ОТАШИ ШАМЪ ҶОНИ ПИРАМАРДРО РАБУРД
09.11.2011 21:38
1239
Тавре, ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, пирамарди 81-сола Сафарбой Бобоазизов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд соати 4-и субҳ дар хона ҳангоми истифода бурдани шамъ либосашро аз беэҳтиётӣ месӯзад.
МУСОДИРАИ 9 КГ 150 ГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ БАНГДОНА
09.11.2011 21:37
1241
Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тибқи маълумоти пешакӣ 9 килограмму 150 грамм маводи нашъаовари бангдонаро мусодира намуданд.
КУШТА ШУДАНИ ДУ СОКИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ТАРМА
08.11.2011 20:36
975
Кумитаи умури имзтирории Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар бар асари фаромадани тарма дар шимоли ин кишвар хабар дод. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин кумита ҳодисаи фаромадани тарма дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух додааст.
ПИЗИШКИ МОЙКЛ ҶЕКСУН ДАР МАРГИ ВАЙ МУҚАССИР ШИНОХТА ШУД
08.11.2011 15:42
930
Конрод Муррей, пизишки шахсии Мойкл Ҷексун дар робита бо иттиҳоми қатли ғайриамдии (қатле, ки барқасд набудааст) ин ситораи мусиқии поп муҷрим шинохта шудааст.
ЗИЛЗИЛАЕ ХОКИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД
07.11.2011 20:55
1181
Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зилзилае ба шиддати 5,6 дараҷаи Риҳтер рух дод. Итар-Тасс мегӯяд, ба иттилои хадамоти геофизикии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, маркази зилзила дар 275 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар хоки Афғонистон сабт шудааст. Ҳеҷ хабаре дар бораи хисороти баъдизилзила дар даст нест.
ВАЗИРИ ХОРИҶАИ РУСИЯ АЛАЙҲИ ҲАМЛА БОЛОИ ЭРОН ҲУШДОР ДОД
07.11.2011 20:54
1155
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ҳушдор дод, ки ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона алайҳи Эрон “иштибоҳи хеле ҷиддӣ” хоҳад буд. Вай гуфт: “Ин як иштибоҳи хеле ҷиддӣ хоҳад буд, ки паёмадҳои ғайри қобили тасаввур хоҳад дошт. Барномаи ҳастаии Эрон мисли ҳар масъалаи дигари замони имрӯз ҳилли низомӣ надорад”.
ДАР САДАМАЕ ДАР МИСР 11 МАҶОРИСТОНӢ ҶОН ДОДАНД
07.11.2011 20:53
1228
Мақомоти Миср мегӯянд, бар асари садамаи як автобуси мусофирбар, 11 саёҳи маҷористонӣ кушта ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИАОЮ ЖАОРО
07.11.2011 14:38
1013
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.
МУБОРАК ИДИ ҚУРБОН, МУБОРАК ИДИ САРҚОНУН!
05.11.2011 22:07
1364
Фарорасии иди саиди Қурбонро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон ва иди рӯзи қабули Сарқонунро барои тамоми ҳамватанони гиромӣ табрику муборакбод гуфта, аз Худованди бузург барои эшон бахту саодат ва дар кору рӯзгорашон пешрафту ...
ДАР БОРАИ САФАРИ БАРОНЕССА ВИВЕН СТЕРН БА ТОҶИКИСТОН
05.11.2011 10:33
1044
Тибқи хабари дафтари матбуотии Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон рӯзҳои 19-22 сентябри соли ҷорӣ Баронесса Вивен Стерн, узви Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир бо як сафар дар кишвари мо ҳузур дошт.
ҲАВО ДАР РӮЗИ ИДҲО ОФТОБИСТ Ё БОРОНӢ?
04.11.2011 20:04
1466
Дар рӯзи таҷлили идҳои фархундаю муборак -Рӯзи қабули Конститутсия ва иди саиди Қурбон, ки ба 6 ноябр рост меоянд ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ пешгӯӣ карда мешавад.
ДАР РӮЗҲОИ ИД НЕРӮИ БАРҚ МАҲДУД КАРДА НАМЕШАВАД
04.11.2011 20:03
1366
Бо супориши Ҳукумати ҶТ Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Конститутсия (Сарқонун) ва Иди Қурбон тасмим гирифтааст, ки аз соати 14.00-и 5 ноябр то соати 22.00-и 6 ноябр сокинони ҷумҳуриро бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин намояд.
ПАЁМИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН
04.11.2011 12:25
1110
Рўзи шашуми ноябр иди саиди Қурбон фаро мерасад. Воқеан, он яке аз санаҳои фархунда дар тақвими дини ислом ва суннатҳои неку писандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният мегўям.
СОДИРОТБОНК МАСЪУЛИЯТШИНОС НЕСТ
03.11.2011 18:58
1466
Гурӯҳе аз устодони мактаби таҳсилоти умумии №7 шаҳри Кӯлоб шикоят аз он доранд, ки дар гирифтани музди меҳнати ҳармоҳаашон аз содиротбонки шаҳри Кӯлоб мувоҷеҳи мушкилот гаштаанд. Муовини аввали директори мактаб Қаҳрамон Мирзоев шикоят аз кортҳои ...
ТАСВИБИ ҚОНУНИ БУДҶАИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2012
02.11.2011 13:40
1069
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе қонуни будҷаи давлатӣ барои соли 2012-ро ба тасвиб расонд. Ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро рӯзи 30 сентябр тасвиб карда буд. Қисми дахли будҷаи кишвар барои соли оянда 10 миллиарду 160 миллион ва қисми харҷаш 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ муқаррар шуда, касри будҷа 180 миллион сомониро ....