ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-2
Идомаи қиссаи ҳазрати Одаму Ҳаво
ВАСВАСАИ ШАЙТОН
Одам бо завҷааш дар биҳишт шоду хуррам зиндагӣ доштанд. Аммо Иблис ғам дошт, зеро ӯро аз биҳишт Худованд ронда буд. Баъдан Иблис ба фиреби онҳо шурӯъ кард, то аз меваи барояшон Худованд манъкарда бихӯранд. Иблис бо макру ҳилла бар Одам ва Ҳаво талқин мекард, то аз меваи дарахт бихӯранд. ӯ мегуфт, ман аз бадхоҳон нестам, балки некхоҳам. Иблис тамоми ҳиллаю найранг ба кор бурд, то Одаму Ҳаво аз меваи дарахти манъшуда бихӯранд ва бо ин гуноҳашон аз биҳишт ронда шаванд. Ин ҳама ҳиллаву васвасаи Иблис аз ҳасад буд, зеро ӯ худ аз биҳишт ронда шуда буд.
ХӮРДАН АЗ ДАРАХТ
Иблис ҳиллаю найранги зиёде кард ва билохира Одаму завҷаашро ба доми фире¬би худ афтонд. Одаму Ҳаво аз меваи ҳамон дарахте, ки Худованд манъашон карда буд, хӯрданд. Бо ин амал онҳо амри Худованди муттаъолро то ба охир ба ҷо наоварданд. Ҳамчуноне ки Худованд ваъда дода буд, нисбати ин амалашон онҳо аз биҳишт рон¬да шуданд.
Худованд барояшон гуфт: "Оё Шуморо манъ накардам аз хӯрдани меваи ҳамин да¬рахт ва нагуфтам, ки агар бихӯред аз биҳишт ронда хоҳед шуд? Дар ҳақиқат шайтон бароятон душмани ошкор аст". Одам ва завҷааш фаҳмиданд, ки амали носазое ба ҷо овардаанд.
ПУШАЙМОНӢ ВА ТАВБА
Одаму Ҳаво аз рафтори худ пушаймон буданд ва гуфтанд; «Парвардигоро, мо бо худ ситам кардем ва агар набахшоӣ ва тарраҳум нанамоӣ, аз ҷумлаи зиёнкоронем. Худованд, ки тавбапазиру меҳрубон аст, хатои Одаму Ҳаворо бахшид. Ва Одаму Ҳаво аз Худованд хостанд, то онҳоро дар биҳишт боқӣ гузорад. Аммо Худованд ба онҳо гуфт: "Фуруд оед аз биҳишт".
Худованд ба Одаму Ҳаво фармуд, ки ҳар касе, дар тавбаи худ пойдор монад, ба¬рояш дари ҷаннат боз аст ва тавба бишкастагонро рӯзи қиёмат ҷаҳаннам ҷояш хоҳад гашт. Аллоҳ таъоло Одаму Ҳаворо панд дод, ки Иблис барои ҳамеша душмани Шумост. Аммо шуморо зиён расонида наметавонад, ба шарте ки имон биёреду солиҳон бошед. Билохира Одаму Ҳаво аз биҳишт ба замин фуруд меоянд ва суханони парвардигор, ки ба малоик гуфта буд: "Дар ҳақиқат он чиро ман медонам, шумо намедонед", собит гашт.
ҚОБИЛ ВА ҲОБИЛ
Баъди он ки Одам ва Ҳаво ба замин фурӯд омаданд, хостанд фарзанддор шаванду аз неъматҳо ва ризқу рӯзии додаи Худованд баҳра бигиранд. Барои ободонии ҷои худ кӯшиш намоянд. Бо розигии Худованд модар ҳомила шуд ва бори аввал ду фарзанд таваллуд кард: Яке Қобил ва дигаре хоҳари Қобил. Дар маротибаи дуввум Ҳобил ва хохараш ба дунё омаданд. Ҳамин тариқ Одаму Ҳаво соҳиби фарзанд шуданд ва шукронаи Худованд ба ҷо меоварданд. Онҳо фарзандони худро дӯст медоштанд ва меҳрубонӣ мекарданд.
