18:12:18 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пурсишеву посухе: Аввалин филми тоҷикӣ кадом буд?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Дар хабарҳои ин ҳафта хондем, ки мавсими фаъолияти хазинаи ҷамъиятии “Душанбе Арт Граунд” аз филмҳои ҳуҷҷатии Яра Лӣ оғоз шудааст. Кист ӯ ва таваҷҷуҳ ба филмҳои ӯ чаро?

Нозим Салим, Душанбе

art-ground-45789989Дар ҳақиқат мавсими ин хазинаи ҷамъиятӣ аз намоиши ду филми ҳуҷҷатии коргардони машҳур Яра Лӣ “Фарҳанги муқовимат” ва “Страдание трав” оғоз гардид ва худи коргардон низ ҳузур ёфт. Ин филмҳо бо забони инглисӣ, вале бо тарҷумаи субтитрии русӣ намоиш дода шуданд. 

Яра Лӣ коргардони чирадасти сатҳи ҷаҳонист, ки худ сокини куриётабори Бразилия буда, яке аз фаъолони ҳифзи ҳуқуқи башар мебошад. Хонум Лӣ аз ҷумлаи касонест, ки бо вуҷуди фаластинӣ набудан, вале барои истиқлолияти Фаластин талош мекунад. Ба маънии дигар аз дӯстони мардуми мусалмони Фаластин ва узви фаъоли ҷамъияти Миллӣ-ҷуғрофӣ ва ҷамъияти машҳури “Гринпис” мебошад. Дар олами синамо бо ду филми худ: “Иродаи сунъӣ” ва “Модулятсия” машҳур шудааст.

Яра бар ин назар аст, ки бо фарҳанг метавон мушкилоти ҷомеаи байналмилалиро ҳалл намуд. Соли 2006 вай муддати 34 сол дар байни ҷанги Исроил ва Лубнон монд ва бомбборонҳои 34-рӯзаи давлати яҳудиро таҳаммул кард ва шоҳиди қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои лубнониҳо буд. Аз он вақт ба инҷониб ҳаёти худро ба барқарории субботу амният дар ин минтақа аз хоки ҷаҳон бахшидааст. Вале талошҳои ӯ ҳама дар доираи талошҳои фарҳангист. 

Яра Лӣ соли 2008 чандин лоиҳаи барномаҳо дар мавриди табодули фарҳанг миёни Эрон ва Ғарб иштироки фаъолона доштааст. Вай аз шоҳидони аслии ҳамлаи командоси исроилӣ ба корвони ҳомили кӯмаки башарӣ ба навори Ғазза буд, ки соли 2010 иттифоқ уфтод. Хонум Лӣ аз ҷумлаи мудофиини ҳуқуқи башар дар яке аз ин киштиҳо ҳузур дошт ва бо чашмони худ дидааст, ки чӣ гуна сарбозони исроилӣ вориди киштиҳо дар обҳои озод шуданд ва дар даргирӣ 9 фаъоли ҳуқуқи башар ҷони худро аз даст доданд.

Аввалин филми тоҷикӣ кадом буд?

Оё метавонам ин гуна маълумот ба даст оварам?

Аслонҷон Пулодов, Ҳисор

Ба саволи хонанда, Раиси Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов посух дод.

tajik-film-455878Шахсан ман наметавонам ягон санаи дақиқи наворбардории ягон филми ҳунарии тоҷикиро баён кунам, чун ин гуна сана вуҷуд надорад. Вале он ки аввалин навори вуруди нахустин қатор ба шаҳри Душанбе 16 октябри соли 1929 дар сеюмин анҷумани Фавқулоддаи Шӯроҳои Тоҷикистон намоиш дода шуда буд, далели раднопазири таърихист. Он замон ҳокимияти шӯроҳо дастоварди муҳими худро ба мардум бо ҳамин навори ҳуҷҷатӣ намоиш дод ва аз он ба баъд кино ҳам ба як дастгоҳи муҳими таблиғотӣ табдил гардид.

Аввалин ҳунармандон ва синамогарони ташаббускорро метавон ном бурд. Инҳо асосгузорони кинои тоҷик, В.Кузин, А.Шевич, Н.Гезулин буданд ва баъд ба ин гурӯҳ синамогарони касбии рус В.Микшис Б. Синеоков (наворбардор), В.Хабур (коргардон), Н.Рожков (сенариянавис), Л.Печорин (коргардон), И.Вернер, Д.Василев (коргардон), М.Штраух, А.Чергонин, О.Жаков (ҳунарманд) ва дигарон омаданд ва дар рушди синамои тоҷик ширкат карданд.

Баъдан кадрҳои миллӣ сабзиданд. Инҳо Комил Ёрматов (сенариянавис, коргардон ва ҳунарманд), Г.Баҳор (коргардон), Ф.Эшонов (наворбардор), С.Туйбоева, Р.Қурбонов, Ш.Ҷураев, Р.Пирмуҳаммадов, Д.Саидов (ҳунармандон) буданд. Сипас, И.Барамиков (наворбардор), Ш.Султанов (наворбардор), К.Олимӣ (коргардон), А.Бурҳонов, А.Исматов ба майдони санъат омаданд, ки зина ба зина синамои тоҷик рушд кард.

Аввалин филмҳои тоҷикӣ филмҳои ҳуҷҷатӣ буданд. 18 майи соли 1930 Ҳукумати Тоҷикистон трести “Тоҷиккино”-ро таъсис дод ва аввалин гурӯҳи эҷодии синамо ҳам соле баъд арзи вуҷуд кард. 

Аввали солҳои 30 асри гузашта нахустин филмҳое, ки дар онҳо нақшҳо офарида шуданд, ба вуҷуд омаданд. Дар ин қатор метавон аз филмҳои «Муҳоҷир” (нахустин филми хунарии тоҷик) ва “Ҳақи ифтихорӣ”-и коргардон ва ҳунарманди машҳур Комил Ёрматов ёд кард. Ва ба дунболи он “Вақте амирон мемиранд”-и Л. Печорин,«Худои зинда”-и М. Вернер рӯи кор омаданд, ки ҳамагӣ филмҳои беовоз буданд. 

Метавон гуфт, ки филмҳои ҳуҷҷатии солҳои 30 баёнгари руҳи ҳамон замон буданд ва ҳар пешрафти техникиву рушди кишвари шӯроҳоро тавассути ин ё он навор ё филми ҳуҷҷатӣ ба мардум мерасониданд ва ҳадаф низ нишон додани беҳбудии сохти сотсиалистӣ аз низоми капиталистиву шоҳигарӣ буд. Ва ин аз номи худи ҳамон филмҳо низ пайдост: «Дар роҳи коллективизатсия”, «Ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо омаданд”, «Бунёди Вахш”, «Аз пахта то матоъ”, «Аз омоч то плуг”, «Дар сохтмон” ва ғ.

Умуман таърихи киноматографияи тоҷик хеле фарогир аст ва чун суоли хонанда дар бораи аввалин филми тоҷикӣ буд, бо ҳамин иктифо мекунам.

Оё гармои шадид ҳам барои инсон маргбор аст?

Тобистони имсол дар сар то сари ҷаҳон гармои шадид эҳсос гардид. Дар иддае аз мамолик ҳатто аз гармои сахт мардум ҷони худро аз даст доданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки иқлими олам тағйир ёфтааст ва акнун зимистон сарду тобистони гармтар аз ҳам вақти дигар аст. Мехостам донам, ки кадом ҳарорат барои инсон кушанда ва ё зараровар ба саломатии ӯст?

Муҳиддин Асоев, Бохтар

zhara-5457878Саволи хонанда метавонад ду посух дошта бошад. Яке посухи доманадори илмӣ ва дигар ҷавоби басо кӯтоҳе, ки инак ироа мекунем: Олимон бар ин назаранад, ки дар ҳарорати гармии +42 °С мағзи сари инсон ба тағйироти ҷиддӣ гирифтор мешавад. Дар ҳарорати +45 °С ҳуҷайраҳои бофтаҳои бадани инсон вайрон мешаванд. Ин як ҳолати садамавӣ ва марговар барои инсон аст, ки дар сурати гармои идомадор метавонад ҳаёташро ба фоҷеа рӯ ба рӯ созад.

Калонтарин киштии олам кадом аст?

Оё ман метавонам дар бораи калонтарин киштии олам маълумот пайдо кунам? Он кай ва дар куҷо сохта шудааст?

Шукрихудо, Ишкошим

Албатта, метавонед. Калонтарин киштӣ бо номи RMS Queen Mary 2 («Малика Мэри-2») мебошад, ки дарозии он 345 метр (баробар ба масоҳати 3,5 майдони футбол ва 45 метр бештар аз бурҷи Эйфел мебошад. Бари он 42 метр буда, 72 метр баландӣ дорад. Зарфияти он 150 ҳазор тонна мебошад. Дорои 310 кобини 18-25 18-25 мІ, ва ду кобини бузург мебошад.

queen mary 2454545Майдони нишасти чархболҳо дорад ва калонтарин китобхонаи баҳрӣ дорои 8000 китоб, ду қаҳвахонаи интернетӣ, 4 ҳавзи оббозӣ, 6 тарабхона, 2 кинотеатр, боғи зимистона, қиморхона дар он ҷойгир шудааст. Барои хидматрасонӣ ба киштӣ 1253 нафар ҷалб мешаванд ва он метвонад то 1367 нафарро, ки омодаанд ба ивази то 30 ҳазор евро бо ин киштӣ сайри баҳру уқёнус кунанд, кашад. Барои сохтани ин киштӣ 8 миллион соати кории инсонӣ масраф шудааст. 

RMS Queen Mary 2 киштие мебошад, ки сайри олам кардааст ва  10 январи соли 2007 аз бандари Форт Лодердейл (штати Флоридаи ИМА http://ru.wikipedia. org/wiki/%D0%A1%D0%A8% D0%90) хориҷ шуд ва баъди 81 рӯз ба ҳамин бандар расид. Он замон қариб 500 сарнишин дошт ва қисме аз онҳоро лозим омад барои ин саёҳати бузурги гирди олам 100 ҳазор доллари иловагӣ ба нархи чиптаи асосӣ бипардозанд. Ин рӯйдод ба китоби Гиннес дохил шудааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi