Шумори тоҷикҳои ҳалокшуда дар Қазон ба 6 нафар расид
13.03.2015 08:43
1026
Шумораи Бино ба маълумоти пешакӣ, дар сӯхтори бузурги шаби гузашта дар фурӯшгоҳи "Адмирал"-и шаҳри Қазон, пойтахти Тотористони Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шудаанд.
Шикоятҳои рӯзмарра аз фаъолияти кормандони милиса
11.03.2015 21:50
1023
Тайи ду моҳи гузашта дар Тоҷикистон ҳар рӯз аз 2 то 3 нафар ба вазорати умури дохилӣ занг зада ва аз бадрафторӣ, амалҳои ғайриқонунӣ ва ё саҳлагангории маъмурони милиса ҳангоми корашон шикоят кардаанд.
"Изи" ветнамӣ дар парвандаи Зайд Саидов
10.03.2015 15:11
1041
Оҷонсии зиддифасод бар асоси даъвои як шаҳрванди Ветнам алайҳи соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов айби нав эълон кардааст. Хиеп иддао дорад, "Тоҷикатлас"-ро аз ӯғайриқонунӣ гирифтаанд.
Ҷавони боздоштшуда: "Агар ту ҳам ба ҷои ман мебудӣ, имзо мекардӣ"
09.03.2015 22:20
1029
Волидони ду ҷавон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бовар доранд, фарзандонашон дар зери зарбу латти маъмурони пулис як ҳолатиғоратгариро ба гардан гирифтаанд.
Маматалиев: Дар масъалаи бунёди роҳу пулҳо бо ҳам "забон" ёфтем
05.03.2015 15:41
1050
Комиссияи муштараки таъйини хатҳои сарҳадӣ ва аломатгузориҳои марзҳои миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми рӯзи гузашта дар Душанбе аввалини мулоқоти худро анҷом дод ва қарор аст имрӯз, 5 март музокирот идома ёбад.
Боздошти бонкдор пас аз се соли фирор
05.03.2015 15:38
980
Мақомоти интизомӣ дар Суғд мегӯянд, ки раиси пешини намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Куҳистони Мастчоҳро, ки ба қаллобӣ айдор мешавад, боздошт кардаанд. Раҳмат Аюбов аз се сол ба ин тараф дар пинҳонӣ ба сар мебурд.
"Сари бетани Салоҳиддин чанд рӯз дар яхдон буд..."
05.03.2015 15:28
1115
Додгоҳи шаҳри Маскав замони ҳабси Иля Горячев, яке аз миллатгароёни руси муттаҳам ба 10 куштор, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро то 16 май тамдид кард.
Нигаронии 21 созмон аз эҳтимоли қонунӣ шудани "облава" дар Тоҷикистон
05.03.2015 15:25
1006
Созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ мегӯянд, тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар сурати тасвиб шуданаш "облава"-ро дар Тоҷикистон қонунӣ хоҳад кард. Иддаое, ки мақомот қабул надоранд.
Аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам карда шуд
05.03.2015 15:19
1015
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми Шӯҳрат Қудратов - муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва вакили зиндонии Зайд Саидовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст. Қудратов моҳи январи соли ҷорӣ ба 9 соли маҳбас маҳкум шуда буд.
Афсари собиқ "облава"-ро тасдиқ кардааст, латту кӯбро - не
03.03.2015 09:16
946
Урунбек Тошев - афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент даъвати иҷборӣ ё "облава"-и СаидалӣҲайбердиев, сокини 24-солаи ин шаҳрро тасдиқ карда, вале латту кӯбашро рад намудааст.
Лимити барқ дар Тоҷикистон пурра лағв шуд
28.02.2015 08:15
1315
Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, дар пайи супориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 феврал лимити интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинонро пурра лағв кардаанд.
Кумитаи дин: Хутбаи "пешазинтихоботӣ" тавсиявист, на маҷбурӣ
28.02.2015 08:10
1231
Ба имом-хатибони масҷидҳои Тоҷикистон тавсия додаанд, ки дар намози ҷумъаи 27 феврал бештар аз "бадӣ"-ҳои ҳизби наҳзати исломӣ ва "хубӣ"-ҳои ҳукумати кунунӣ сӯҳбат кунанд.
Парвандаи терроризми 4 зодаи Тоҷикистон дар Русия
28.02.2015 08:07
1150
4 зодаи Тоҷикистон дар Нижний Новгороди Русия ба кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги ин шаҳр айбдор мешаванд.
Ю.Раҳмонов: Мардумро беасос боздошт накунед
25.02.2015 22:36
1069
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз зердастонаш талаб кардааст, ки тафтиши парвандаҳоро тӯл надиҳанд ва мардумро беасос боздошт накунанд.
Роҳхати марг ба Сурия. Маҳмадшариф ҳамагӣ 30 сол дошт...
25.02.2015 22:34
1059
Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи ноҳияи Бохтар дар Сурия, модари 67-солаи ӯро мубтало ба беморӣ карда ва манзили онҳо мотамхонаеро мемонад.
















