаррификунандагони наврасро аз даст медиҳем ва табиъист, ки баъд аз синни 18-солагӣ ҳифзи Қуръон ба осонӣ ба даст намеояд. Чунки ҳофизаи инсон баъд аз балоғат расидан аксар маврид бо мушкилоти фикрӣ ва буҳрони аз худкунӣ рӯбарӯ мешавад.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
424
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
313
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
346
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
406
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1369
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
108
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
287
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
184
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
872
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2278
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2340
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1345
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4393
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб











































Шарҳҳо
RSS Обуна