Р.Абдуллоев: "Зидди Роғун ҳастам, вале зидди бомбаборон низ"
Академик ва доктори улуми иқтисодӣ, сардабири маҷаллаи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев мегӯяд, зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, аммо бомбаборони онро пешниҳод накардааст.
Дар ҳоле ки як матлаб зери имзои академик ва доктор улум иқтисодӣ, сардабири маҷаллаи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев бо пешниҳоди бомбаборони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон шӯреро бапо кардааст, ин шахс мегӯяд, ҳаргиз чунин мақолае нанавиштааст ва дар сомонаи Сентразия.ру аз номи ӯ сӯистифода ба амал омадааст. Вай ҳамчунин дар як раддия, ки ин торнамо ба нашр расонд, гуфтааст, ки муаллифи ин матлаб нест.
Дар гуфтугӯ бо мо, ҷаноби Абдуллоев бори дигар ин нуктаро таъкид кард.
Рустамҷон Абдуллоев: “На. Ман дар он ҷо 20 мақола ба нашр расондаам ва зоҳиран, душманони мо аз ин ҳолат истифода карда, чунин мақолаеро ба он ҷо фиристодаанд. Ман зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳастам ва пештар ҳам дар бора гуфтаам, аммо дар мавриди бомбаборон ҳаргиз чизе нагуфтаам ва ҳаргиз чизе нанавиштаам.”
-Шумо чӣ хел фаҳмидед, ки ин мақола дар он ҷо нашр шудааст?
-Ба ман занг заданд ва мисли Шумо журналистон занг мезананд. Аз Тоҷикистон ва ҷойҳои дигар. Ба ман номаҳои электронӣ мерасанд, аз ҷумла дар Фейсбук менависанд. Дар ҳама ҷо мепурсанд, савол медиҳанд. (Зимнан, дар рӯзи нашри ин матлаб Радиои Озодӣ ба Рустамҷон Абдуллоев занг зада буд, вале ӯ аз ҳама гуна сӯҳбат дар бораи матлаб худдорӣ карда буд – Радиои Озодӣ)
-Барои суиистифода аз номатон Шумо торнамои Сентразия.ру-ро ба додгоҳ мекашед?
-Чӣ фоида аз ин ва ман ба куҷо арз мекунам? Торнамо дар Русия аст ва ман дар Ӯзбакистон зиндагӣ мекунам. Ва ин аз ман харҷи зиёдеро хоҳад хост, чӣ даркор аст ба ман? Вале агар ниҳодҳои Ӯзбакистон таҳқиқ кунанд ва зарур донанд, ки бояд ба додгоҳ муроҷиат кард, худашон муроҷиат мекунанд. Шахсан ман чунин ният надорам. Агар ин тасдиқ нашавад.
Ман намедонам, ман ба онҳо дархост фиристодам, то ба ман рӯшан кунанд, ки чӣ гуна ва аз куҷо ин мақола ба дасти онҳо расид ва агар онҳо ҷавоб диҳанд, он гоҳ, аммо онҳо ҳанӯз ба ман ҷавоб надодаанд. Шумо худ, агар бароятон мушкил нест, ба онҳо занг занед ва натиҷаашро ба почтаи электронии ман фиристед.
Он гоҳман ҳам огоҳ мешавам, зеро онҳо ба ман посух намедиҳанд. Намедонам, барои он ки ба додгоҳ арз шавад, бояд аз лиҳози ҳуқуқӣ муайян шавад, ки ин торнамо гунаҳкор аст ё не. Дар он зиёда аз 20 мақолаи ман нашр шудааст, шояд фикр карданлд, ки ин мақолаи навбатии ман аст. Ин замоне маълум мешавад, ки онҳо ба ман посух диҳанд ва ман ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунам.
-Пас ба додгоҳ мекашед, ҳа?
-Бале, агар онҳо ба ман фиристанд. Ман ба онҳо изҳор доштам, ки ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбакистон муроҷиат мекунам, ки онҳо ин масъаларо таҳқиқ кунанд.
-Аз мақомоти Ӯзбакистон ба Шумо чизе дар бораи ин мақола гуфтанд?
-На, касе ба ман чизе нагуфтааст. Чӣ бояд гӯянд?
-Бисёриҳо аз Тоҷикистон навиштанд, ки ин мақола ба дӯстии деринаи байни мардуми тоҷику ӯзбак зарба зад. Шумо ба онҳо чӣ паём доред?
-Ман ба ин хонандагон пешниҳод мекунам, ки мақолаҳои дигари маро хонанд. Ман дар ҳама ҷо гуфтаам, ки ӯзбакҳо ва тоҷикон як халқанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд. Ва ман дар заминаи пажӯҳишҳои илмии таърихии худ исбот кардаам, ки онҳо ҳам аслан ӯзбаконеанд, ки ба забони форсӣ гап мезананд ва тамом.
-Шумо аз онҳо узр мепурсед, ки бо истифода аз номатон ба дӯстии онҳо зиён расонда шуд?
-Не, ин ҷо рӯшан аст, ки ман гунаҳкор нестам, пас чаро бахшиш мепурсидаам. Ман ин мақоларо нанавиштаам. Барои узрхоҳӣ ягон сабабе нест. Инро бояд бигзор торнамои Сентразия муайян кунад. Ман ҳоло мехоҳам дар ин бобат низ ба онҳо муроҷиат кунам ва тамом.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
170
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
288
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
303
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
528
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
631
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
524
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
116
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
170
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
148
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
1011
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1723
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3407
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
168
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
152
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
166
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
539
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
787
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
910
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
487
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
524
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
492
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
812
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1045
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1914
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
655
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
632
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1826
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2146
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2146
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2356
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
560
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
494
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
980
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3107
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3544
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3546
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
575
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
681
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
708
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд