16:06:32 01-уми Майи 2026 сол
Рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст 11.04.2015 10:28 1197
Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, бино ба гузориши созмони "Social Progress Imperative" миёни 133 кишвар ҷойи 96-умро гирифта, назар ба соли гузашта як зина поин рафтааст.
Имсол 50%-и зоирони тоҷикро ширкатҳои Саудӣ то Каъба хоҳанд бурд 06.04.2015 09:29 1009
Мақомоти Арабистони Саудӣ ин шартро пеш гузоштаанд, ки панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои онҳо ва панҷоҳ дарсади дигарро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёрати Каъба бубаранд.
70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман ба Маскав расиданд 06.04.2015 09:26 1071
70 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон 14 кӯдак низ ҳаст, бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав омаданд. Қарор аст, бархе аз онҳо рӯзи якшанбе ба ватан биёянд.
Файзобод: Таъзияи Раҳмон. Як мард зинда аз зери хок берун оварда шуд 04.04.2015 01:04 1447
Ба манзури рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Яккабеди Файзобод, ки боиси марги инсонҳо шудааст, комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷои ҳодиса дидан кард.
Г.Шарофзода: “Шалтай балтай”, “Пичин мичин” ин таҳқир ба забон аст 04.04.2015 01:02 1154
Дар пасманзари моҷароҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо тоҷирону соҳибкорон дар мавриди номи дӯкону тарабхона ва дигар маконҳои маишии кишвар, мо бо раҳбари ин кумита, Гавҳар Шарофзода сӯҳбате оростем.
Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст 04.04.2015 00:57 1192
Дар мулоқоти мақомоти вазорати корҳои дохилӣ бо садҳо ҷавони тоҷик дар Душанбе аз сарнавишти мушаххаси қурбониёни ҷангҳои Сурияву Ироқ сӯҳбат шуд.
Шумораи сарбозони пойгоҳи 201 ба 9000 нафар хоҳад расид 04.04.2015 00:53 1067
Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид. Генерал-майор Евгений Тубол, фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид.
Вазорат: "Фарзанди ҳеҷ мансабдори тоҷик узви гурӯҳҳои ифротӣ нест" 04.04.2015 00:47 1223
Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз фарзандони мансабдорони тоҷик ба ҳизбу равияҳои мамнӯъ шомил нашуда ва ё ба ҷиҳод нарафтааст.
Парӣ аз паси Куҳи Қоф 02.04.2015 09:20 1709
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҳамдастии ҶММ «Тоҷикпалимер» таҳияи филми ҷадиди фоҷеавӣ-мазҳакавӣ-мусиқии «Парӣ аз паси Куҳи Қоф»-ро ба анҷом расонид, ки санаи 1-уми апрел дар Кохи Ҷомӣ пешниҳоди мардум гардонида шуд.
Ташхисгоҳи ДНК-и Тоҷикистон "Био-Папа"-ро нозарур мекунад 31.03.2015 22:50 1299
Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, базудӣ дар кишвар Ташхисгоҳи миллии генетикиро таъсис хоҳанд дод, ки ташхиси ДНК-ро анҷом медиҳад.
"Омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам" Фирор... аз Фархор ба Сурия 28.03.2015 00:12 1749
Насим Наботов - сокини 28-солаи ноҳияи Фархор, ки замоне донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов будааст, ҳоло ба тахмини волидонаш дар Сурия қарор дорад.
Оилаи Худодод, туҳфаву номгузории Эмомалӣ Раҳмон ва қадаме то Наврӯз 25.03.2015 11:55 1558
Гулшан Маҷнунова бо шукрона аз неъмати барояш Худодода, ки пас аз фарзанди нахустинаш Худойдод чоргоник таваллуд намуду бо меҳр президент Эмомалӣ Раҳмон онҳоро номгузорӣ карда, барояшон хона тӯҳфа кард...
Наврӯз Кӯлобро “пойтахти фарҳангӣ”-и ИДМ кард 25.03.2015 11:49 1101
Рӯзи 25 март зимни таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи "пойтахти фарҳангӣ"-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ супорида шуд.
Баҳриддин 20 рӯз баъд аз латукӯб, ба по хест 25.03.2015 11:43 1048
Баҳриддин - як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳамхизматаш латукӯб шуда буд, баъд аз 20 рӯз ба по хест. Масъулони вазорати дифоъ мегӯянд, ки Баҳриддин то замони шифо ёфтанаш дар Қарияи Боло мемонад.
Модари Муаттара: "Духтарам дар зиндон китоб навиштааст" 20.03.2015 13:22 1269
Олиябону Ҷӯраева, модари бознишастаи Муаттара Ҷӯраева, наттоқи пешини телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки рӯзи 17 март ба иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, умед бар он мебандад, ки соли оянда шояд нисбат ба фарзанди ягонааш ...