Сарнавишти нерӯгоҳи Роғун 22 май маълум мешавад
Интизор меравад, то 20 рӯзи дигар сарнавишти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" рӯшан шавад. Саҳмдорони "Роғун" дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи ояндаи ин иншооти ҳаётии кишвар гуфтӯгу хоҳанд кард.
Гурӯҳи иҷрои тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мегӯяд, 22 май саҳомони Роғун харҷу дахли солонаи нерӯгоҳро баррасӣ мекунанд ва,қарор аст, сармояи оинномавии нерӯгоҳ зиёд карда шавад. Ҳоло сармояи оинномавии "Роғун" 12 миллиард сомонӣ, тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Комиссияи тафтишотии махсус, ки харҷи корҳои сохтмониро назорат мекунад, рӯзи 22 май гузориш хоҳад дод, то куҷо даҳҳо миллион доллари ҷудошуда барои идомаи корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун дуруст ва ҳадафмандона харҷ шудааст. Ҳарчанд то кунун гузоришҳои пешинаи ин комиссия дастраси ҷомеаи Тоҷикистон нашудааст, аммо коршиносон мӯътақиданд, ки дар чунин иншооти бузург сӯистифода ва аз худ кардани маблағҳо вуҷуд дорад.
Георгий Петров - муовини собиқи раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва аз мутахассисони соҳибтаҷриба аз Тоҷикистон чанде пеш ба мо гуфт: "Яке аз мушкилоти Роғун ин аст, ки қимати аслии лоиҳаи он мушаххас нашудааст ва ҳар қадар, ки метавонед, онҷо пулро рехтан гиред. Маълум аст, ки дар онҷо сӯистифода мешавад ва дигар корҳо вуҷуд дорад. Дар сурати лоиҳаи дақиқ ин гуна корҳоро карда наметавонанд."
Арзёбиҳои байналмилалии Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009, яъне 6 сол пеш гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣмесозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард. Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байналмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад.
Ҳоло маълум нест, чӣқадар саҳмияҳо дар дасти мардум ва корхонаҳост, вале бар асоси иттилооти нави Вазорати молия тақрибан 87 дарсади саҳмияҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар буҷаи соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
ОЗМУНИ РОҒУНРО КӢ МЕБАРАД?
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ мумкин аст, то рӯзи 22 май ширкатҳои асосии бунёдкунандаи Роғун низ маълум шаванд. Аввали моҳи марти соли ҷорӣҳукумати Тоҷикистон дар ниҳоят барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун озмун эълон кард ва гуфт, ки сохтмони асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз меёбад ва марҳила ба марҳила идома карда, соли 2027 ба поён мерасад.
Ба гуфтаи намояндаи Гурӯҳи иҷрои тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, айни замон консорсиуме дар ҳайати "Трактебел Инжиринг" аз Фаронса, "Койне ет Беллие" ва "Электроконсалт" аз Итолиё барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун кумаки техникӣ мерасонанд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба он ширкатҳое бартарӣ медиҳад, ки таҷрибаи сохтмонҳои бузург ба мисли Роғунро доранд ва ҳам метавонанд, барои иҷрои тарҳ сармояву қарз пайдо кунанд.
Бар асоси арзёбии мутахассисон, Тоҷикистон метавонад, нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби буҷа бунёд кунад, вале ин кор бо хатари зиёде ҳамроҳ аст, аз ҷумла зиёд шудани фақру камбизоатӣ дар кишвар. Барои бунёди Роғун ба гуфтаи онҳо зарур мешавад, ки ҳукумат солона 5 дар сади ҳаҷми маҷмӯи тавлидоти дохилиро сарфи Роғун кунад, ки ин даромади мардуми камбизоатро, ки бештар аз 30 дарсадро ташкил медиҳанд, камтар кунад. Дигар ин ки қудрати харидории мардум кам мешавад, ки метавонад, сабаби кундии рушди иқтисоди Тоҷикистон гардад.
ПУЛИ РОҒУНРО АЗ КУҶО МЕГИРЕМ?
Нерӯгоҳи Роғун дар сурати сохта шуданаш, Тоҷикистонро аз мушкили азими бебарқӣ ва мардумро аз маҳрумиятҳо зиёд халос мекунад. Таври маълум ҳар сол қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон дар фасли сармо барқ надоранд ва корхонаҳои саноатӣҳам маҷбур мешаванд, дар ин фасл корро бас кунанд ва ё дар рӯзона чанд соат ба истеҳсол машғул шаванд ва тамом. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад, манотиқи васеи Покистону Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Узбакистон, ки пайваста мегуфт, Роғун сабаби хушксоливу фалокатҳои зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёноб мешавад, баъд аз ташхиси байналмилалӣ сукутро ихтиёр кард, чун мутахассисон гуфтанд, ки бунёди Роғун ҳеч зараре барои Осиёи Марказӣ надорад ва муҳим он аст, ки дуруст сохта ва амнияташ назорат шавад. Ҳоло, ки Тоҷикистон сукути Узбакистонро аломати ризо дониста, камарашро барои бунёди Роғун сахттар бастааст, мушкили дигаре дар пеш аст, ки он ҳам пайдо кардани сармоя ва пули кофӣ барои тарҳ дар ин замони бӯҳронӣ ва кам шудани даромадҳои Тоҷикистон аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти баландпояи кишвар ваъда додаанд, ки то соли 2018 чархаи аввали нерӯгоҳро ба кор меандозанд.
«Озодӣ»
-
06.01.2026 20:24
489
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
693
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
604
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
757
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
908
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1614
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
596
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
564
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
586
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
400
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
980
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2006
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
172
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
395
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
353
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
637
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
874
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1155
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
549
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
864
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
825
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1939
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2962
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1581
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1545
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2785
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
723
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
813
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
806
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1378
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1592
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1383
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3979
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4160
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4579
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
705
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1069
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1012
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































