Пурсишеву посухе: Чаро қиссаҳои қуръонӣ такрор ба такрор омадаанд?
Суолоти худро аз тариқи почтаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Ман динашаб бо инояти Худованд мутолиаи тарҷумаи форсии Қуръони Каримро ба анҷом расонидам. Албатта, ман медонам, ки ин хатми Қуръон нест, вале инро ба он хотир анҷом додам, ки ба маънии китоби осмонӣ сарфаҳм равам. Ва шукри Худованд, ки ин кор анҷом шуд ва ман хеле нуктаҳои муҳимро аз фармудаҳои Илоҳӣ дарк кардам. Аммо дар ин қатор суолоте ҳам пайдо шуданд, ки посухашро наёфтам. Қасд кардам тадриҷан ин саволҳоро ба шумо ироа кунам ва посухашро аз номи уламои саршиноси кишвар дар "Рӯзгор" мутолиа намоям. Ва яке аз ин суолот он аст, ки ҳангоми мутолиа ман қиссаҳоеро такрор ба такрор хондам. Зарурат чӣ будааст, ки қиссаи Пайғамбарон ва рӯйдодҳои дигарро Худованд такрор ба такрор овардааст?
Ҳоҷӣ Каримхӯҷа Салимхон
Ба саволи хонанда муаллифи "Тафсири навини Қуръони Карим" Абдушарифи Боқизода посух гуфт.
Хонандаи азиз Ҳоҷӣ Каримхӯҷа хеле саволи ҷолиб дар миён гузоштаанд, чун дар ҳақиқат ин як мавзуъест, ки шарҳаш барои аксари мардуме, ки аз эъҷози каломи Худованд огоҳии камтар доранд, зарур аст. Воқеъан ҳам шахси мутолиакунанда дар ҷараёни баррасии мафоҳими олии қуръонӣ гоҳо ба такрорёбии саргузашти миллатҳои пешин ва достони паёмбарони гузашта бармехӯрад.
Ин такроршавии гузоришоти қуръонӣ аз назари коршиносони соҳаи улуми Қуръон аслан такрори достони қаблан зикргардидае ба шумор намеравад, балки он бархӯрди гуногун бо мавзӯъ буда, дар ҳар мавқеъ паҳлӯи тозае аз онро бозгӯ намудааст. Зеро Қуръон ба бинои пайкари уммат ва сохтори ҳаёти мардум сару кор дорад ва дар раванди бинои шахсияти инсон ва сохтори нави иҷтимоӣ дар ҳар мавқеъ паҳлӯе аз ҳодисаро бозгӯ намудааст, ки ба ҳамон мақтаъи замонӣ ва вазъи иҷтимоӣ созгор бошад.
Марҳум Саййид Қутб дар ин бора мегӯяд: "Дар достонҳои қуръонӣ такрор вуҷуд надорад, зеро ҳеҷ достоне ва ё ҳалқае аз достоне дар Қуръон нест, ки аз лиҳози ҳаҷму андоза, шеваи баён ва рафти пешкаши мӯҳтаво ба сурати воҳиде такрор шуда бошад. Ва агар ҳалқае аз достоне дар ҷое такрор ёфта бошад, ҳатман он чизи тозаеро дар он мавзӯъ адо менамояд, ки ин ҳақиқати такрорро ба нафъ менамояд".
Ҳамин тавр, дар поёнбахши аксари оятҳо ва ё маҷмӯае аз онҳо баёни сифатҳои Худо, подоши аъмоли бандагон ва ё маъвои абадии ҳарду гурӯҳ: муъминон ва кофирон ба такрор зикр гардидааст. Ин барои он аст, ки меҳвари арзишҳои илоҳӣ, камарбанди ақидаи тавҳид ва таҳдоби дини Худо бар пояи имон ба Худо ва ба рӯзи охират бино ёфтааст. Бинои шахсияти солими инсонӣ ва сохтори ҷомеаи ормониро низ ба ҳамин нуқта тамаркуз мебахшад, ки пуштвонаи табиии он дар фитрати инсон ниҳода шудааст.
Одамон аз кай риш мегиранд?
Қариб ҳар сари субҳ, қабл аз рафтан ба кор риш метарошам. Баъзан ришгирӣ ҳам ба дилам мезанад. Ин субҳ ҳангоми ришгирӣ ин савол ба сарам омад: Одамон аз кай ба риштарошӣ оғоз ва одат карда бошанд? Ва аз саволе, ки аз худам пурсидаму ҷавобашро наёфтам, завқам омад. Ҳоло ин саволро ба шумо ироа мекунам, шояд посухе дошта бошад?
Мансур, шаҳри Душанбе
Оре, посухи ин суол чандон осон нест, чун касе намедонад, ки маҳз кӣ аввалин одаме буд, ки ришашро тарошид ва инро ба одати маъмулӣ табдил дод. Вале мо аз таърих медонем, ки кулли миллати қавмҳои пешин ришдорон буданд ва ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки Пётри 1 ислоҳоти ахлоқии русҳоро аз тарошидани риш оғоз карда буд.
Аслан риш мондан ва ё тарошидан бештар ду ҷанба дорад. Яке алоқаманд ба риояи оинҳои динист ва дигар пайравӣ аз ин ё он муди охир аст. Мудпарастӣ шакли ришмониро ҳам тағйир медиҳад. Масалан, мисриёни қадим тибқи оини замони худ ришашонро комил метарошиданд ва инро аз филмҳое ҳам дидан мумкин аст, ки аз замонҳои фиръавниён ҳикоят мекунанд. Аммо яҳудиёни қадим тибқи дине, ки аз он пайравӣ доштанд, риш мемонданд ва имрӯз ҳам ҷомеаи динии ин кишвар ва ҳама яҳудиҳои диндор (на саҳюнистон) риш доранд.
Римиёни қадим ҳам ришдорон буданд ва ба аксу сурати файласуфони он замон бингарем, ҳамаро ришдор меёбем. Вале баъдан Искандари Мақдунӣ дар ин кишвар тарошидани ришро муд кард. Румиёни қадим то соли 300 то эраи мо риш наметарошиданд ва баъд сартарошон пайдо шуданд. Ва таърих исбот кардааст, ки аввалин касе, ки дар Руми қадим ҳар рӯз ришашро метарошид, Сипио Африканус (солҳои 237-183 то солшумори мо) буд. Ҳарчанд тарошидани риш миёни римиҳо муд шуд, вале онҳо рузҳову ҳафтаҳои азодорӣ ин корро намекарданд. Баръакс юнониҳо дар ин гуна рӯзҳо риш метарошиданд. Одати римии тарошидани риш ба калисои католикии он низ таъсир гузошт ва ҳамаи роҳибон бидуни риш фаъолият доштанд. Дар асрҳои XVI-XVII ришмонӣ бори дигар барои усқуфҳо, кардиналҳо ва роҳибони калисоҳо расм шуд. Аммо баъдтар католикҳои Рим ба ҷуз монахҳо риши худро комил тарошиданд ва имрӯз агар ба аксҳои попи Рум таваҷҷуҳ намоед, ӯро бериш мебинед.
Дар Шарқи исломӣ риш мондан суннати Расул (с) аст ва ҳамаи касоне, ки пайравони ростини оини Муҳаммадӣ мебошанд, риш доранд. Вале ришмонии исломӣ низ қоидаҳои худро дорад, аммо баъзан дида мешавад, ки ришҳо миёни ходимони дин ҳам дарозу кутоҳанд. Ин ҳикоят аз он дорад, ки Ислом дарозову кутоҳии ришро меъёр қарор намедиҳад, вале ба тозагиву озодагӣ ва низофати он сахт таъкид мекунад.
Навъи дигар риши муосир муд аст, ки пайравони худро дорад ва ин мавзуи алоҳидаи суҳбат метавонад бошад.
Калонтарин ҳайвон обист ё заминӣ?
Оё ман метавонам дар бораи калонтарин ҳайвони замон маълумот гирам?
Ашрафхуҷа Салимов, ноҳияи Данғара
Албатта. Шумо метавонед ба ҳар саволе хоҳед дар ин саҳифа посух дарёфт кунед. Дар аҳди қадим, миллионҳо сол қабл аз солшумории мо дар рӯи замин ҳайвонҳое зиндагонӣ мекарданд, ки ба маротиб азимҷуссатар аз ҳайвоноти замони мо буданд. Вале ин гузашта буд, ки дар ҳукми таърих аст. Бузургтарин ҳайвони замони мо бино ба навиштаи олимон ва таҳқиқоти фарогир наҳанги кабуд аст. Вай бештар аз 30 метр дарозӣ ва наздик ба 125 тонна вазн дорад.
Ҷолибтаразҳама: наздикбасеҳиссаионросаривайташкилмедиҳад! Ва боз нуктаи ҷолиб: ин наҳанг аз оилаи ширхорон аст, на моҳиён. Илми исбот кардааст, ки чун ширхорагони обии дигар (делфинҳо ва шерони баҳрӣ) наҳанги кабуд низ аз ҷумлаи ҳайвоноте мебошад, ки аҷдодонаш дар гузашта на дар об, балки дар хушкӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Нишони ин намуди зоҳирии вай аст. Ними онро усухони "дастон" ва панҷ ангушти он ташкил медиҳад. Ин наҳанг низ чун дигар ширхорон фарзандонашро бо шири худаш бузург мекунад.
Онҳомислимоҳиёназтухмтаваллуднамешаванд, балкизиндабадунёмеояндваякмуддате, токалоншуданбомодаронашонмемонанд. Наҳангҳо ғалсама надоранд ва бо воситаи шушашон нафас мекашанд. Думи шиновари он амудӣ ҷойгир шудааст ва ба онҳо имкон медиҳад, ки барои нафаскашӣ басо озодона ва осон сар аз об берун кунанд. Узвҳои дарунии наҳанг, пайкар, системаи гардиши хуни он аз моҳиҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Ҷонсӯзтарин садамаи ҳавопаймоӣ кадом буд?
Қариб ҳар ҳафта хабар мерасад, ки дар ин ё он гӯшаи Сайёра ҳавопаймое ба замин задаст ва ё дар ҳаво таркидаст. Умуман ба андешаи ман садамаи ҳавопаймоҳо хеле мудҳишанд, ки ногаҳонӣ ҷони садҳо танро аз байн мебаранд. Бахусус, агар ин тайёраи бузурге бошад, ки беш аз сад ё дусад сарнишин дошта бошад. Мехостам донам, ки мудҳиштарин ва дардноктарин садамаи ҳавопаймоӣ кай ва дар куҷо рух додааст.
Мавзуна Холиқова, донишҷӯ
Пурфоҷеатарин ва мудҳиштарин садамаи ҳавопаймоӣ 27 марти соли 1977 ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз дар фурудгоҳи Лос-Родеоси ҷазираи Тенериф, ки мансуб ба Испания мебошад, ду ҳавпопаймои пур аз мусофири Боинг-747 ба ҳам бархӯрданд ва бар асари он 583 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса на дар ҳаво, балки дар замин рух дод. Тайёраи ширкати ҳавопаймоии KLM, ки бо хатсайри 4805 таҳти идораи капитан Якоб Зантен бо суръати 250 км/с ба замин фуруд омад ва ба тайёраи ширкати ҳавопаймоии "Пан Американ", ки бо хатсайри рақами 1736 таҳти идораи капитан Виктор Граббс айнан бо ҳамон суръат ба замин нишаста буд, дар як хат ҳаракат карданд ва дар фурудгоҳ бо ҳам бархӯрданд.
Чӣшӯрумағалебархост, чӣсадоидаҳшатоварвачӣфаввораиоташ, киосмониҷазираропуркард. Фоҷеа замоне ба вуқӯъ пайваст, ки чанд лаҳза пештар дар фурудгоҳи Лас-Палмас, ки ин ду ҳавопаймо мебоист дар он менишастанд ва барои қабулашон аз қабл омодагӣ мерафт, амали террористӣ сурат гирифт.
Дар маҳалли интизории мардум бомби коргузошташуда инфиҷор ёфт, ки чанд касро захмӣ кард. Дар фурудгоҳ шӯру ҳангомаи зиёд бархост ва ҳарчанд аз ин инфиҷор касе талаф наёфт, бо вуҷуди эҳтиёт маъмурияти он лозим донист, ки барои муддате онро бандад. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд рейсҳои дар ҳоли парвоз дар фурудгоҳи Лос-Родеос фуруд оянд. Шояд омодагии қаблӣ гирифта нашуд ва ё шояд навбатдор хати нишастро дуруст мушаххас накард, ки ин ҳодиса рӯй дод.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014
-
12.11.2025 14:29
271
Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ
-
08.11.2025 13:52
454
Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)
-
08.11.2025 13:50
439
Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп
-
26.09.2025 12:42
471
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
533
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1242
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
21.11.2025 12:03
476
Дар Душанбе ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид
-
12.11.2025 14:31
509
Сармоягузорони ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро ба Тоҷикистон равона месозанд — нашри махсуси The Investor 2025
-
19.10.2025 11:39
600
Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе Инвест-2025
-
16.10.2024 00:22
1673
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1604
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2308
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
506
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
539
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
400
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:57
520
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
474
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
609
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
30.11.2025 19:44
455
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
21.11.2025 12:01
427
Вохӯрии Вазири меҳнат бо намояндагони ширкати TELC GmbH – Олмон
-
25.10.2025 14:35
555
Қадами аввали муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ тариқи барномаи давлатии EPS (Employment Permit System)
-
28.02.2025 13:34
1591
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1648
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2577
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1244
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1213
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2426
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
409
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
432
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
463
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1066
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1237
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1058
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3586
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3750
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4201
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
669
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
675
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
737
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































