ГУЛ ШЕРАЛӢ ОВОЗАҲОИ БАРҚФУРӮШИРО РАД КАРД
07.04.2011 21:22
1889
Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон сару садо дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистону Покистонро рад кард. Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи 7-уми апрел бо баргузории нишасти хабарии ғайримунтазира бори дигар вазъияти ба вуҷудомада ...
ШАШ ПУЛИСИ АФҒОН ДАР ҚАНДАҲОР КУШТА ШУДАНД
07.04.2011 21:08
1694
Шӯришиёни марбут ба Толибон дар ҳамла ба як маркази омӯзишии пулис дар Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон шаш тан аз нерӯҳои амниятии ин кишварро куштанд. Мақомҳои маҳаллӣ дар ҷануби Афғонистон гуфтаанд дастикам се тан аз шуришиён низ дар ин ҳамла кушта шудаанд.
МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ
07.04.2011 15:07
1858
Имрўз, 7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ машварати корӣ доир намуд. Доир ба ин мавзўъ гузориши Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва Раиси ШСХК ...
ҲАМРОҲХОН ЗАРИФӢ БА ТОШКАНД РАФТ
07.04.2011 11:16
2233
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, барои ширкат дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканд рафтааст.
ГУЗОРИШҲО: ҚАЗЗОФӢ БА ОБАМА ПАЙҒОМ ФИРИСТОД
06.04.2011 21:54
2329
Хабаргузориҳо мегӯянд, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ рӯзи чоршанбе ба номи президенти Амрико Барак Обама номае фиристод.
МУВОФИҚАТИ ИМА ВА РУСИЯ БО ТАЪМИНИ АФҒОНИСТОН БО ЧАРХБОЛҲОИ НИЗОМӢ
06.04.2011 21:49
2254
ИМА ва Русия, тибқи гузоришҳо, бар сари ҷузъиёти созишномаи марбут ба таъмини Афғонистон бо 21 чархболи русии MI-17 мувофиқат карданд.
ДАР БАДАХШОН НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АЗ ПАНҶ СОМОНӢ ГУЗАШТ
06.04.2011 12:20
1900
Инак чанд рӯз боз соҳибони автомашинаҳое, ки бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон як литр соляркаро бо нархи 5 сомониву 20 дирам мехаранд.
ТАҒЙИРИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ
05.04.2011 21:35
1976
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар бархе аз шаҳру ноҳия ва ҷузвутомҳои Горди миллӣ дигаргуниҳо ба амал омад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов ...
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ҚУРЪОНСӢЗИРО МАҲКУМ КАРД
05.04.2011 21:32
1922
Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ҳодисаи сӯзондани нусхае аз китоби "Қуръон" дар иёлати Флуридои Омрикоро маҳкум кардааст.
МАҲКУМИЯТИ ЧАҲОР ЗИНДОНБОН БАРОИ ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН
05.04.2011 15:29
2043
Чаҳор нафар аз зиндонбонҳои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ду то ба 8,5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин афрод дар нокомӣ дар иҷрои вазоифи худ, ки боъиси фирори 25 зиндонӣ дар шаби 23-и августи гузашта шудааст, муҷрим шинохта шудаанд.
ТОҶИКОН БО ТАШАННУҶИ АВЗОЪ ЯМАНРО ТАРК МЕКУНАНД
05.04.2011 15:19
1884
Тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон беш аз 20 хонаводаи тоҷик омодаи интиқол ба кишваре босубот аз Яман ҳастанд. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, дар Яман дастикам 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксари онҳо пизишкон ҳастанд, кор ва зиндагӣ мекунанд.
КУШТА ШУДАНИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН
04.04.2011 21:30
1729
Дар як амалиёти вижаи нерӯҳои интизомии Қирғизистон дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон Умед Низомови тоҷиктабор кушта ва як нафари дигар боздошт шудааст.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРЎҲИ САФИРОНИ КИШВАРҲОИ САҲА
04.04.2011 21:26
1707
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи сафирони кишварҳои Созмони амният ва хамкори дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
ҲАЛОКАТИ ДУ МАРЗБОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ
04.04.2011 15:25
1656
Додситонии ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб аз рӯи кушта шудани ду сарбоз дар дидбонгоҳи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Зоиршо Ғуломов, додситони ҳарбӣ дар ин минтақа бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт ...
ДАРГИРӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
04.04.2011 15:23
1757
Дар амалиёте дар минтақаи марзии Суғду Ботканд як шаҳрванди Тоҷикистон - Умед Низомов кушта шудааст. Амалиёти ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби нерӯҳои интизомии Қирғизистон пас аз зӯҳри дувуми апрел, дар ноҳияи Лайлак ...