21:48:35 08-уми Июни 2026 сол
ПАРАCТОРИ УКРОИНИИ ҚАЗЗОФӢ БА НУРВЕЖ ПАНОҲАНДА ШУД 06.05.2011 09:43 2008
Галина Колотнитская, парастори укроинии сарҳанг Қаззофӣ, ки аз ӯ ба унвони яке аз наздиктарин мӯътамадони раҳбари Либӣ ном бурда мешавад, аз Нурвеж тақозои паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Хонум Колотнитская бо оғози нооромиҳои Либӣ дар моҳи феврал аз ин кишвар хориҷ шуд ва ба Укроин рафт.
ПУЛИСИ РОҲИ ЛАТУКӮБШУДА ДАР БЕМОРИСТОН ДАРГУЗАШТ 05.05.2011 17:55 1750
Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳе, ки ҳафтае пеш дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи як ронанда ва ҳамроҳонаш қарор гирифта буд, дар бемористон даргузашт. Дар ин бора ба Би-би-сӣ Давлат Эргашов, пизишки навбатдори шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тибби Тоҷикистон ё ҳамон "бемористони Қарияи Боло" хабар дод.
ВАЗИРИ КИШВАРИ СОБИҚИ МИСР БА 12 СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД 05.05.2011 17:52 1770
Ҳабиб Адлӣ, вазири кишвари собиқи Миср, ба ҷурми пулшӯйӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Женерол Адлӣ, раиси собиқи нерӯҳои амниятии кишвар, яке аз махуфтарин ва ҷанҷолитарин чеҳраҳои наздик ба Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср буд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҶИҲ СОБИР АББУД АЛ-МУСАВИ 05.05.2011 10:24 1694
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавиро ҳамчунин алоҳида ба ҳузур пазируфт.
Э.РАҲМОН АЗ САФИРОНИ НАВИ 9 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД 05.05.2011 10:22 1667
Дирӯз 4 май Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
АНҶОМИ МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ 04.05.2011 15:13 2028
Ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи маҳбусони фирориро ба анҷом расонид. Аз ҷумла додгоҳ Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоевро ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ мақкум кард.
МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ ДИФОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН 04.05.2011 15:10 1891
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон дар Исфара бо ҳамтои қирғизи худ мулоқоту гуфтугӯ анҷом додааст. Ба навиштаи хабаргузории "Азиа Плюс", меҳвари гуфтугӯи Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва Ҳабибулло Худойбердиев ...
БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ФУРӮШИ КӮДАКИ СЕСОЛААШ ДАР ХУҶАНД 04.05.2011 15:08 1949
Як сокини шаҳри Хуҷанд ба занни даст доштан дар фурӯши кӯдаки сесолааш боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулиси вилояти Суғд, маъмурони давлатӣ Евгения Ясавееваи 28-соларо ахиран дар истгоҳи қатори шаҳри Хуҷанд ба ҳангоми фурӯши тифлаш ба як сокини шаҳри Чкаловск дастгир кардаанд.
МАҲДУДИЯТИ РАФТУ ОМАД ДАР МИНТАҚАИ ШЕНГЕН БАРРАСӢ МЕШАВАД 04.05.2011 15:07 1583
Интизор меравад намояндагони кишварҳои урупоии узви паймони Шенген дар ҷаласае дар рӯзи чаҳоршанбе, пешниҳоди барқарории маҳдудият дар истифода аз визои Шенгенро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
ДАРХОСТИ FAO АЗ КИВШАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ 04.05.2011 15:06 1701
Раиси Созмони Маводди Ғизоӣ ва Кишоварзии СММ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал овардааст, ки дар заминаи тиҷорати озоди маводди ғизоӣ ва кишоварзӣ ҳамкории худро тақвият бахшанд.
ҲАЛОКАТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЗАНОЗАНИИ ГУРӮҲӢ ДАР МАСКАВ 04.05.2011 10:44 1759
Расонаҳои хабарии Русия иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи як задухӯрд байни муҳоҷирони тоҷик ва доғистонӣ дар шарқи Маскав 1 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ду тани дигар шадидан маҷрӯҳ шудаанд.
ОБАМА ҚАТЛИ БЕН ЛОДЕНРО ДАСТОВАРД АРЗЁБӢ КАРД 02.05.2011 15:21 1697
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида кушта шудааст.
ВОКУНИШИ ҲОМИД КАРЗАЙ БА КУШТОРИ БЕН ЛОДЕН 02.05.2011 15:21 1775
Дар вокуниш ба куштори Бен Лоден Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “Толибон бояд сабақ бигиранд” ва ба даргириҳо хотима бахшанд:
ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛИЁТИ "КУКНОР-2011" ОҒОЗ ШУДААСТ 02.05.2011 15:20 1668
Нируҳои интизомии Тоҷикистон дар ин кишвар амалиёти “Кукнор-2011”-ро давом медиҳанд. Ин амалиёт дирӯз оғоз шудааст.
ОЁ КУШТА ШУДАНИ БИН ЛОДИН ПОЁНИ КОР АСТ? 02.05.2011 13:14 1954
Кушта шудани Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида, вокунишҳоеро низ дар Тоҷикистон дар пай доштааст. Ба назари аксари коршиносони тоҷик, кушта шудани бин Лодин, яке аз пояҳои асосии терроризмро дар ҷаҳон заъиф хоҳад сохт.