САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» БА ФУРӮШ БАРОВАРДА МЕШАВАНД
Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон имрӯз ҳамаи саъю кӯшишро барои ҳарчи зудтар ба фурӯш баровардани саҳмияҳои «Роғун» ба харҷ медиҳад.
Мутобиқи гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли 2010 ба фурӯш бароварда мешаванд. Ташкилоту муассисаҳо ва шахсоне, ки бо маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертификати махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин қоғазҳои қиматнок 4 дараҷаи муҳофизатидошта пешбинӣ шудааст, то чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шаванд.
Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд. Ҳамчунин С. Наҷмуддинов зикр кард, ки баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шудани он саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар шуда, дар баробари ин ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд ва ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.
Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сершумор, ки дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, ба харидорӣ аз ин саҳмияҳо изҳори омодагӣ карданд ва таъкид доштанд, ки омодаанд ба хариди саҳмияњои нерӯгоҳи Роғун маблағҳои калон равона созанд.
Аз рӯи иттилои вазорати молияи ҷумҳурӣ саҳмияҳои ҶСК НБО-и «Роғун» дар ду шакл бароварда мешаванд. Яъне, саҳмияҳои ҳуҷҷатӣ бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ, ки дар тарафи пеши он номи ҶСК НБО-и «Роғун», арзиши номиналии саҳмия, нишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми сарбанд, обанбор ва ҷоришавии об, хатти интиқоли барқ, рақам ва силсилаҳои саҳмия, дар тарафи қафои он бошад, шартҳои барориши саҳмия дарҷ гардидааст. Саҳмияҳо чор дараҷаи муҳофизатӣ доранд, микротекст, яъне матни дида нашаванда, чопи ноаён, қоғази ҳимояшаванда, чопи линзоветӣ, яъне бо асбоби махсус дида мешавад.
Сертификати саҳмияҳо бошад, ғайриҳуҷҷатӣ буда, хариди онҳо аз тарафи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин аҳолие, ки аз 5000 сомонӣ зиёд харидорӣ менамояд, амалӣ гардида, аз ҷониби Вазорати молия таввасути номнависӣ ба қайд гирифта мешавад. Афзалият ва ҷолибии саҳмияҳои НБО-и «Роғун» ва ҳуқуқи саҳмдорони он, пеш аз ҳама дар он аст, ки саҳмдорон метавонанд баъди ба истифода додани агрегатҳои аввали он дар мӯҳлати наздик аз фоидаи он дивиденд, яъне даромад гиранд.
Ин даромадҳо аз рўзи аввали ба истифода додани иншооти мазкур ҳисоб карда шуда, пардохти дивидендҳо аз тарафи Шӯрои нозирони ҶСК НБО-и «Роғун» кафолат дода мешавад. Дивиденди саҳмияҳо аз фоидаи софи ҶСК НБО-и «Роғун» бо пули нақдӣ ва ё ғайринақдӣ бо хоҳиши саҳмдорон пардохта мешаванд. Саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун» ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаи умумии саҳмдорон ҳангоми баррасии масъалаҳои дигар низ барои овоздиҳӣ иштирок намоянд.
Дар оянда саҳмияҳои ҶСК НБО-и «Роғун» дар бозори такрории коғазҳои қиматнок аз тарафи дорандагони он тавассути Биржаи Фондӣ озодона хариду фурӯш карда мешавад. Инчунин дорандагони саҳмияҳо метавонанд саҳмияҳоро ҳамчун воситаи гарав барои ҷалби сармоя истифода баранд. Сохтмони иншооти мазкур аз сифр оғоз нагардида, балки корҳои сохтмонӣ дар он алакай қариб 60 фоиз иҷро гардидааст ва дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода дода мешавад, ки саҳмдорон метавонанд аз ин фоида ба даст оранд.
Дар байни аҳолӣ паҳнкунии саҳмияҳо ба андозаи то 5 000 сомонӣ тавассути додани саҳмияҳои ҳуҷҷатӣ ва паҳнкунии саҳмияҳо ба маблағи зиёда аз 5 000 сомонӣ тавассути додани сертификат амалӣ мегардад. Фурўши саҳмияҳо ба тариқи нақдӣ ва ғайри нақдӣ амалӣ карда мешавад.
Дар давоми шашмоҳи охири соли ҷорӣ барои идомаи корҳои сохтмонии НБО «Роғун» аз буҷети давлат 100 миллион доллари ИМА равона шудааст. Бино ба иттилои Вазорати молияи кишвар бо ин мақсад соли 2010 нисбат ба соли 2009-ум 22 фоиз зиёдтар маблағ барои корҳои сохтмонии НБО «Роғун» равона мегардад.
Покиза Маҳмадбекова, АМИТ «Ховар»
-
22.06.2025 14:51
170
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
288
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
304
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
528
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
631
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
524
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
116
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
170
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
148
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
1011
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1723
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3407
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
168
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
152
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
166
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
539
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
787
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
910
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
488
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
524
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
492
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
812
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1045
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1914
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
655
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
632
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1826
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2146
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2146
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2357
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
560
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
494
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
980
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3107
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3545
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3547
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
575
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
681
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
708
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд