14:43:22 12-уми Июни 2025 сол
Боздошти як тоҷики "муҷоҳид" дар Маскав 09.09.2013 15:15 841
Пулиси Маскав мегӯяд, як узви гурӯҳи тундрави мазҳабии “Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод”-ро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, боздошт кардааст.Бино ба гузориши пулиси Маскав, ин шаҳрванди бекори тоҷик рӯзи якшанбеи 8 сентябр, соати 12:40 , дар кӯчаи Белореченская дастгир шудааст.
Ҳалокати 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Вардуҷ 09.09.2013 15:12 751
Дар пасманзари даргириҳо дар Вардуҷи Афғонистон ва ҳалокати чаҳор шаҳрванди кишвар дар онҳо, марзбонони Тоҷикистон вазъ дар манотиқи марзӣ бо Афғонистонро "муқаррарӣ" арзёбӣ карданд.Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 9-уми сентябр ...
"Сӯҳбат"-и амниятиҳо бо 4 фаъоли ҲНИТ якуним соат тӯл кашидааст. 08.09.2013 10:25 781
Фаъолони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, онҳоро асосан дар бораи ҳамла ба Саодатшоҳ Адолатшоев дар Бадахшон пурсидаанд. Саодатшоҳ Адолатшоев, ки ҳамроҳ бо як ҳайъати аз Душанбе эъзомшудаи ҲНИТ аз сафари ноҳияи Рӯшон ба Хоруғ бармегашт, шоми 15 август дар ҳудуди ...
Эмомалӣ Раҳмон: «Интихобот набояд майдони ҳангоматалабӣ шавад» 07.09.2013 11:24 808
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як ҷамъомади мутантан бахшида ба 22-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи Борбади Душанбе суханронӣ мекард, аз ҷумла ба мавзӯи интихобот дахл карда гуфт, интихоботи президентӣ «набояд ба майдони «моҷароҷӯиву ...
"Азия-плюс" ва "Озодӣ" дар садри махзанҳои интернетӣ 07.09.2013 11:17 840
Саҳми дороиҳои интернетии Тоҷикистон, бино ба таҳқиқи Анҷумани дастраскунандагони интернет, дар ду сол 10 дарсад афзуда, "Азия-плюс" ва "Озодӣ" дар он ҷойгоҳи худро мустаҳкамтар кардаанд.Раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки мавқеи махзанҳои ватанӣ дар миёни ...
Намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоб дар «Душанбе-Плаза» 05.09.2013 11:54 778
Дирӯз дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе шурӯъ ба кор кард.Саҳни бино ба парчами кишварҳои ширкаткунанда оро ёфта буд ва ҳанӯз пеш аз оғоз, соати 9 субҳ садои 20 карнай олами атрофро ғулғула андохт. Дар ин маросим масъулини Вазорати фарҳанг, адибони шинохта, олимон ва рӯзноманигорони ватаниву ....
Сафари ҷонишини вазири мудофиаи ИМА ба Тоҷикистон 05.09.2013 11:48 777
Бино ба иттилои сафорати ИМА дирӯз, 04-уми сентябри соли 2013, «муовини Вазири мудофиаи ИМА Майкл Викерс ҳангоми сафари расмии худ ба Тоҷикистон бо масъулини дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати ИМА мулоқотҳо доир намуда, масъалаҳои амниятиро, ки боиси нигаронии мутақобилаанд, мавриди баррасӣ қарор дод. Вазорати мудофиа омодааст ....
Мурофиаи Зайд Саидов дар СИЗО баргузор хоҳад шуд 05.09.2013 10:21 710
Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаро дар бинои боздоштгоҳи мувақати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баргузор мекунад. Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи панҷшанбеи 5-уми сентябр бо тасдиқи ин хабар аз он изҳори нигаронӣ кард ...
Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Аз таъйин шудани худ ба вазифа хабар надорам" 05.09.2013 10:17 695
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини мухолифиони давлати Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи таъйин шуданаш ба мақоме дар Вазорати дифоъи кишвар иттилоъ надорад. Оқои Аҳмадов, ки рӯзи чоршанбеи 4 сентябр, бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Ба ман хабар надоданд.
Имрӯз Душанбе соҳиби боз як дармонгоҳи замонавӣ мешавад 04.09.2013 10:32 741
Ҳамин лаҳзаҳо дар маҳаллаи Зарафшони пойтахти кишвар қарор аст маросими ифтитоҳи Маркази саломатии шаҳрии рақами 14 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.Аз оғози сохтмони бинои замонавии дармонгоҳ ҳудудан ду сол сипарӣ мешавад ва ҳоло баъди анҷом як сохтмони назаррабо, ки ба ҳусни маҳал ҳусни тоза зам кардааст, пеши назарҳо ....
Ширкати қориёни Қуръон аз 36 кишвар дар озмуни байналмилалии Маскав 03.09.2013 13:34 794
Шӯрои муфтиёти Федератсияи Русия эълон кард, ки шаҳри Маскав мизбон ва пазирои қориёни Қуръони Маҷид аз 36 кишвари олам хоҳад буд. Қарор аст озмуни байналмилалии қориёни Қуръон 15 сентябри соли равон дар пойтахти давлати Русия доир гардад.
Кумитаи ҷавонон исми 16 ғолиби ҷоизаи Исмоили Сомониро эълон кард 03.09.2013 13:31 804
Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ғолибони дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро муайян кардааст. Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 3-юми августи соли 1998 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис шуда, ҳар сол барои дастовардҳои илмӣ ба олимони ҷавон эъто мешавад.
Чопи очеркҳои илмии Носирҷон Маъсумӣ 03.09.2013 13:29 960
Нашриёти “Ирфон” асари забоншиноси шаҳир ва яке аз машҳуртарин олимони қарни ХХ-и тоҷик Носирҷон Маъсумиро таҳти унвони “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик” бо сарсухани профессор Абдуғаффор Ҷӯраев ба теъдоди 1000 нусха интишор додааст.
Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат соҳиби Ҷоми ФФТ 03.09.2013 13:27 764
Рӯзи 31-уми август дар Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ниҳоӣ барои гирифтани Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Навад дақиқаи бозӣ ғолибро натавонист муайян созад.
Дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуданд 03.09.2013 13:26 682
Дастаҳои ширкаткунанди даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян шуданд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854