КӮШИШ БА КОР
Кӯдакон бо меҳру муҳаббати модарӣ ва падарӣ тарбия меёфтанд. Чун ба синну соли ҷавонӣ расиданд, барояшон маълум гашт, ки зиндагӣ ба кор ва кӯшишу ғайрат эҳтиёҷ дорад. Бародарон Қобилу Ҳобилро зарур буд, ки барои соҳиби ризқу рузӣ ва некбахт шудан бояд худ ҷадал намоянд. Қобил дид, ки дар замин кор кардан ва ҳосил гирифтан мумкин аст, бинобар ин зироаткориро пешаи худ кард.
Ҳобил дарёфт, ки Худованди муттаъол неъматҳои зиёде барои инсон офаридааст, аз ҷумла чаҳорпоёнро. Ва хост, ки нигаҳбони чаҳорпоён бошад. Бо ҳамин тариқ Ҳобил чӯпониро пеша кард. Бародарон аз маҳсули дастони худашон мехӯрданд ва зиндагӣ мекарданд.
ОДАМ БО ДУ ФАРЗАНДАШ
Онҳо бо шодмонию некбахтӣ зиндагӣ доштанд ва Қобилу Ҳобил ба воя расиданд ва хостанд ҳардуяшон соҳиби зан шаванд. Худованд низ падарро барои ин кор ҳидоят намуд. Падар хост ба Қобил хоҳари Ҳобилро ба занӣ диҳаду хоҳари Қобилро ба Ҳобил, то ки масъала ҳал шавад. Чунки роҳи дигари ҳалли ин мушкилот дар ибтидои офариниши Одам вуҷуд надошт. Баъдан ин кор ҳаром ва номумкин ҳисобида шуд. Одам ин нияти худро ба фарзандаш хабар дод. Оё ин ният амалӣ гашт? Он чӣ Одам мехост он шуд?
ИНҚИЛОБИ ҚОБИЛ
Бале! Нияти падар, ки оиладор кардани фарзандон буд, амалӣ нашуд. Духтареро, ки Ҳобил бояд ба занӣ мегирифт, аз духтари дуввумин зеботар буд. Қобил бошад, хоҳиши ба занӣ гирифтани дигариро надошт, ҷуз ҳамин духтари зебо ва бар хилофи хоҳиши падар. Ҳусну ҷамол ва зебоӣ сабаб гашту Қобил мухолифи тақсимоти падар баромад ва аз издивоҷ бо хоҳари Ҳобил рӯ гардонд. Ихтилоф байни ду бародар сахт шуд ва аз ин па¬дар дар тарсу ҳарос монд. Падар метарсид аз он, ки ихтилоф ба ҷое нарасад, то Худованд дӯст надорад ва ин табъан ба фоидаи оилаи некбахт наанҷомад.
ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ
Рӯзҳо мегузаштанд. Одам ҳалли ин мушкилотро намедонист, то ин ки Худованди муттаъол ӯро раҳнамоӣ кард ба сӯи ҳалли одилонаи байни ду бародари мухолиф. Илҳоми Илоҳӣ ин буд: Ҳар ду бародарон бояд ба даргоҳи Илоҳӣ қурбоние бахшанд. Қурбонии касе аз ҷониби Худованд қабул гардад, метавонад ӯ духтари хостаашро ба занӣ гирад. Ҳамин тавр Қобил аз зироатҳояш гандум ва Ҳобил беҳтарин чорпоро барои қурбонӣ пешниход намуданд.
НАТИҶА
Бародарон мунтазири натиҷа буданд ва аз Худованд мехостанд, то қурбонии онҳоро қабул намояд. Ҳар кадом мехост ғолиб бошад. Қурбонии Ҳобилро Худованд қабул намуд Чунки ӯ хубкор ва парҳезгор буд. Қурбо¬нии Қобилро бошад Худованд қабул накард, чунки ӯ холисона набуд ва гуфтаи падарашро итоат накард. Бо ҳамин аз бародараш ҷудогӣ меҷӯст ва ҳамаи ин амалаш сабаб гаштанд, ки қурбонии ӯ аз ҷониби Худованд қабул нагардад.
НИЯТИ БАД
Баъди аз ҷониби Худованд қабул шудани қурбонии Ҳобил, Қобил, ки дилаш пур аз кинаву адоват ва ҳасад буд, нияти баде кард. Қобил коре карда наметавонист, магар ки сӯи бародараш рафт ва бо овози баланд гуфт:
«Ҳатман туро мекушам».
