Гарм шудани "бозори сиёҳ"-и доллар
16.03.2015 23:04
1275
Назорати шадиди мақомоти Тоҷикистон ба гардиши доллар дар савдо ва саррофиҳо, сабаби густариши “бозори сиёҳ” дар шаҳри Душанбе шудааст.
Нишасти изтирории раиси Бонки миллии Тоҷикистон
13.03.2015 08:49
1353
Раиси бонки миллии Тоҷикистон бо баргузории нишасти ғайринавбатии хабарӣ ба ҳама суолҳо дар бораи болоравии арзиши доллар дар баробари сомонӣ ва иқдоми ҳукумат дар ин замина ҷавоб хоҳад гуфт.
СБП: "Интиқоли пули муҳоҷирон 30 дарсад кам мешавад"
11.03.2015 21:48
1192
Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинӣ кардааст, ки соли 2015 пулҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик мефиристанд, 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва ин ба тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар таъсир хоҳад дошт.
Муаррифии минтақаи озоди Суғд дар Ароки Эрон
09.03.2015 22:28
1291
Дар шаҳри Арок-маркази устони Марказии Эрон Форуми соҳибкорӣ баргузор гардид,ки дар он зарфиятҳо ва потенсиалҳои минтақаи озоди Суғд муаррифӣ гардиданд. Дар ин форум, ки бо даъвати Утоқи бозаргонии Арок баргузор гардид, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
5 миллион сомонӣ даъвои Кумитаи андоз аз бонки "Эсхата"
05.03.2015 15:33
1413
Мақомоти андози вилояти Суғд аз бонки "Эсхата", яке аз нахустин бонкҳои мустақили Тоҷикистон, даъвои 5 миллион сомонӣ андоз кардаанд.
Зӯрозмоиҳои юан бо рублу доллар дар бозори Тоҷикистон
24.02.2015 07:44
1414
Тоҷикистон низ андак-андак майдони “пулҷанг” хоҳад шуд. Ин ҳолатро иқтисодшиноси тоҷик Акбар Субҳонов “ҷанги асъор” меномад, яъне ҳолате ки доллари амрикоӣ, евро, рубли русӣ ва юани Чин барои ҷойгоҳи беҳтар бо ҳам задухӯрд мекунанд.
Эълони тендер барои лӯлаи гази "Осиёи Марказӣ - Чин"
24.02.2015 07:37
1341
Вазорати молияи Тоҷикистон барои иҷрои яке аз муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии кишвар аз ширкатҳои консалтингӣ даъват кардааст, барои хизматрасонии фаннӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молӣ дар озмуни иҷрои тарҳи бунёди лӯлаи гази Туркманистону Чин ...
Тоҷикистон. Заифтарин иқтисод дар байни 15 ҷумҳурии собиқ СССР
19.02.2015 19:58
1342
«Forbes» иқтисоди Тоҷикистонро дар байни 15 кишвари Шӯравии собиқ дар ҷои охирин 15-ум гузошта, менависад, иқтисоди ин кишвар аз Эстония ва Литва 10 маротиба ва аз Русияву Қазоқистон 9 маротиба заифтар аст.
"Cулҳ"-и РусАл бо ТАЛКО
17.02.2015 07:36
1253
Ширкати русии "РусАл" бо Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ё Талко қарордоди сулҳ имзо кардааст. Интизор меравад, ин қарордод базудӣ аз сӯи Шӯрои директорони "РусАл" ва ҳукумати Тоҷикистон низ тасдиқ гардад.
Ҳисобҳои бонкии “Babilon-M” муваққат озод хоҳанд буд
13.02.2015 20:12
1213
Кумитаи андози Тоҷикистон муваққатан аз даъвояш барои бастани суратҳисобҳои ширкати "Babilon-M" дар бонкҳои кишвар гузаштааст. Додгоҳи олии иқтисодӣ аз онҳо хостааст, то анҷоми баҳс сабр кунанд.
“East Air”: Сари моро нархи арзон "хӯрд"
11.02.2015 20:45
1291
Масъулони ширкати “East Air” мегӯянд, ширкатҳои рақиб "East Air”-ро барои нархи арзони парвозҳояш аз бозор ронданд. Мақомот аммо мегӯянд, East Air” бояд барои идомаи парвозҳо чархи ҳавопаймоҳояшро нав мекард.
Тоҷикистон – истгоҳе дар Долони Бузурги Чин
04.02.2015 22:41
1246
Тоҷикистон охирин кишваре шуд, ки дар моҳи январи соли 2015 ба Бонки Осиёии сармоягузориҳои зербиноӣ - бонки Чин барои бунёди Камарбанди иқтисодии Роҳи Нави Абрешим пайваст.
Б.Файзуллоев: "Кумита ҳаққи бастани суратҳисобҳои моро надорад"
03.02.2015 21:07
1168
Масъулони "Babilon-M" мегӯянд, Кумитаи андоз то анҷоми баҳси додгоҳӣҳаққи бастани суратҳисобҳои онҳоро надорад. Кумитаи андоз барои ситонидани қарзи ин ширкат ба бонкҳо нома фиристодааст.
Номаи Кумитаи андоз ба бонкҳо дар мавриди 337 млн "қарз"-и "Babilon-M"
03.02.2015 21:04
1259
Кумитаи андози Тоҷикистон аз бонкҳои кишвар талаб кардааст, 337 миллион сомонӣқарзи “Babilon-M”-ро аз суратҳисобҳои ин ширкат ба нафъи кумита биситонанд.
Душанбе... имзо кард. Акнун навбати Тошканд?
23.01.2015 19:41
1244
Як ширкат дар Тоҷикистон, ки ба боркашонӣ машғул аст, бо ирсоли нома ба Анҷумани нақлиёти боркашон ва чанд ниҳоди дигари Узбакистон, аз банд мондани мошинҳо дар марзи ин кишвар нигаронӣ кардааст.