08:13:23 09-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/rustam-rahmatzoda-565452323.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/rustam-rahmatzoda-565452323.jpg'
Талоши салафиҳо ба узвият дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 31.01.2015 10:40 1096
Шодӣ Шабдолов гуфт, то кунун чанд тан аз пайравони "Салафия" талоши шомил шудан ба ин ҳизбро кардаанд, вале ба онҳо иҷоза надодаанд, то аз минбари ҳизб ба манфиати худ истифода кунанд.
"Дасти рост"-и У.Қувватов ба Душанбе оварда шудааст 31.01.2015 10:39 1042
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Мақсуд Иброҳимов - раҳбари созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Русия ва яке аз ёрони УмаралӣҚувватов ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад.
Нигаронии Иттиҳодияи Байналмиллалии Ҳуқуқдонҳо аз маҳкумияти Қудратов 30.01.2015 07:49 847
Иттиҳодияи байналмиллалии ҳуқуқдонҳо аз ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва муъовини раиси ҳизби мухолифи сусиол демукроти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Душанбе: Хушбахтона, хабари ҳалокати 3 тоҷик дар Либия тасдиқ нашуд 30.01.2015 07:42 796
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хушбахтона, хабари ҳалокати 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 27 январ ба як меҳмонхона дар пойтахти Либия тасдиқ нашуд.
Маҳфиле бахшида ба ёдбуди Суҳроб Шарифов 28.01.2015 08:26 839
Дар маҳфиле, ки дирӯз, 27.01.2015, бо ибтикори Бошгоҳи коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ «Рушди АвруОсиё» бахшида ба ёдбуди сиёсатшиносу сиёсатмадор, собиқ раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ дар назди Президенти мамлакат, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагони МОТ ...
Номзадии Шокирҷон Ҳакимов сабт нашуд 28.01.2015 07:21 866
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд ба тарафдорияш севуним ҳазор имзо ҷамъ овардаам, вале мақомот аз сабтиноми номзадии ӯ дар ҳавзаи рақами 19-и Конибодом худдорӣ кардаанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ...
Раҳматзода: "12 соат барқ гирифтани сокинон дурӯғ нест" 27.01.2015 12:52 906
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, сокинони кишвар дар шабонарӯз бо 12 соат нерӯи барқ таъминанд ва ин ҳақиқат аст, на дурӯғ. Вай афзуд, дар ин бора ба раиси ҷумҳур онҳо иттилои расмӣ додаанд.
FBI "ҳалқаи ҷосусии рус"-ро шиносоӣ кард 27.01.2015 12:49 836
Пулиси Федероли Амрико, Эф-бӣ-ой, як ҳалқаи сенафараро, ки мегӯяд барои Русия ҷосусӣ ва талош мекарданд, дар шаҳри Ню-Йурк хабарчини аҷиркунандаро шиносоӣ ва яке аз онҳоро, ки ҳанӯз дар Амрикост, муттаҳам кардааст.
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Юсуф Раҳмонов ба ҷои Шерхон Салимзода 24.01.2015 12:15 850
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов додситони кулли Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки 5 сол пеш ба ин курсӣ такя зада буд. Юсуф Раҳмонови 49-сола бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ...
Боздошти вакил барои "тасарруф"-и беш аз $100 000 23.01.2015 19:45 892
​Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ як вакили мудофеъро барои аз худ намудани беш аз 100 ҳазор доллари корафтодагон айбдор мекунад. Ҳоло парвандаи Алишер Файзуллоев ба Додгоҳи Душанбе ирсол шудааст.
Эътирози тоҷирони Кӯлоб дар назди бинои ҳукумат 23.01.2015 19:36 863
Ҳудуди 50 нафар тоҷирони фурӯшгоҳиқисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар маркази савдои “Лола”-и Кӯлоб ба нишони эътироз аз амалкарди раҳбарони ин бозор, аз ҳукумати шаҳр хостори мусоидат шуданд.
Боздошти як муаззин дар Панҷ бо гумони таҷовузи духтари 6-сола 23.01.2015 19:35 1102
Як муаззини 73-сола аз ноҳияи Панҷ бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 6-сола дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ин иттиҳом ҷузъи ба ном маъракаи бадномкуниии рӯҳониён нест, балки воқеият дорад.
Боздошти як ҷангии тоҷик дар Лугари Афғонистон 22.01.2015 11:01 833
Мақомоти Афғонистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Лугар хабар доданд, ки қасди анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар он кишварро доштааст.
Боздошти "майор" барои ҳамдастӣ бо қочоқбарон 19.01.2015 20:48 820
Як афсари қисми низомӣ дар ноҳияи Конибодом барои ҳамкорӣ бо як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир, боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ...
Кушта шудани як генерали эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба Сурия 19.01.2015 20:47 822
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи душанбе эълом кард, яке аз фармондеҳони ин нерӯ дар пайи ҳамлаи "як чархболи исроилӣ" дар минтақаи Қанийтараи Сурия кушта шудааст. Пеш аз ин Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон эълом карда буд ...

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854