Дар ҳақиқат ӯ мехост бародарашро, ки орзуҳояш амалӣ шудаанду некбахт аст, бикушад ва таҷовуз ба қасди ҷони касе кунад, ки Худованд ӯро бештар дӯст медорад…
Бо ҳамин нияти куштани баро¬дари худ Қобил рӯзҳоро мегузаронд. Оё дар ҳақиқат ӯ бародари худро мекушад? Ҷавоби Ҳобил чист вақте, ки аз нияти бади ба¬родараш огоҳ гашт?
ҶАВОБИ ҲОБИЛ
Ҳобил аз нияти бади бародараш Қобил огоҳ шуд ва фаҳмид, ки ӯ эҳтиёҷ ба насиҳат ва ҷонфидоӣ дорад. Вақте Ҳобил бо бародараш вохурд ӯ хеле хашмолуд буд ва аз натиҷаи қурбонии худ ҳасрат мехӯрд ва дилаш пора - пора мегашт…
Ҳобил ба бародараш бо меҳрубонӣ гуфт: Эй бародар! Аз куштани ман ту некбахт намешавӣ ва аз ин амалат чизе фоида намебинӣ. Сабабгори бадбахтӣ ва ҳасрати ту ман нестам. Балки худат сабабгори бадбахтии худат ҳастӣ...
Дар ҳақиқат ту медонӣ, ки Худованд қабул надорад чизеро магар аз парҳезкорони накукор. Ту бошӣ итоати Худованд накардӣ, сухан, насиҳату раҳнамоии падарро қабул надоштӣ. Ман ҳаргиз куштани туро қасд надорам. Ҳарчанд аз ту бақувваттар ҳастам, чунки ман фитна ва фиреби шайтонро қабул надорам. Ҳамин тавр Ҳобил бародарашро насиҳат мекард то, ки ӯро аз ин нияти бад боз гардонад.
МАСИРИ ҲОБИЛ
Насиҳати Ҳобил бародарашро фоидае набахшид ва таъсире ҳам нарасонд. Худованд байни ду бародар ҳукм кард. Қобил саркашӣ намуда Худовандро итоат накард, бо бародари худ кина гирифт, Падарашон барои ба некӣ ҳал шудани ин масъала он чӣ метавонист анҷом дод. Қобил падарро низ итоат накард.
Ҳобил ҳамоно бародарашро насиҳат мекард, аммо баръакс кинаю адовати бародараш бештар мегашт. Кинаю нафрати ӯ ба дараҷае боло ги¬рифт, ки ба куштани бародараш Ҳобил иқдом намуд. Зарбаи сахти Қобил Ҳобилро ба замин афтонд. ӯ дигар ҳаракат намекард. Ҳобил мурда буд. Қобил нияти бадро, ки ба нисбати бародараш дар дил дошт, амалӣ намуд. ӯ ҷурму гуноҳи қабеҳҳеро ба хотири ҳусну ҷамол ва зебоие, ки фаношавандаааст содир намуд. Во ҳасрато!
ҚУРБОНШУДАИ ПОК
Одам (с) фаҳмид, ки писараш Қобил нияти шуме, ки дошт онро амалӣ кардааст. Ва медид, ки ҷаса¬ди поки Ҳобил беҳаракат рӯи замин хобидааст. Ҳобил дар ҳақиқат мурда буд (аввалин шаҳид дар рӯи замин). Бародарӣ натавонист садди роҳи куштор гардад. Ҳобил натавонист бародари худро бикушад. Бо насиҳат мехост бародарро аз қасди бад баргардонад, Бо ин қурбонӣ Ҳобил мехост ба дигарон роҳи ҳақиқат ва дурустро нишон диҳад.
Кушташуда марде буд, ки Худованд ба ӯ ақли расо, ҷисми солимро раво дошт. Падару модар аз ӯ розӣ буданд. Худоро дӯст медошт ва кулли амалаш ибрати дигарон ҳисоб меёфт.
ҲОДИСАИ АВВАЛИН
Ҳамин тариқ ҷиноят рӯй дод ва ҳодисаи қатл содир гардид. Пада¬ри мискин аз вафоти фарзандаш, ки бародари кинаварзу саркашро ба роҳи нек хидоят менамуд, сахт андӯҳгин буд. Ҳамин ҳодисаи нахустинро Худованд хост ҳамчун аввалин дарси ибрат барои башар нигаҳ дорад. Ва ҳамчунин башар бояд бидонад ва огоҳ бошад, ки қабул намекунад Худованд чизеро магар аз Худотарсон ва парҳезгорон. Ва боз инсон бидонад, ки ӯ ҷоҳилонро бояд бе талаби кӯмак ва музде насиҳат кунад, зеро одам ба ин кор масъул аст.
