Оилаи Худодод, туҳфаву номгузории Эмомалӣ Раҳмон ва қадаме то Наврӯз
25.03.2015 11:55
1558
Гулшан Маҷнунова бо шукрона аз неъмати барояш Худодода, ки пас аз фарзанди нахустинаш Худойдод чоргоник таваллуд намуду бо меҳр президент Эмомалӣ Раҳмон онҳоро номгузорӣ карда, барояшон хона тӯҳфа кард...
Наврӯз Кӯлобро “пойтахти фарҳангӣ”-и ИДМ кард
25.03.2015 11:49
1101
Рӯзи 25 март зимни таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи "пойтахти фарҳангӣ"-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ супорида шуд.
Баҳриддин 20 рӯз баъд аз латукӯб, ба по хест
25.03.2015 11:43
1048
Баҳриддин - як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳамхизматаш латукӯб шуда буд, баъд аз 20 рӯз ба по хест. Масъулони вазорати дифоъ мегӯянд, ки Баҳриддин то замони шифо ёфтанаш дар Қарияи Боло мемонад.
Модари Муаттара: "Духтарам дар зиндон китоб навиштааст"
20.03.2015 13:22
1269
Олиябону Ҷӯраева, модари бознишастаи Муаттара Ҷӯраева, наттоқи пешини телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки рӯзи 17 март ба иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, умед бар он мебандад, ки соли оянда шояд нисбат ба фарзанди ягонааш ...
Боздошти "дасти рост"-и Мулло Абдуллоҳ аз сӯи Интерпол
20.03.2015 13:17
1160
Интерпол мегӯяд, як нафари мӯътамади Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Раштро дар Русия дастгир кардаанд.
Марги 80 маҳбус дар зиндонҳои Тоҷикистон
18.03.2015 10:42
1018
Бино ба гузориши солонаи омбудсмени Тоҷикистон ё ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар соли 2014 дар зиндонҳои кишвар 80 маҳбус ҷон додаанд. Иллати марги 25 маҳбус бемории сил будааст.
Маркази тестӣ аз довталабон хост, ба касе ришва надиҳанд
16.03.2015 23:03
1279
Маркази милли тестии Тоҷикистон дар давраи номнависи довталабон барои шомил шудан ба донишгоҳҳои кишвар, аз онҳо хост, ба ҳеч кас "доля" надиҳанд. Маркази миллии тестӣ бо нашри як муроҷиатнома аз довталабон ва волидони онҳо хостааст ...
Як тоҷик дар Маскав ба қатли 7 нафар айбдор мешавад
16.03.2015 08:45
1261
Пулиси Русия мегӯяд, билохира “маняк”-еро, ки худро устои “Мосгаз” – идораи гази шаҳри Маскав – муаррифӣ карда, соҳибони хонаҳоро бо ҳадафи ғорату пулу молашон мекушт, дастгир кардааст.
Қарори 146. Муборизаи Душанбе бо "бегонапарастӣ"-и занон
16.03.2015 08:39
954
Раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо гузоштааст, ки ҳадафаш "пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ ва ташаннуҷи мазҳабӣ миёни занону духтарон" гуфта мешавад.
Ба Шӯҳрат Қудратов иҷоза надодаанд, бо модараш видоъ кунад
16.03.2015 08:37
1001
Наздикони Шӯҳрат Қудратов, вакили зиндонии Зайд Саидов, мегӯянд, ба ӯ иҷоза нашудааст, то дар маросими видоъ бо модараш иштирок кунад. Муқаддама Мунавварова шоми 13 март даргузашт.
Чаро танфурӯшон ҳиҷоб мепӯшанд?
13.03.2015 08:45
1161
Рафоат Рабиева (номи хонаводагиаш иваз шудааст), ки баъди пахши намоиши боздошти гурӯҳи фоҳишаҳои ҳиҷобдор дар телевизиони давлатӣ дигар ба “кор” намебарояд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳиҷоб дар зеҳни мардҳои тоҷик таъсир дорад.
Шумори тоҷикҳои ҳалокшуда дар Қазон ба 6 нафар расид
13.03.2015 08:43
1026
Шумораи Бино ба маълумоти пешакӣ, дар сӯхтори бузурги шаби гузашта дар фурӯшгоҳи "Адмирал"-и шаҳри Қазон, пойтахти Тотористони Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шудаанд.
Шикоятҳои рӯзмарра аз фаъолияти кормандони милиса
11.03.2015 21:50
1023
Тайи ду моҳи гузашта дар Тоҷикистон ҳар рӯз аз 2 то 3 нафар ба вазорати умури дохилӣ занг зада ва аз бадрафторӣ, амалҳои ғайриқонунӣ ва ё саҳлагангории маъмурони милиса ҳангоми корашон шикоят кардаанд.
"Изи" ветнамӣ дар парвандаи Зайд Саидов
10.03.2015 15:11
1041
Оҷонсии зиддифасод бар асоси даъвои як шаҳрванди Ветнам алайҳи соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов айби нав эълон кардааст. Хиеп иддао дорад, "Тоҷикатлас"-ро аз ӯғайриқонунӣ гирифтаанд.
Ҷавони боздоштшуда: "Агар ту ҳам ба ҷои ман мебудӣ, имзо мекардӣ"
09.03.2015 22:20
1029
Волидони ду ҷавон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бовар доранд, фарзандонашон дар зери зарбу латти маъмурони пулис як ҳолатиғоратгариро ба гардан гирифтаанд.
















