"РУСИЯ ҲАМАСОЛА 200 ҲАЗОР МУҲОҶИРРО ИХРОҶ МЕКУНАД"
23.11.2011 20:12
1239
Дар Русия ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт ва ихроҷ мешаванд. Ин матлабро рӯзи чаҳоршанбеи 23 ноября Константин Ромодановский, раиси Идораи федероли муҳоҷирати Русия ба хабарнигорон эълом кардааст. Ба гуфтаи вай, ин рақам дар тӯли солҳои ахир тағйир наёфтааст.
ИХРОҶИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ РУСИЯ ИДОМА ХОҲАД КАРД
23.11.2011 13:51
1390
Мақомоти Русия мегӯянд, ихроҷи муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи ноябр боздошт шуданд, идома хоҳад кард. Константин Ромодановский, раиси Хадамоти Федероли Муҳоҷирати Русия, имрӯз дар ҳузури хабарнигорон гуфт ,,,
ҚИМАТИ БЕНЗИН ДАР ДУШАНБЕ АЗ 7 СОМОНӢ ГУЗАШТ
23.11.2011 13:51
1344
Қимати бензин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир 8,9 фоиз боло рафта, аз марзи 7 сомонӣ барои як литр гузаштааст. Бино ба хабари “Азия Плюс”, як литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ба 7 сомониву 20 дирам расидааст.
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ 100 ДАРСАД ИҶРО ШУДААСТ
23.11.2011 13:49
1352
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 100 фоиз иҷро шудааст. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, бархе сарбозони навдаъват алакай қасами ҳарбӣ ёд кардаанд.
ДАЪВАТИ СОЗМОНҲО АЗ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИКУ РУС
22.11.2011 11:52
1074
Се созмони хабарнигории Тоҷикистон аз рӯзноманигорони тоҷику рус даъват кардаанд, ки дар инъикоси қазияи халабонҳои рус ва муҳоҷирони тоҷик аз “баёни душманона” худдорӣ намоянд.
ҲИНД ДАР ТОҶИКИСТОН БЕМОРИСТОНИ НИЗОМӢ МЕСОЗАД
21.11.2011 19:37
1045
Ҳиндустон талош дорад, дар Тоҷикистон бемористони низомӣ бунёд карда, мавриди истифода қарор диҳад. Рӯзномаи англисизабони "The Times of India”, чопи Деҳлӣ, дар шумораи рӯзи душанбеи худ навишт, ин қарор як сол қабл иттихоз шуда ва талошҳо барои амалӣ шудани он идома дорад.
КАШФИ 90 КИЛОГРАММ МАВОДДИ МУХАДДИР ДАР ШӮРООБОД
21.11.2011 19:33
993
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод як сокини ноҳияи назди марзии Шӯроободро бо 90 килограмм маводди мухаддир боздошт кардаанд.
ОМБУДСМЕН: ВАЗЪИ СИҲАТИ ТИМОШЕНКО ХЕЛО ВАХИМ АСТ
21.11.2011 19:31
975
Вазъи сиҳати нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко дар боздоштгоҳ хело вахим аст. Дар ин бора Нина Карпачева, ваколатдори ҳуқуқи башари Украина, ба телевизиони “Пятый канал” хабар додааст.
РАИСИ ИРНА БА ЯК СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД
21.11.2011 19:29
963
Алӣ Акбар Ҷавонфикр, раиси хабаргузории расмии ИРНА ва мушовири раисиҷумҳури Эрон оид ба равобит бо матбуот ба як соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар нашри маводи мухолиф бо меъёрҳои исломӣ айбдор кард.
МУТТАВАҚИФ ШУДАНИ ҲАРАКАТИ ҚАТОРҲО БА ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН
20.11.2011 20:30
1309
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллии Ӯзбакистон, дар як роҳи оҳане, Ӯзбакистонро бо Тоҷикистону Афғонистон мепайвандад, таркиш сурат гирифтааст.
ТАРКИШ ДАР ЯК КОРХОНАИ ЧИН 14 НАФАРРО КУШТ
20.11.2011 20:30
1204
Бар асари таркише дар як корхонаи маводи химиявӣ дар Чин 14 нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
ЛИБИЯ МЕХОҲАД, САЙФ-УЛ-ИСЛОМ ДАР ДОХИЛ МУҲОКИМА ШАВАД
20.11.2011 20:29
1177
Шӯрои миллии гузори Либия мегӯяд, мехоҳад, Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофиро дар дохил муҳокима кунад, на дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага.
НАВИСАНДАИ ШИНОХТАИ ОЗАРИРО ПАНҶ ТЕҒ ЗАДААНД
20.11.2011 20:28
1453
Дар шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон Рафиқ Тақӣ, нависандаи шинохта ва хабарнигори мунтақиди дини исломро теғ задаанд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, ба Рафиқ Тақӣ дар роҳ ба сӯи манзилаш ҳамла кардаанд ва ҳоло ӯ дар бемористон аст.
ТАРКИШ ДАР АМУЗАНГ. ОҒОЗИ МУҲОСИРАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН?
20.11.2011 15:09
1151
Мақомоти Узбакистон таркишро дар роҳи оҳани миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппа “амали террористӣ” унвон карданд. Бар асари инфиҷор касе кушта ё захмӣ нашуда, вале роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг тахриб ва ғайри қобили истифода шудааст.
CАЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ ҚАЗЗОФӢ ҲАМ БОЗДОШТ ШУД
20.11.2011 14:47
1056
Вазири адлияи ҳукумати муваққатии Либия аз боздошти Сайфулислом, фарзанди Қаззофӣ хабар дод. Бино ба гузориши расонаҳои Либия, Сайф ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқ ва кушташудаи Либия дар ҷануби кишвар боздошт шудааст.