ЭЪЛОНИ ОМОДАГӢ БАРОИ ТАҲҚИҚИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ Д.АТОВУЛЛО
20.01.2012 13:47
1148
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов омодагии ин ниҳодро барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло эълон кард. Вай дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз ҳодисаи ҳамла ба ин хабарнигори тоҷики муқими Маскав аз тариқи расонаҳо огаҳ шудааст.
ХАБАРИ ХУШИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАМОМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
20.01.2012 13:46
1197
Мақомоти расмии Тоҷикистон, ки рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ аз инҷо сарчашма мегиранд, мегӯянд, ки ғолибан соли 2012 соли серобӣ дар минтақа хоҳад буд.
ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ДАР РАДИФИ КИШВАРҲОИ НООЗОД
20.01.2012 13:45
1170
Созмони Хонаи Озодӣ ва ё "Фридом Ҳаус" дар гузориши тозаи худ, Тоҷикистон дигарбора дар радифи кишварҳои ноозоди ҷаҳон қарор додаст. Ин созмон дар гузориши озодиҳо дар ҷаҳон дар соли 2012 мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад.
ДУ ҲАЗОР ДОЛЛАРЕ, КИ "НАСИБ"-И ПРОКУРОР НАШУД
19.01.2012 16:45
1349
Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Суғд аз боздошти як додситон ё прокурор ба гумони ришваситонӣ хабар дод. Манобеи Оҷонси зидди коррупсия мегӯянд, кормандони ин ниҳод рӯзи 16 январ М.Б., корманди Додситонии вило - яти Суғдро ба гумони ришваситонӣ ...
АКСҲОИ БАРАҲНА ВА ҶАНҶОЛОФАРИНИ ГУЛШЕФТА
19.01.2012 16:40
1429
Акси бараҳнаи Гулшефтаи Фароҳонӣ, як ҳунарпешаи эронӣ дар маҷаллаи фаронсавии Le Figaro баҳсеро дар ҷомеаи Эрон ба по кардааст. Вебсайти фаронсизабоне низ ин ҳафта клипи видеоиро рӯи саҳфаи худ гузошт, ки дар он ҳафт бозигари номзад ба ҷоизаи ...
ВАЗИРИ НАВ ВАКИЛОНРО БО ИСЛОҲОТИ МАОРИФ ОШНО КАРД
19.01.2012 16:38
1094
Нуриддин Саидов, вазири тозатаъини маорифи Тоҷикистон, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон аз нақшаҳояш барои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ҳарф зад.
МУАРРИФИИ КАЛОНТАРИН ҚУРЪОНИ ҶАҲОН ДАР КОБУЛ
17.01.2012 17:22
1206
Хушнависони афғон нусхае аз Қуръонро саҳҳофӣ карданд, ки бузургтарин Қуръон дар ҷаҳон шумурда мешавад. Бино бар хабари Маркази фарҳангии Кобул вазорати ҳаҷ ва авқофи Афғонистон ин китобро бузургтарин нусхаи Қуръон дар ҷаҳон эълон кард. Муаррифии ин китоб дар Китобхонаи Ҳаким Носири Хисрави Балхӣ дар Кобул баргузор шуд.
РАИСИ ШИРКАТИ "ОРИМА" ОЗОД ШУДААСТ
17.01.2012 16:03
1188
Ахиран Маъруф Орифов, раҳбари ширкати “Орима”, бар асоси Қонуни афв аз зиндон озод шудааст. Дар ин бора ба мо як масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод. Маъруф Орифов моҳи апрели соли 2008 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум ва амволи ӯ ....
МАРГИ ФОҶИАБОРИ ПАНҶ МУҲОҶИРИ ТОҶИК
16.01.2012 15:09
1290
Бар асари як садамаи автомобилӣ дар вилояти Твери Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Қурбониён сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Сафарбек Қушбеков, Зафар Солиҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳирҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров будаанд.
БРИТОНИЁ МУТТАҲАМ БА ФУРӮШИ МУШАК БА ЭРОНРО БА АМРИКО ТАҲВИЛ МЕДИҲАД
16.01.2012 11:34
1079
Додгоҳи олии Бритониё бо дархости давлати Бритониё барои дархости истирдоди Кристуфер Тепинг, шаҳрванди бритониёии муттаҳам ба иқдом ба фурӯши қатаъоти ботрии мушаки Ҳовак ба Эрон мувофиқат кардааст.
АМРИКО СЕ ШИРКАТИ ХОИҶИРО БА ДАЛЕЛИ ИРТИБОТ БО ЭРОН ТАҲРИМ КАРД
16.01.2012 11:33
1155
Вазорати хориҷаи Амрико эълом кардааст, ки алайҳи се ширакти чинӣ, сенгопурӣ ва иморатӣ ба далели фурӯши фаровардаҳои (маҳсулоти) нафтӣ ба мизони беш аз ҳадди таъйиншуда дар қавонини таҳрими Эрон муҷозотҳоеро эъмол кардааст.
ЛОРИҶОНӢ АЗ ОМОДАГИИ ЭРОН БАРОИ МУЗОКИРОТИ ҲАСТАИИ "ҶИДДӢ" ХАБАР ДОД
16.01.2012 11:32
1049
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, гуфт, ки Эрон омода аст, то бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як гуфтугӯ кунад ба шарте, ки ин музокирот "ҷиддӣ" бошад.
ЗАРАРИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ ТО НОНХӮРАКУ ЗАНБӮРҲО РАСИД
15.01.2012 11:49
1159
Мутахассисонро зуҳуроте, аз қабили нест шудани нонхӯракҳои зард ба андеша водор кардааст. Зеро бисёриҳо мушоҳида кардаанд, ки ин сокинони доимии манзили бисёр одамон худ аз худ ғайб задаанд. Вазъият фирори калламушҳоро аз киштии ғарқшудаистода ба хотир меорад.
"БАҲОРИ АРАБӢ" БА АРАБИСТОНИ САУДӢ ВОРИД ШУД
15.01.2012 11:47
1306
Ҷанҷоли Қатару Арабистони Саудӣ, ки ҳамеша бо ягон сабабе сар мезанад, ин бор бар сари эъломи сарсупурдагӣ ба "ваҳҳобият", вориди марҳалаи ҷадиде шудааст.
ҚАЗЗОФӢ БАЪД АЗ ВАФОТАШ ҲАМ САРОНИ АРАБРО БА ҲОЛИ ХУД НАМЕГУЗОРАД
15.01.2012 11:46
1133
Сарони кишварҳои арабӣ, ба сарҳанг Муаммар Қаззофӣ, диктатори мақтули Либия, ҳангоми зинда буданаш, ба унвони як фарди моҷароҷӯ ва дардисарсоз нигоҳ мекарданд. Сарҳанг ҳар ҷое, ки бо сарони араб ҷамъ мешуд, хусусан дар иҷлосияҳои Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ, кораш фақат таъна задан ва рехтани обрӯи сарони араб буд.
















