Филлипо Менга: Роғун баробари 3 реактори миёнаҳаҷми атомӣ аст
Як пажӯҳишгари итолиёӣ мегӯяд, ки мухолифати Узбакистон ба бунёди Роғун камтар шудааст ва натиҷаи мусбати арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ин нерӯгоҳҷалби сармоягузоронро низ осонтар кардааст.
Як пажӯҳишгари итолиёӣ, ки айни замон дар Донишгоҳи улуми сиёсӣ ва мудирияти Эстония кор мекунад, мегӯяд, мухолифати Узбакистон ба бунёди нерӯгоҳи Роғун камтар шуда, натиҷаи мусбати хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ин нерӯгоҳ, ҷалби сармоягузоронро барои тарҳ осонтар кардааст. Филлипо Менга, ки ҳоло мудирияти захираҳои об дар Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад, дар сӯҳбате бо мо дар бораи сарнавишти ояндаи Роғун сӯҳбат кард.
-Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтае пеш ва баъд аз танаффуси тӯлонӣ ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафт. Ба назари Шумо, аҳдофи воқеии ин сафар чӣ буда метавонад?
-Ба назари ман, ин сафар ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳамингуна эълони озмуни ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби ширкатҳои довталаб ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи Роғун робита мегирад. Барои ҳамин, қобили дарк аст, ки ҳукумат аз ин пас кӯшиш мекунад, тарҳи мазкур дар чашмҳо бештар намоён бошад.
-Бо вуҷуди онки Тоҷикистон барои интихоби ширкатҳои довталаби бунёди Роғун озмун эълон кард, мо аз Узбакистон, ки солҳои пеш сарсахтона мухолифат мекард, чизе нашунидем. Ба андешаи Шумо, сабаби ин хомӯшӣ чӣ аст: оё Узбакистон фикр мекунад, ки Тоҷикистон батанҳоӣ ин нерӯгоҳро сохта наметавонад, ё чароғи сабзи Бонки Ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои ташхиси байнулмилалӣ дар инҷо нақш дорад?
-Ба фикри ман, дар муқоиса бо чанд соли гузашта зоҳиран Узбакистон ҳоло бештар омодаи мусолиҳа аст. Ҳоло аломатҳое дида мешавад, ки Тоҷикистону Узбакистон барои музокирот боз ҳастанд ва мулоқоти президентҳои ду кишвар моҳи сентябри соли гузашта шаҳодати ин гуфта аст. Вазъият дигар мисли пешина фавқулода нест.
Ҳарчанд танишҳое хоҳад буд, вале ҳангоми сохтмони сарбанд бояд ин масъала бо Узбакистон боэҳтиёт баррасӣ шавад, вале ба ҳар сурат оҳанги сӯҳбатҳо мисли пешина тунд нест. Ман намегуям, ки Узбакистон вокуниш намекунад, балки аломатҳо баёнгари он аст, ки вазъ оромтар шудааст. Муҳим соли 2016 аст, ки бубинем, ки оё дар воқеъ Тоҷикистон барои сохтмони Роғун сармоя пайдо мекунад. Танҳо дар ин сурат метавон дид, ки Узбакистон чӣ гуна стратегияро пеш мегирад.
-Вале дар воқеъ фикр мекунед, ки Тоҷикистон барои як чунин тарҳи баҳсбарангез дар минтақа сармоягузор пайдо мекунад?
-То кунун, ҷанҷолӣ будани тарҳ як омили боздорандаи сармоягузорони хориҷӣ буд, аз ин рӯ, ба андешаи ман, ба ҳадде, ки баҳс сари сарбанди Роғун камтар шавад, ёфтани сармоягузор ҳам осонтар мешавад. Дар воқеъ таҳқиқи Роғун бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумат имкон медиҳад, ки сармоягузор пайдо кунад.
-Дар гузашта вақти ҷанҷолҳо бар сари тарҳи Роғун ва сард шудани муносиботи Тоҷикистону Узбакистон, баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон ин тарҳро бо ишора ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон, “Барномаи ҳастаии Тоҷикистон” тасвир карданд. Воқеан ҳамингуна муқоиса дуруст аст ва нерӯгоҳи Роғун, мисли барномаи атомии Эрон мояи нангу ифтихори тоҷикон ҳаст?
-Муқоисаи нерӯгоҳи барқи обӣ бо нерӯгоҳи атомӣ ғайримуқаррарӣ аст, чунки нерӯгоҳҳои обӣ манбаи энержии сабз ҳастанд ва нерӯгоҳҳои барқи атомӣ - не. Матбуоти Тоҷикистон аз он сабаб чунин муқоисаро пеш гирифтаанд, ки ҳарду навъи нерӯгоҳ тавоноии истеҳсоли нерӯи барқи зиёде доранд.
Роғун метавонад, барои Тоҷикистон 3600 мегават нерӯи барқ тавлид кунад ва ин барои кишваре бо қудрати ками тавлиди барқ мисли Тоҷикистон баробар ба тавоноии 3 реактори миёнаҳаҷми атомӣ аст. Ба тахмини ман, тарҳе ба мисли нерӯгоҳи Роғун, ки дар сурати такмил шудан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мешавад, метавонад, мояи ифтихор барои бахше аз аҳолии Тоҷикистон бошад. Биноан тарафдорони бунёди чунин тарҳи азим онро баҳайси мояи нангу ифтихор муаррифӣ мекунанд.
-Шумо дар бораи таъсири Роғун ба миллатсозӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиш кардаед. Метавон гуфт, ки нерӯгоҳи Роғун метавонад, маҳалгароиро, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, кам кунад ва тоҷиконро ба ваҳдати миллии воқеӣ бирасонад?
-Мутмаин нестам, ки сарбанде Тоҷикистонро ба ҳайси миллат муттаҳид кунад. Албатта, метавонад, эҳсоси ифтихори миллии бахше аз аҳолиро боло барад, чунки сохтани чунин иншооти азим дастоварди азим ба ҳисоб меравад. Сарбандҳои азим дар воқеъ бузургтарин иншооте ҳастанд, ки инсоният сохта ва манобеи обро барои баҳрабардорӣ омода кардааст.
Ба ғайр аз хидмати амалӣ ба инсонҳо аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, идораи маҷрои об ва обёрӣ, сарбандҳо ҳамчунин рамзҳои нерӯманд ба ҳисоб мераванд. Масалан, Сарбанди Марафон дар Юнон пас аз маъбади маъруф ва бостонии Парфенони Юнони қадим бузургтарин дастоварди ин кишвар ба ҳисоб меравад. Сарбанди азими Ҳувер дар Невадаи Амрико, сарбанди Бакраи баланд дар Ҳинд ва сарбанди Асвон дар Миср низ аз ин гуна рамзҳо ҳастанд.
«Озодӣ»
-
01.06.2025 19:19
157
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
208
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
159
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
372
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
476
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
346
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
181
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
146
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
191
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
846
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1558
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3249
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
87
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
132
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
131
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
402
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
633
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
747
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
349
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
374
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
364
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
608
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
874
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1700
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
482
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
467
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1676
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2000
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2201
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2887
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
398
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
361
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
815
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2928
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3362
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3351
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
555
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
578
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
524
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?