02:49:32 24-уми Октябри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: София Ротару аз пазириши шаҳрвандии Русия даст мекашад

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Шунидам, ки ҳунарманди шинохта  София Ротару пешниҳоди иваз кардани шаҳрвандиашро рад кардааст. Оё дуруст аст ё ин овозае беш нест?

Маҳкам Хуҷақулов, Сарбанд

sofia-rotaru 545445Рӯйдодҳои Украина ва бахусус Қрим ҳатто ҳунармандон ва беҳтарину шинохтарин чеҳраҳои фарҳангиро ба ду гуруҳ ҷудо кард: тарафдорон ва мухолифони сиёсати Путин. "Рӯзгор" дар ин бора пештар навишта буд. Дар мавриди София Ротару бошад, ҳоло мехоҳем чанд ҷумла бинвисем. Оре, Ҳунарманди мардумии СССР София Ротару тасмим гирифт, ки шаҳрвандии Украинаро иваз накунад. Писари сароянда Руслан ба хабаргузориҳо гуфт:

"Ману ҳамсарам ва духтарам Сония муддати дароз аст, ки дар Киев зиндагонӣ мекунем. Софя Михайловна ҳарчанд ҳамеша дар сафар аст, вале дӯст медорад, ки дар Ялта бошад. Ман украинӣ ҳастам ва ҳаргиз намехоҳам худро шаҳрванди Русия донам. София Михайловна, ки молдован аст ва дар Украина  зода шудааст, тасмим надорад шаҳрванди Русия шавад. Агар зарур ояд, пас худро аз қайди Қрим хориҷ мекунем. Роҳи дигар нест".  

Солгарди фоҷеаи "Титаник": муаммоҳои нокушода

Бо гузашти бештар аз як садсола аз суқути киштии овозадори "Титаник" ҳамоно гуфтугузорҳо дар атрофи он идома доранд. Агар фаромӯш накарда бошам 2 ё 3 сол пеш номаи шоҳиди ин рӯйдод бо номи Лауре Франкателлиро дар як ауксиони Британияи Кабир ба беш аз 30 ҳазор доллар фурӯхта буданд. Ин хеле номаи нодир буд? Мехостам дар бораи ин хонум донам, ки чаро номааш ин қадар боарзиш буд?

 Садафмоҳ Оқилова, Бустон

titanic poster 15454554Хонандаи мо аз фоҷеаи мудҳиши таърихи башар ёд кардааст, ки ба оғозаш 10 апрели соли равон 102 соли пур мешавад. Дар он лаҳазоте, ки киштӣ тадриҷан ба об фурӯ мерафт, кам касоне буданд, ки ба наҷоти худ умед мебастанд. Зеро ҳама мепиндоштанд, ки танҳо тасодуф метавонад онҳоро аз чанголи марг наҷот бахшад. Он замон бисёриҳо худ шоҳиди ба об рафтани афрод мегаштанд ва маргро пеши чашмони худ медиданд.

Лауре аз ҷумлаи касони хушбахте буд, ки саҳни киштиро, ки баъдан ба саҳнаи фоҷеабори таърихи башар табдил ёфт, бо истифода аз заврақ қабл аз фоҷеа тарк карданд ва зинда монданд. Он замон Лауре 31 - сола буд. Баъди марги Франкапеллӣ шаҳодати хаттии ӯ дар мавриди ин рӯйдоди беназири таърихӣ ба дасти коллесионери хусусӣ афтид ва ӯ то ба ин дам онро нигоҳ медошт. Хонум Лауре соли 1967 ёддошти худро навиштааст ва ин замоне будааст, ки хотироташ ҳанӯз тоза ва ҷузъиёти рӯйдод якояк пеши назараш омадааст.

Дар ҷумла марҳум дар бораи "гулдуроси шадиде" навиштааст, ки ҳангоми ба қаъри обҳои сарди уқёнус фурӯ рафтани киштии бузург ба гӯши мардум расидааст. "Вақте киштӣ ба қаъри об фурӯъ мерафт, ғалоғулаи пуршӯре атрофро фаро гирифта буд, баъдан садои баланди мусофирон ба гӯш расид. Ин боз чанд муддат давом кард, дигар ёд надорам... Андаруни заврақ нишаста мо комилан хомӯш будем. Атрофро торикии ваҳшатноке фаро гирифта буд", - омадааст дар матни ин ҳуҷҷат. 

Франкапеллӣ, ки он замон котибаи шахсии хонум Люси Дафф-Гордон буд, ба хотир овардааст, ки ӯ ҳамроҳ бо корфармои худ ва шавҳари ӯҷаноби Космо Дафф Гордон яке аз он 12 мусофири заврақе буд, ки 40 нафарро метавонист интиқол диҳад. Мегӯянд Космо ба ҳар узви ҳайати киштӣ, ки дар ин заврақ савор шуда буданд, 5 фунт додааст, ки дар он замон пули калон маҳсуб мешуд. 

"Титаник" 10 апрели соли 1912 аввалин ва охирин сафари баҳрии худро оғоз намуд. Теъдоди мусофиронашро гоҳ 2,2 ва гоҳи дигар ҳудудан 2 ҳазор нафар гуфтаанд. Яъне, рақами ягона вуҷуд надорад.

Ин киштии бузург дар сеюмин рӯзи ҳаракаташ, яъне 14 апрел ба "айсберг" (кӯҳи яхӣ)-и бузурге бархӯрд ва канораи рости он шадидан осеб дид. Одамонро ваҳима пахш кард ва ҳама худро ба хотири наҷот ба қафои киштӣ мезаданд. Киштӣ ҳамагӣ 20 заврақи наҷот дошт, ки дар ҳоли зарурат ҳам наметавонист ҳамаро солим ба соҳил расонад, вале аз ин ду заврақро ба кор дароварда натавонистанд. Дар натиҷа ҳиссае аз одамон наҷот наёфтанд ва ҳамроҳ бо киштӣ ба қаъри об фурӯъ рафтанд.

Як рӯз баъди он "Титаник", аниқтараш  рӯзи 15 апрел соати 2.20 комилан ғарқ шуд. Дар манбаъҳои расман интишоршуда дар бораи шахсони наҷотёфта рақамҳои тахминӣ оварда мешавад. Гуфта мешавад, ки аз 2,2 ҳазор тан шояд ҳудудан 700 нафар худро ба соҳил расондаанд.

Филмҳои ранга аз кай пайдо шудаанд?

Ин суолро ман борҳо ба худ додаам, чун медонам, ки филмҳои аввалин ранга набуданд. 

Муслим Ҳусейнӣ, Душанбе

filmi-1944444444Дуруст аст. Филми ранга яку якбора пайдо нашудааст. Агар шумо шумораҳои аввали "Рӯзгор"-ро мутолиа карда бошед, мо дар бораи қадамҳои аввали кино сухан ронда будем. Дар посух ба пурсиши хонандагони худ мо гуфта будем, ки филмҳои аввал беовоз буданд ва баъди солҳои 30-уми асри  гузашта аввалин филмҳои овоздор пайдо шуданд.  Соли 1939 дар ИМА аввалин филми ранга наворбардорӣ шуд, ки "Бодбурда" ном дошт.

Вале филмҳои ранга танҳо баъди солҳои 60 ва 70 қарни гузашта ноил ба комёбӣ шуданд. Дар он солҳо олимон сари беҳбудии сифати плёнкаҳои ранга ба комёбиҳо даст ёфтанд. Аммо то расидан ба вазъи имрӯз лозим омад, ки солҳо тай шаванд ва ҳоло мебинем, ки филмбардории имрӯз ҳатто ба 10 ё 20 соли пеш қиёсшаванда нест.

Посух ба саволи номушаххас

Инсонҳо аҷоибанд ва баъзан мебинам, ки номҳо якхелаанд, масалан дар чандин кишварҳо бо як ном дар вақту соати гуногун филмҳо наворбардорӣ мешаванд. Шумо чӣ мегӯед?

Ашрафи Солеҳ, Ваҳдат

season poster-454545Савол то ҷое нофаҳмост. Ё шояд мо нафаҳмидем. Шояд идомаи саволро нанавиштанд ва савол нопурра расид. Намедонем. Аммо як посух медиҳем ва агар қаноатманд нашуданд, ин бор дақиқтар нависанд. Калимаҳои такрор ё номҳои такрор. Хуб фаразан агар ҳадафи савол филмҳои якнома бошад, пас посух дорем. Чун дар пурсиш наворбардории филм омадааст.

Таърихи филмсозии олам ин гуна ҳодисаҳоро зиёд медонад, ки дар вақту замони гуногун ва кишварҳои мухталиф филмҳои ҳамном ба навор гирифта шудаанд. Аввалан коргардонҳо на ҳама бо ҳам ошноянд ва кишварҳо на ҳамеша иртиботи наздике доранд, ки ҳунармандон аз офарида шудани асаре бо як ном огоҳ бошанд.

Дуюм, аксари ин филмҳо тибқи филмномаҳои гуногун ва дар мавзуъҳои мухталиф иншо шудаанд.

Таърихи синамои ҷаҳон то ҳол 6 филмеро медонад, ки бо номи "Чаро?" рӯи навор омадааст. Масалан, соли 1973 бо номи "Чаро?" коргардони амрикоӣ Виктор Столофф филм бардошт. Соли 1987 бошад коргардони чехословакӣ Карел Смичек филми худро ин гуна номгузорӣ кард.

Соли 2004 дар Амрико коргардон Мэтт Балзер ва соли 2006 дар Канада Крис Буджичевски ин гуна филм ба навор гирифт.

Соли 2009 бошад дар Испания Алваро де ла Ҳерран ва дар ИМА Эли Хиггинс бо номи "Чаро?" филм бардоштанд. Аммо аксари ин филмҳо кутоҳметраж буданд ва баъзе ба ин ё он муаммои илмӣ бахишида шуда буд.

Ба ин монанд бо номи "Ташнагӣ" солҳои 1949, 1959 ва 1979 се филм ба навор гирифта шудааст. Аз ин cе "Ташнагӣ" яке дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи кор омада буд ва ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1