17:37:35 01-уми Майи 2026 сол
Нафси бад дар як сол сари 129 мансабдорро "хӯрдааст" 23.02.2015 11:43 1170
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдори тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақом барканор шудаанд.
Овезаҳои таблиғотии аҳзобро кӣ бармечинад? 23.02.2015 11:42 1149
Бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар шикоят доранд, ки овезаҳои таблиғотиашон дар шаҳру навоҳӣ аз сӯи афроду гурӯҳҳои номаълум пора карда мешаванд. Аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар ин росто шикояте дарёфт накардаанд.
Додгоҳи Душанбе дархости раҳоии Ҷамолиддин Маҳмудовро рад кард 20.02.2015 21:43 1068
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси думоҳаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дуруст шумурд.
Душанбе шикояти маҳбусони афғонро рад кард 20.02.2015 21:39 1133
Як масъули баландпояи раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20 феврал дар тамос бо мо, иддаои бархе аз зиндониёни афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистонро, ки гӯё ба онҳо расидагии дуруст сурат намегирад, такзиб кард.
Боздошти сарбози пойгоҳи Русия "барои латту кӯби таксист" 19.02.2015 19:55 1122
Як сарбози пойгоҳи 201 барои латту кӯби Дилшод Хушов, сокини Душанбе боздошт шудааст. Вале масъулони пойгоҳ мегӯянд, ҳанӯз таҳқиқот ба анҷом нарасида, маълум нест, моҷароро кӣ сар кардааст.
Мансабдори тоҷик дар парвандаи никоҳи духтари ноболиғ 18.02.2015 23:04 1424
Алайҳи як мақоми давлатӣ дар Истаравшан бо иттиҳоми ба духтари ноболиғ хонадор кардани писараш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Як масъули Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоати Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан барои оиладор кардани писараш ...
Ба мардум бояд 13 соат барқ бидиҳанд. Шурӯъ аз 16 феврал 17.02.2015 07:41 1051
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал дастур дод, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии кишварро бо дастикам 13 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин кунанд.
Узбакистон роҳи оҳанашро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад 17.02.2015 07:32 1111
Бонки ҷаҳонӣ бар Узбакистон барои сохтани роҳи оҳани барқие, ки вилоятҳои водии Фарғонаро бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилоятҳои дигари он кишвар мепайвандад, 195 миллион доллар ҷудо кардааст.
17, 20, 24... Дар 3 рӯз боз 3 худкушӣ 16.02.2015 12:38 1122
Тайи ҳамагӣ 3 рӯзи ин ҳафта дар вилояти Суғд боз 3 мавриди худкушии занону духтарон, аз ҷумла як зани ҳомила, сабт шудааст. Ин се ҷавонмарг ҳамагӣ 17,20 ва 24 сол доштаанд.
Абу Муҳамад Ат-Тоҷикӣ кӣ буд? 14.02.2015 22:24 1220
Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ нафаре бо номи Алан Чекранов - донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва се карат қаҳрамони кишвар оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида будааст.Алан Чекранов, се карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида...
Дар як сол 5 000 сокини Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд 14.02.2015 22:18 1032
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар соли гузашта 5 000 шаҳрванди Тоҷикистон барои зиндагии доимӣ ба ин кишвар рафтаанд. Русия ба рӯи ин афрод дари 55 минтақаашро боз кардааст.
Тағйири кадрӣ дар Кумитаи дин, Донишкадаи Исломӣ ва ТАЛКО 13.02.2015 20:18 1091
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки то ҳоло раёсати Донишкадаи Исломиро бар дӯш дошт, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад 13.02.2015 20:14 1120
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣқарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.
Оҷонсии нафақа: "Нафақаи Ҳукуматулло 8400 сомонист, на 18 000" 11.02.2015 20:47 1174
Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон эътироф кард, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 13 нафар нафақаи баланди маюъбӣ мегиранд.
Кашфи 64 "фурӯшгоҳ"-и бангу афюн ва ҳероин дар Кӯлоб 11.02.2015 20:41 1126
Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.