00:50:15 19-уми Августи 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Бахтиёр Худойназаров: коргардони муваффақ, вале берун аз Ватан

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Баъди аз Душанбе ба Бишкек рафтани коргардони машҳури кишвар Барзу Абдураззоқов дар матбуот хондем, ки ӯ аввалин касе аз миёни ҳунармандон набудааст, ки аз Тоҷикистон рафтааст. Дар ин миён аз коргардонҳои дигари шинохтае чун Бахтиёр Худойназаров ёд мешавад, ки дар Маскав филм меофарад ва аз ҷумлаи муваффақҳо низ мебошад. Оё ҳамин тавр аст?

Самариддин Ҳабибуллоев, сокини Истаравшан

bakhtiyor-khudoynazarov 124Дуруст аст. Бахтиёр Худойназаров аз шинохтатрин чеҳраҳои фарҳангии тоҷик аст, ки муддатҳост дар Маскав кору эҷод мекунад ва аз зумраи он коргардонҳои маъруфест, ки филмҳои офаридааш бештар ба кинофестифалҳои байналмилалӣ роҳ ёфтаву барояш ҷоиза ва шуҳрат овардаанд. Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1989 факултаи коргардонии Институти умумииттифоқии киноматографияро хатм кард.

Бо ҳунармандони дар оянда машҳури рус Фёдор Бондарчук, Иван Охлобистин, Тигран Кеосаян, Александр Баширов, Рашид Нуъмонов дар як курс таҳсил кардааст. Он замон дар факултаи сенариянависӣ баробар бо онҳо Ренат Литвинов ва Роман Качанов таҳсил мекарданд. Баъди хатми донишгоҳ муддате дар кумитаи радио ва телевизион ба сифати журналист кор кард, баъдан ассисенти коргардон дар киностудияи "Тоҷикфилм" буд.

Аввалин филми ҳунарии ӯ бо номи "Братан" соли 1991 рӯи кор омад ва дар кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби якчанд ҷоиза гардид. Филми дуюми ӯ "Қош ба қош", ки соли 1993 ба навор гирифта шуда буд, дар киновестивали Венетсия бо ҷоизаи "Шери нуқраӣ"  сазовор дониста шуд.

Комедияи фоҷеавии ӯ бо номи "Падари маҳтобӣ" барояш шуҳрати дигар овард ва маҳорати коргардонии ӯро бештар аз дигар асарҳояш барҷастатар нишон дод. Ҳоло ӯ гоҳ дар Маскав ва гоҳи дигар дар Берлин зиндагонӣ мекунад. Соли 2012 фили Бахтиёр Худойназаров "Дар интизори баҳр" кинофестивали YII-уми Румро ифтитоҳ намуда буд.

Асосгузори 8 Март кист?

Ҳар сол таҷлили 8 Март расм шудааст ва ҳатто дар тақвими мо он рӯзи истироҳат аст. Ҳатто имсол ба шарофати 8 Март мо се рӯз рӯи пайи ҳам истироҳат кардем. Вале ман намедонам ин рӯзро чӣ таърихест ва бунёдгузори ин ҷашн кист.

Марҳабо Самаддухт, Душанбе

clara_zetkin_1111.jpgОре, ҳар ҷашн таърихеву асосгузоре дорад ва бунёдгузори 8-Март бонуи олмонӣ ва яке аз чеҳарҳои дурахшони олами сиёсат Клара Сеткин буд. Клара коммунисти собитқадам ба шумор мерафт ва дар соҳибшуҳрат шудани ин ҳизб миёни занони олмонӣ ва аврупоӣ хизматҳои арзишманде кардааст. Вале ба назар мерасад он ҳама хадамот баробар ба ин наёмад, ки рӯзеро чун рӯзи бонувон таъсис дод. Ва имрӯз ҳам ҳар гоҳе инсонҳо ёди 8-Март мекунанд, Клара Сеткинро ба хотир меоранд. Ва чун исми Клара Сеткин ба забон рондем, зимнан мехостем ба мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ руҷуъ кунем. Клара, ки мегӯянд номи духтариаш Айснер буд, соли 1857 дар шаҳраки саксонии Видерау дар хонаводаи омӯзгори деҳотӣ ба дунё омад.

Аллакай дар овони мактабхонӣ бо зеҳни тезаш ҳамаро мафтун карда буд. Дар нуҳсолагӣ Гёте ва Шиллерро комилан хондаву аз худ кардааст ва пораҳо аз "Таърихи инқилоби Фаронса"-и муаррих Томас Карлейро аз ёд мехондааст. Ба сиёсат аз овони донишҷӯӣ ворид шудааст, соли 1878 аллакай вай узви Ҳизби Сотсиал-демократии Олмон (ҲСДО) буд. Баъдан бо инқилобчии муҳоҷири рус Осип Сеткин издивоҷ кард ва бо ӯ ба Сюрих рафт, то ҳаёти худро аз чанги таъқиботи ҳокимони замон наҷот диҳад. Соли 1882 зану шавҳар ба Порис рафтанд. Соли 1889 Осип аз бемории сил фавтид.

Дар Фаронса Клара ба муборизаи озодихоҳӣ идома дод. Вақте дар Олмон дигар сотсиал-демократҳоро таъқиб намекарданд, Клара бо ду фарзандаш аз Порис ба ватанаш баргашт. Ва маҳз дар Олмон вай ба нашри газета барои бонувон бо номи "Баробарӣ" оғоз намуд. Соли 1907 бошад бо Роза Люксембург шуъбаи занони ҲСДО-ро сарварӣ кард. Дар Конфронси байналмилалии занони сотсиалист дар Копенгаген бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори таҷлили рӯзи Байналмилалии занон содир шуд ва аз ҳамон замон ба баъд дар кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯровӣ низ рӯзи 8-уми Март чун рӯзи Озодии занон таҷлил мешуд.

