22:33:48 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Пурсишеву посухе: Кӣ ва чаро аз ҷоизаи Нобел даст кашид?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Мо ба чӣ миқдор гази моеъ ниёз дорем?

Тоҷикистон бештар аз кадом мамолик гази моеъ ворид мекунад? Ва умуман мизони эҳтиёҷи кишвар ба ин намуди сӯзишворӣ, ки амалан алтернатива ба бензин барои мошинҳост, чӣ қадар аст?

Ҳидоят, ронанда аз шаҳри Душане

gaz-4566646565Ба бахши дуюми саволатон посухи дақиқ пайдо нашуд. Зеро аз моҳ ба моҳи дигар теъдоди истифодабарандагони гази моеъ дар кишвар меафзоянд. Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 192 ҳазор ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 баробар зиёдтар аст. Вале моҳи ноябри соли ҷорӣ гази моеъ дар қиёс ба моҳи октябр 10 дар сад кам ворид карда шудааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва қисман аз Русияву Туркманистон низ оварда мешавад.

Соли 2010 Русия ба маҳсулоти нафтии барои Тоҷикистон содирмекардаи худ боҷи содиротӣҷорӣ карда буд. Ин боиси истифодаи бештар аз гази моеъ шуд. Аммо ба муҷарради лағви боҷи содиротӣ ба бензин эҳтимол меравад эҳтиёҷ ба гази моеъ боз коҳиш ёбад. Зеро вуруди сӯзишвории бе боҷи гумрукӣ нархи бензинро якбора то бештар аз 20 дар сад коҳиш дод.

Оё герсогина Кэтрин ба ҳамсараш хиёнат кардааст?

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" дар ҳамин саҳифаи "Пурсишеву посухе" дар бораи моҷароҳои хонаводагии шоҳзода Британияи Кабир Чарз навиштед. Дар ҳамин бора хабари дигар ҳам пештар расонаӣ шуда буд, ки гӯё набераи Чарлз аз падари дигар будааст. Оё ин рост аст?

Шаҳло, Норак

prince-england 452Мо наметавонем гӯем, ки ин рост аст ё дурӯғ. Фақат ҳамон хабареро метавонем шарҳ диҳем, ки шояд шумо ҳам хондаед. Камилла Паркер-Боулз, ҳамсари шоҳзода Чарлз иддио дорад, ки падари Георг Александр шоҳзода Уилям набуда, каси дигар аст. Аз ин рӯ герсогина Камилла Паркер-Боулз талаб дорад, ки ҳатман ба хотири рафъи шубаҳот ва олуда накардани хонадони шоҳаншоҳи бо хуни бегона ташхиси ДНК гузаронида шавад. Камилла Паркер-Боулз мегӯяд навзод ҳич нишони монандӣ ба падараш надорад ва герсогина Кэтрин бояд покии худро пеши чашми ҷомеа ва шавҳараш нишон диҳад.  

Ҳоло маълум нест, ки ташхиси ДНК сурат мегирад ё на. Вале баъзе манобеъи наздик ба сарварони Британия гуфтаанд, ки Камилла Паркер-Боулз метавонад аз рӯи рашку ҳасад ин гуна изҳори назарҳо кунад, то маъруфияти герсогинаи Кембриҷ Кэтринро миёни мардум коҳиш диҳад. Зеро худи ӯ дар ҳич замоне обрӯманд набуд. Вайро чун зане, ки қаблан ба шавҳари худ хиёнат кардаву баъдан ба шоҳзода Чарз издивоҷ кардааст, мешиносанд. Ин дар ҳолест, ки дар арафаи таваллуди навзод Камилла овоза паҳн карда буд, ки ба муҷарради рӯи қадам омадани фарзанд, Уилям дар ҷустуҷӯи маъшуқа гом хоҳад бардошт.

Аммо дар миён дар бораи хонаводаи маликаи Британия овозаи дигар ҳам буд. Навхонадорон қариб дар ҳоли аз ҳам ҷудо шудан буданд ва иллати он на хиёнати Кэтрин ва на хизмати Уилям дар артиш, балки майхорагии шоҳзодаи ҷавон буд, ки Кэтрин таҳаммули онро надоштааст.

Кӣ ва чаро аз ҷоизаи Нобел даст кашид?

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" мақолае дар бораи адиби соҳибҷоиза Элис Мунро хондам. То ҷойе ман медонам баъзе нависандагону шоирон ва олимон баъди он ки эълон шуд ба дарёфти ҷоизаи Нобел мушарраф шудаанд, аз он даст кашиданд. Чаро?

Холида Абдуназарова, донишҷӯ

nobel-prize-211212Дуруст аст. Аз замоне, ки ҷоизаи Нобел таъсис гардид, афроде аз гирифтани он худдорӣ карданд. Баъзеҳо бо далелҳои барои худашон мантиқӣ ихтиёрӣ даст кашиданд ва баъзеи дигар бо фишори низомҳо ва ҳокимон ногузир буданд онро нагиранд. Нависандаи оламшумули рус Лев Николаевич Толстой вақте донист, ки Академияи илмҳои Русия ӯро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кардааст, бо ирсоли нома ба дӯсташ, нависанда ва тарҷумон Арвид Ярнеелт аз ӯ хоҳиш кард, ки коре кунад, то ба ӯ ин ҷоиза дода нашавад. Адиби шинохта дарёфта буд, ки мукофоти Нобел қабл аз ҳар чизи дигар пул аст ва Толстой пулро бузургтарин бадбахтии башар медонист.   

Жан-Пол  Сартр соли 1964 аз ҷоизаи Нобел ихтиёрӣ даст кашид. Вай мегуфт, ки ин ҷоиза аввалан барои адибони Ғарб пешбинӣ шудааст ва баъдан барои "шӯришгарон"-и Шарқ. Сартр чунин меҳисобид, ки ҷоизаро танҳо як гуруҳе дарёфт мекунанд, ки зидди ин ё он сиёсатанд. Аммо адибони лаёқатманд ва шоиста онро дар ҳич замоне наметавонанд бигиранд. 

Борис Пастернак соли 1958 сазовори ҷоизаи Нобел шуд. Вале вай ногузир буд зери фишори давлати Шӯравӣ аз он ихтиёрӣ даст кашад. Ба Пастернак "барои хизматҳои шоистааш дар рушди насри рус" мукофот эъто шуд, вале давлати Шӯравӣ ба хотири романи ӯ "Доктор Живаго", ки дар хориҷ аз СССР интишор ёфта буд, монеъ шуд, ки ҷоизаро бигирад. Давлати Шӯравӣ ин романро аз "нигоҳи идеологӣ зараровар" медонист.

Соли 1937 Олмони фашистӣ монеъ шуд, ки адиби шинохтаи ин кишвар Рихард Кун ҷоизаи Нобелро бигирад. Ҳитлер аз он асабӣ шуд, ки дар радифи Кун яке аз душманони натсистон Карл фон Осетский низ соҳиби ин ҷоиза гардид.

Аз миёни олмониҳо олими химик Адолф Бутенандт ва физиолог Герхард Домагк низ бо фишори Ҳитлер аз ҷоизаи барояшон додашуда даст кашиданд.

Нависандаи рус Александр Солженитсин соли 1970 барандаи ҷоизаи Нобел шуд. Вале сарнавишти Борис Пастернак барояш такрор шуд. Ба ӯ иҷозат надоданд ба Стокҳолм равад. Аммо соли 1975 баъди аз СССР бадарға шуданаш ҳам ҷоиза ва ҳам дипломи онро гирифт.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi