Кумитаи дин: Хутбаи "пешазинтихоботӣ" тавсиявист, на маҷбурӣ
28.02.2015 08:10
1231
Ба имом-хатибони масҷидҳои Тоҷикистон тавсия додаанд, ки дар намози ҷумъаи 27 феврал бештар аз "бадӣ"-ҳои ҳизби наҳзати исломӣ ва "хубӣ"-ҳои ҳукумати кунунӣ сӯҳбат кунанд.
Парвандаи терроризми 4 зодаи Тоҷикистон дар Русия
28.02.2015 08:07
1150
4 зодаи Тоҷикистон дар Нижний Новгороди Русия ба кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги ин шаҳр айбдор мешаванд.
Ю.Раҳмонов: Мардумро беасос боздошт накунед
25.02.2015 22:36
1069
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз зердастонаш талаб кардааст, ки тафтиши парвандаҳоро тӯл надиҳанд ва мардумро беасос боздошт накунанд.
Роҳхати марг ба Сурия. Маҳмадшариф ҳамагӣ 30 сол дошт...
25.02.2015 22:34
1059
Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи ноҳияи Бохтар дар Сурия, модари 67-солаи ӯро мубтало ба беморӣ карда ва манзили онҳо мотамхонаеро мемонад.
Дар мактабҳо дарси "ахлоқи ҷинсӣ" ҷорӣ мешавад
25.02.2015 22:32
1149
Парлумони Тоҷикистон ризоият дод, ки дарси ахлоқи ҷинсӣ ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо ворид шавад. Намояндагони маҷлис мегӯянд, ҳадаф огоҳ кардани наврасон аз бемориҳои ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлҳои номатлуб аст.
Номаи тунди 4 идораи роҳдории Душанбе ба ТВ давлатӣ
25.02.2015 22:28
1129
Раҳбарони соҳаи роҳдории Душанбе аз Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон хостаанд, пахши гузоришҳои "боғараз" ва "ғайримунсифона" дар бораи роҳҳои пойтахтро бас кунад.
Қирғизистон роҳҳояшро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад
25.02.2015 22:26
1073
Бонки ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои сохтани роҳе, ки бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, 45 миллион доллар додааст.
Чоловҳо: 5 нафар дар пушти панҷара
24.02.2015 07:40
1149
Мақомоти умури дохила дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршо Чолов, бародари Қурбони Чол, фармондеҳи пешини Фронти халқиро бо гумони нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт боздошт кардаанд.
Нирӯҳои "Хосадор"-и Покистон ду тоҷикро озод карданд
24.02.2015 07:34
1015
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷумъаи гузашта барои вуруди бидуни иҷозаи ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар боздошт буданд, рӯзи 23 феврал раҳо шуданд.
Некӣ бимонад ҷовидон. Амри хайри Ситора Азимӣ
24.02.2015 07:32
1284
Овозхони тоҷик Ситора Азимӣ ташаббусеро бо номи "Некӣ бимонад ҷовидон" ба роҳ андохтааст, ки ҳадафаш бо иҷрои ягон кори амалӣ ёрӣ расондан ба пирону дармондагон аст.
Ҳероин. Дар коляска, дар бадани кӯдак ва ҳатто дар ... лонаи гург
23.02.2015 11:45
1105
Пулиси Русия аз боздошти ду зан бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Тамбов хабар дод ва гуфт, ин занон дар ин пеша кӯдакони хурдсоли худро ҳамчун сипар истифода мебурданд.
Нафси бад дар як сол сари 129 мансабдорро "хӯрдааст"
23.02.2015 11:43
1170
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдори тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақом барканор шудаанд.
Овезаҳои таблиғотии аҳзобро кӣ бармечинад?
23.02.2015 11:42
1149
Бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар шикоят доранд, ки овезаҳои таблиғотиашон дар шаҳру навоҳӣ аз сӯи афроду гурӯҳҳои номаълум пора карда мешаванд. Аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар ин росто шикояте дарёфт накардаанд.
Додгоҳи Душанбе дархости раҳоии Ҷамолиддин Маҳмудовро рад кард
20.02.2015 21:43
1068
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси думоҳаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дуруст шумурд.
Душанбе шикояти маҳбусони афғонро рад кард
20.02.2015 21:39
1133
Як масъули баландпояи раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20 феврал дар тамос бо мо, иддаои бархе аз зиндониёни афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистонро, ки гӯё ба онҳо расидагии дуруст сурат намегирад, такзиб кард.
