Аммо баъди касби истиқлолият Тоҷикистон ҷашни 8-Мартро боқӣ гузошт, вале он акнун на рӯзи озодии занон, балки рӯзи модарон номида мешавад.

Ҳаёти баъдинаи инқилобчии матин ва муборизи роҳи озодии занон фоҷеабор омад. Ҳарчанд вай муддати тӯлонӣ дар чандин интихобот аз ҲСДО вакили парламон интихоб шуда буд, вале баъдан Иттиҳоди Шӯравиро макони зисташ қарор дод. Вай аввалин бор ба кишвари Шӯроҳо соли 1920 омад ва бо Ленин ва Крупская шинос шуд. Баъди дар интихоботи соли 1932 ишғоли курсиҳои бештар аз ҷониби ҳизби Ҳитлер Клара аз Маскав ба Берлин рафт, то чун вакили собиқадор ҷаласаи аввалини даъвати нави параламонро ифтитоҳ кунад. Дар ҳамон анҷуман аз хатари миллигароӣ барои ҷомеаи башарӣ сухан ронд ва баъди он ки Ҳитлер фаъолияти аҳзоби чапгароро манъ кард, Клара Сеткин ба Маскав баргашт ва то охири умр дар он ҷо монд. Вай соли 20 июни 1933 дар синни 76 солагӣ дар Архангелск аз дунё гузашт. Мегӯянд барои видоъ бештар 600 ҳазор нафар омаданд ва хокистари ӯро дар девори Кремл ҷо доданд.

Буққаро на ранги матоъ, балки ҳар ҷунбанда ба хашм меорад

Филме тамошо кардам дар бораи мусобиқа бо буққаҳо буд. Ёд надорам чӣ ном дошт, вале медидам, ки одамон дар майдон бо буққаҳои хашин меҷанганд ва ҳар боре матоъи сурхи дасти худро авлонҷ медиҳанд, буққа ба хашм меояд ва ҳамла мекунад. Сабаб чӣ бошад, ки буққа аз ранги сурх хашмгин мешавад?

Неъмати Олимхуҷа, донишҷӯ

torerro 121221154Дар ҳақиқат ҷанги буққаҳо як мусобиқаи басо муҳим ва қадимӣ дар Испания ва дигар кишварҳои олам аст.  Аммо мухлисони ин бозии то ҳадде бераҳмонаву шигифтоварро далелҳоест, ки бовар кунонидани онҳо ба дигар далелу ҳуҷҷат кори мушкил аст. Ва яке аз ин далелҳо ва боварҳо он аст, ки ранги сурх буққаро ба ғазаб меорад ва ӯро ба ҳамла ташвиқ ё таҳрик медиҳад. Ана барои чӣ иштирокдорони бозӣ ҳамеша дар даст латтаи сурх доранд ва онро авлонҷ додаву хашми буққаро меоранд. Вале ин аслан чунин нест. Барои буқа ранги матоъ чандон муҳим нест, зеро вай рангро эҳсос намекунад ва ба фарқи он намерасад.  Ва худи бозингарон инро хуб медонанд. Бисёриҳо таҷриба карданд, ба ҷои латтаи сурх латтаи сафед дар даст гирифтанд ва буққа ҳамон гуна рафтор кард, ки бо латтаи сурх мекард.

Пас саволе мантиқист, ки буққаро дар ин гуна мавридҳо чӣ ба хашм меорад? Метавон мутмаъин буд ва посух дод, ки ӯро бештар аз ҳар чизи дигар на ранг, балки ҳаракати ашё ба хашм меорад. Ҳар ашёи ҷунбанда муҷиби хашми буққа дар майдон мегардад. Ва баъд: чун буққа рангро ташхис намекунад, агар шумо латтаи сафедро авлонҷ диҳед, вай бештар хашмгин мешавад ва ҳамла мекунад, зеро сафедро пештар ва хубтар аз сурх мебинад.

Опера аз балет чӣ фарқ дорад?

Мо театри опера ва балет дорем, вале ман намедонам, ки опера аз балет чӣ фарқ дорад. Шояд аз он бошад, ки ман ақаллан боре  ба ин театр нарафтаам.

Маҳмуд, Қӯрғонтеппа

opera 45565665Опера-навъи санъати театрист, ки  амалҳои саҳнавӣ бо мусиқии вокалӣ ва оркестрӣ омезиш ёфтаанд. Дар опера сурдхонии якка ва хор, вуҷуди ансамблҳои гуногун, оркестри симфонӣ, ороиши саҳна, сару либоси театрӣ ва саҳнаҳои ҷолиби рақси балет бо ҳам вуҷуд дошта метавонанд. Жанрҳое аз қабили операи калон, операи мазҳакавӣ, романтикӣ, опера ва балет аз муҳимтарин ва паҳншудатарин жанрҳои он ба шумор мераванд. Жанри операи мазҳакавӣ дар қарни 20 пайдо шудааст. Намоиши опера маъмулан дар театрҳои муҷаҳҳазгардонидашудаи опера ба саҳна гузошта мешавад. Балет ин намоишест, ки дар он бидуни сухан ва матн бо нӯги по мерақсанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1