Боздошти як муаззин дар Панҷ бо гумони таҷовузи духтари 6-сола
23.01.2015 19:35
1102
Як муаззини 73-сола аз ноҳияи Панҷ бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 6-сола дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ин иттиҳом ҷузъи ба ном маъракаи бадномкуниии рӯҳониён нест, балки воқеият дорад.
Боздошти як ҷангии тоҷик дар Лугари Афғонистон
22.01.2015 11:01
833
Мақомоти Афғонистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Лугар хабар доданд, ки қасди анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар он кишварро доштааст.
Боздошти "майор" барои ҳамдастӣ бо қочоқбарон
19.01.2015 20:48
820
Як афсари қисми низомӣ дар ноҳияи Конибодом барои ҳамкорӣ бо як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир, боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ...
Кушта шудани як генерали эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба Сурия
19.01.2015 20:47
822
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи душанбе эълом кард, яке аз фармондеҳони ин нерӯ дар пайи ҳамлаи "як чархболи исроилӣ" дар минтақаи Қанийтараи Сурия кушта шудааст. Пеш аз ин Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон эълом карда буд ...
Вакилони порлумон: Марги Сӯҳроб Шарифов талафоти бузург аст
19.01.2015 13:20
879
Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар бахши амрози қалби беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.
Нахустконсерти Шаҳроми Абӯбакр
19.01.2015 00:09
1090
Дирӯз, 17.01.2015, дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номаи Акашариф Ҷӯраев нахустконсерти Шаҳроми Абӯбакр, овозхони ҷавон, вале маъруфи кишвар баргузор гардид.
Эъломи баргузории ҳамоише бо суханронии Кабирӣ дар бораи ҷойгоҳи ҳазрати Муҳаммад (с)
17.01.2015 11:33
816
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши "Рисолати Муҳаммад (с) ва ҷаҳони муосир" суханронӣ хоҳад кард.
Маскавиҳо "пазмон"-и роҳрӯбони осиёӣ шудаанд
17.01.2015 11:32
830
Бӯҳрони иқтисодӣ ва қонунҳои нав дар Русия муҳоҷиронро аз Маскав "гурезондааст". Ҳоло бо вуҷуди барфи зиёд дар кӯчаҳои пойтахти Русия роҳрӯбони “осиёӣ” дигар тақрибан дида намешаванд.
Ҳушдори Исмоил Хон аз ҷанги нав дар Афғонистон
15.01.2015 21:53
1068
Муҳаммад Исмоил Хон, яке аз фармондеҳони маъруфи ғарби Афғонистон, ки то таъсиси ҳукумати нав вазири обу энержӣ буд, дар бораи таҳдиди як ҷанги бесобиқа дар моҳҳои оянда ҳушдор додааст. Ҳушдори Исмоил Хон рӯзи панҷшанбе дар ҷанозаи доктор Нургул ...
Пешбарии И.Каримов ва Ҳ.Кетмонов ба президентии Узбакистон
15.01.2015 21:38
811
Ислом Каримови 76-сола зоҳиран довталаби асосӣ дар интихоботи президентии моҳи марти Узбакистон хоҳад буд. Ӯ дар ин маърака бо Ҳотамҷон Кетмонови барои аксар ноошно "рақобат" хоҳад кард.
Интиқоли беш аз 860 ҷасад аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014
15.01.2015 21:36
710
Вазири кор, таъмини иштиғол ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2014 аз Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 870 ҷасади шаҳрвандони ин кишвар интиқол ёфтаанд.
Ҳероин дар харбуза. Боздошти 3 тоҷик бо 150 кг мухаддирот дар Маскав
14.01.2015 14:53
831
Мақомоти интизомии Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро бо 150 килограм ҳероин боздошт карданд, ки онро дар дохили харбузаҳо ҷой карда ва то ба Маскав расонидаанд. Пулиси вилояти Маскав дар як амалиёти муштарак...
Пирӯзии "Мегафон"-у "Билайн" дар баҳси додгоҳӣ бо Кумитаи андоз
14.01.2015 14:51
854
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, баҳси бархоста миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилии "Билайн"-у "Мегафон"-ро ба фоидаи дувумиҳо ҳал кардаанд.
Хабари фирори “Раис” аз боздошт рад шудааст
13.01.2015 07:06
963
Масъулони амнияти миллӣ фирори Раис Худойдодро, ки аз “хатарноктарин” афрод ба ҳисоб рафта, таҳти пайгарди қонунии мақомоти Тоҷикистон ҳам қарор дошт, нодуруст хонданд.Масъулони идораи амнияти миллии Афғонистон фирори "Раис Худойдод"...
Қатли хоҳар бо 11 зарби корд дар Хуҷанд
13.01.2015 07:04
914
Як сокини шаҳри Хуҷанд дар пайи “муноқишаи хонаводагӣ” хоҳари худро бо 11 зарби корд ба қатл расондааст. Ҷузъиёти муноқиша рӯшан нест ва мақомот мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард.