10:38:18 12-уми Июни 2026 сол
Оқил Оқилов аз мақомаш барканор шуд 23.11.2013 11:12 1083
Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ба ҷои ӯ таъйин шуд.Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябри бо судури як фармон, Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистонро ...
Шаст асари тоза кашфшудаи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба Тоҷикистон меоранд 20.11.2013 10:43 938
Дар китобхонаи миллии шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 60 асари тозаи илмӣ ва фалсафии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, фақеҳ ва шоири машҳури форсу тоҷик кашф шудааст. Дар ин бора ҳафтаи гузашта хабаргузориҳо истинодан ба Ҳотамшо Асозода, муҳаққиқ ва пажуҳишгари осори ин мутафаккири бузург хабар доданд.
Тоҷикистон дигар дар Маскав кинотеатр нахоҳад дошт 20.11.2013 10:38 920
Шаҳрдории Маскав бо иттихози 3,5 миллион рубл, ки баробар ба 115 ҳазор доллар аст, дастури тахриби кинотеатри “Тоҷикистон”-ро содир намуд. Дар ин марҳила озмуни ширкатҳои тахрибкунанда эълон шудааст ва тибқи қарори шаҳрдорӣ зарфи шашуним моҳи оянда ин кор бояд комилан анҷом пазирад.
Фирори сарояндаи рок аз Амрико 20.11.2013 10:37 1006
Тина Тёрнер, сарояндаи машҳури рок, ки ҳамакнун ба синни 74 расидааст, ахиран аз шаҳрвандии Амрико даст кашид. Тина ба сафорати ин кишвар дар Берн ҳозир шуд ва шиносномаи амрикоии худро таслими консулгарии ин кишвар кард. Муддати 20 соли охир Тёрнер ва шавҳараш Эрвин Бах дар Швейсария ...
Чопи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар Душанбе 20.11.2013 10:34 1395
Кумитаи забон ва истилоҳот аз интишори китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо теъдоди 15 ҳазор нусха иттилоъ дод. Манбаъ дар сӯҳбат бо “Рӯзгор” гуфт, ки ин фарҳанг шомили 65 ҳазор калима ва истилоҳот аст ва тибқи талаботи нави навишти калимаву ибораҳои баҳсталаб рӯи чоп омадааст.
Руҷуъи нав ба филми “Рӯҳ” дар Амрико 20.11.2013 10:33 951
Филми «Рӯҳ”, ки соли 1990 наворбардорӣ шуда ва муҳаббати хориқулоддаи Сем (Патрик Суэйи) ва Молли (Деми Мур)-ро ба риштаи тасвир кашида буд, бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи киноматография қарор гирифтааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 20.11.2013 10:31 945
Толибон дар Бадахшони Афғонистон як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро сарнагун карданд. Дар ин бора Press TV истинодан ба манобеъи давлатии ин вилоят иттилоъ дод. Ин дувумин тайёраи бесарнишини Пентагон аст, ки зарфи 10 рӯзи охир дар Афғонистон сарнагун мешавад.
Алайҳи Ҳукуматуллоҳ парванда боз кардаанд 18.11.2013 14:37 1080
Вазорати корҳои дохила алайҳи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон парванда боз карда, ба додгоҳ ирсол доштааст.Як манбаъи мӯътамад дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр ба мо гуфт ...
Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон савганд ёд кард 16.11.2013 12:12 1055
Имрӯз дар Қасри «Миллат» ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана аз ҷониби Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
КМИР натоиҷи ниҳоии интихоботро эълон кард 13.11.2013 20:13 1028
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натоиҷи ниҳоии интихоботи президентии 6-уми ноябрро эълон кард.
ЮНЕСКО пешниҳоди Тоҷикистонро баррасӣ мекунад 13.11.2013 11:18 878
Қарор аст ЮНЕСКО дар 37-умин иҷлосияи худ, ки аввали ҳафтаи гузашта дар шаҳри Порис оғоз ба кор кард, пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди воридсозии ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳо бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, мавриди баҳсу ....
Ободонии боз як муассисаи таълимӣ ва беҳдошт бо кӯмаки ИМА 13.11.2013 11:17 831
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба барқаррорсозии мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рудакӣ 45 ҳазор доллар масраф намуд. Бо ин маблағ ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори он дубора фаъол гардонида шуданд. Дар маросими анҷоми корҳои барқароркунӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт ширкат ва суханронӣ намуд.
Ду албоми нави Парвиз Назаров ба ҳаводоронаш расид 13.11.2013 11:15 871
Ахиран дар Қазоқистон ду албоми таронаҳои русии овозхони шинохтаи тоҷик Парвиз Назаров бо номҳои «Золотые облака» (“Абрҳои тиллоӣ”) ва «Буду с тобой» (“Бо ту хоҳам буд”) интишор шудааст.
Ширкати Меҳринигори Рустам дар фестивали байналмилалии ҷавонон дар Порис 13.11.2013 11:14 932
Дар форуми 37-уми байналмилалии ҷавонон, ки рӯзҳои 29-30-уми октябр дар шаҳри Порис баргузор шуда буд, Тоҷикистонро овозхони ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам намояндагӣ кардааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 13.11.2013 11:12 913
Соҳибкори маъруфи кишвар ва бунёдгузори ҳизби сабти номнашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов, ки ахиран аз ширкат дар мурофиаҳои судӣ даст кашида буд, бори дигар ба мурофиа ҳозир шуд. Бино ба иттилои вакилони мудофиа ин бор низ бахши таҷовуз ба номуси парвандаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифт ва нишондоди ҷабрдида Г.Е. ....