Инсонро лозим аст дар муқобили таҳдиду зуровариҳои дигарон истодагарӣ намояд ва бо сабру тамкин бошад. Во аҷабо! Чӣ рӯй дод баъди ин куштор? Чӣ бошад ҳукми Худованд, ки он аз қотил пинҳон аст?
ХУДОВАНД ЗОТЕРО МЕФИРИСТАД
Қобил намедонист бо ҷасади бародараш чӣ кор кунад ва чӣ тавр аз вай халос шавад. Ҷасадро дар халта гирифта ҳайрону сарсон мегашт. Худованд хост ин ҷасади покро нигоҳ дорад...
Пас Худованд (барои нишон додани Қобил (мутарҷим) зотеро фиристод, ки ҷасади зоғи дигареро бо худ дошт. Зоғ ҷасади ҳамҷинсашро рӯи замин гузошт, сипас заминро бо нӯлаш канд ва онро дафн кард. Ҳамаи ин дар пеши назари Қобил ба ҷо оварда шуд. Қобил бештар пушаймон буд ва ҳасрат мехӯрд. Зоғ магар аз ӯ зиёдтар медонад?!
Бо овози гирифтаю ларзон ва дили пуризтироб такрор мекард: «Во ҳасрато оҷизам аз ин ки бошам мисли ҳамин зоғ».
ВА ҲОЗИР
Биёед, дӯстони ман, дар охир ҳамин қиссаро бо зеботарин услуб ва шевотарин калом бихонем. Биёед, ба ҷониби Қуръони Карим. Барои мо бо калимаҳои ҳамидааш ҳикоят мекунад.
АЪУЗУ БИЛЛАҲИ МИНАШШАЙТОНИР РАҶИМ
Ва бихон бар қавми худ хабари ду писари одамро ба ростӣ чун ниёзи хақ карданд. Қурбонӣ пас қабул карда шуд аз яке ва қабул карда нашуд аз дигар, гуфт Қобил албатта бикушам туро, Ҳобил гуфт ҷуз ин нест, ки Худо қабул мекунад аз муттақиён (27).
Агар дароз куни ба сӯи ман дасти худро то бикушӣ маро, ман ҳаргиз дароз накунам ба сӯи ту дасти худро то бикушам туро ҳар оина ман метарсам аз Худо парвардигори оламиҳо (28).
Ҳар оина ман мехоҳам, ки бибарӣ гуноҳи маро ва гуноҳи худ¬ро пас бошӣ аз аҳли дӯзах ва ин ҷазои ситамгарон (29).
Пас нафси ӯ саҳл сохт дар назари ӯ куштани бародарашро то пас бикушт ӯро, пас шуд аз ҷумлаи зиёнкорон (30).
Пас фиристод Худо зоғеро, ки мешикофт замин то бинамоядаш чӣ гуна бипӯшад ҷусаи бародари худро. Гуфт, эй вой бар ман! Оё оҷиз шудам аз он, ки бошам монанди ин зоғ, пас бипӯшонид ҷусаи бародари худро пас гардид аз ҷумлаи пушаймон шудагон (31).
(идома дорад)
-
29.05.2025 11:16
93
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
29.05.2025 00:37
106
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
09.05.2025 16:33
226
Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия
-
07.05.2025 23:59
317
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
415
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
288
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
30.05.2025 00:36
122
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
28.05.2025 01:09
108
Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари мудирони Бонки Исломии Рушд
-
21.05.2025 21:36
307
Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
-
14.10.2024 18:41
802
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1517
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3204
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
28.05.2025 01:03
106
Намоишгоҳи саноатӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
20.05.2025 16:02
163
Аз ташаббус то амал: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
26.04.2025 20:08
240
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард
-
20.03.2025 11:59
353
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
593
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
713
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
302
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
314
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
317
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
560
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
827
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1650
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
436
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
422
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1632
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1959
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2160
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2847
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
352
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
308
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
769
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2876
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3313
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3292
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
491
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
538
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
479
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?