БАРНОМАҲОИ ПУРСАРУ САДОИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН
Дар 20 соли гузашта ҳукумат чандин тарҳи мондагореро ба тасвиб расонд ва бархе аз онҳоро иҷро намуд. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо банди 335-метрӣ ва обанборе дар минтақаи зилзилахез яке аз барномаҳои пур сару садо ва хотирмонӣ ҳукумати Тоҷикистон дар 20 соли истиқлол аст.
НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН
Сару садоҳо дар бораи ин сохтмон, ки дар чанд соли охир ба эътиқоди таҳлилгарон масоили фаннии он ба сиёсати минтақа ва ҷаҳон гиреҳ хӯрда, аз марзи Тоҷикистон хориҷ шуд ва то сенати Амрикову порлумони Иттиҳоди Аврупо расидааст. Амрико ва Аврупо тавассути Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ алоқаманданд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон ду далел дорад.
Абдуғаффори Камол, таҳлилгари умури сиёсӣ ин ду далелро чунин шарҳ дод: "Таваҷҷӯҳи Амрико ба ин тарҳ аз тариқи барномаи CАSА-1000 сурат гирифтааст ва пас аз он ки Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи сохтмони ин нерӯгоҳ иқдом кард, ҷанбаи сиёсии ин тарҳ қавитар шуд. Табиист, ки Амрико мехоҳад, аз як тараф ба ҳар ҳол назорате бар манбаи энержии минтақа дошта бошад ва аз сӯи дигар Амрико мехоҳад, бо иҷрои ин тарҳ ду кишвари шарики худ дар минтақа Афғонистон ва Покистонро бо барқ таъмин кунад."
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари дигари умури сиёсӣ ба ҳамин назар аст ва ба эътиқоди вай Русия низ барои назорати захираҳои об ва энержӣ дар минтақа ҳамин сиёсатро дунбол мекунад ва бо сохтмони ҳамин нерӯгоҳ бидуни кӯмаку расидагии Амрико ва Ғарб талош дорад, бозори энержии Афғонистон, Покистон ва Ҳиндро таҳти назорат гирад. Дар ҳоле ки дар феълан Узбакистон бо эҷоди мухолифатҳо дар сохтмони Роғун ин бозорро то ҷое дар даст дорад.
Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии тоҷикистонии Кумисюни байналмилалии сарбандҳои бузург далели чашмпӯшии Амрико ба мухолифати Узбакистон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро чунин тавзеҳ дод: "Ин як бозии навбатии Амрико барои дубора ба даст овардани фурудгоҳи низомии Хонободи Узбакистон аст. Тоҷикистон бошад дар муқобили ин пешниҳоде надорад. Ба ҳамин далел Амрико ва Ғарб ба Узбакистон фишор намеоранд, то наранҷад."
Ба гуфтаи ҷаноби Орифов, ба ин далел Бонки Ҷаҳонӣ талош дорад сохтмонро бо ҳар баҳона ба таъвиқ андозад.
ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ
Барномаи дигари пурсарусадо дар Тоҷикистон роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ аст, ки давлат ба асоси қонуни консесионӣ назорати онро дар ихтиёри ширкати Innovative Road Solutions Ltd (IRS) додаст, ки ахири соли 2009 аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё номнавис шудааст, аммо дар роҳсози ва роҳдорӣ таҷруба надорад.
Аз сӯи дигар сокинони канори ин роҳ аз пулакӣ шудани он, ки ба буҷаи давлат навсозӣ шудааст, норозианд ва дар ин бора чанд бор ба президенти ҷумҳурӣ муроҷиат карданд. Зеро пулакӣ шудани ин роҳ ба боло рафтани қимати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ мунҷар шудааст. Аз сӯи дигар давлат низ барои ифшо кардани сирри ин ширкати баҳбарангез талош намекунанд. Бо вуҷуди он ки ин роҳ аз ду сол бад-ин сӯ аз сӯи ширкати Innovative Road Solutions Ltd (IRS) назорат мешавад, то ба ҳол сару садоҳо дар бораи ғайриқонуни пулакӣ шудани ин роҳ аз забонҳо наафтодааст.
ХАТТИ БАРҚИ ШИМОЛ-ҶАНУБ
Ба назари таҳлилгарон, барномаи хотирмон ва судманди иқтисодӣ дар тӯли 20 соли истиқлол сохтмони хатти интиқоли барқи 500-киловолтии Шимол-Ҷануб аст, ки Душанберо бо устони Суғд пайваста, Тоҷикистонро аз ниёзмандии истифодаи шабакаҳои барқи Узбакистон раҳо кардааст. Аз сӯи дигар ба эътиқоди Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси энержӣ, бо сохтмони ин хатти интиқоли барқ то андозае тавонист аз қочоқи нерӯи барқ ба Узбакистон ҷилавгирӣ шавад.
Ҷаноби Сайфидинов дар бораи аҳамияти ин тарҳ гуфт: "Барои Тоҷикистон ин як бартарӣ ва барномаи зарурати аввалиндараҷа буд. Зеро Тоҷикистон аз тариқи ду хатти интиқоли 500-киловолтӣ аз Регар ба Узбакистон барқ медод, вале ин миқдор барқро дар Тоҷикистон сокинони вилояти Суғд аз Узбакистон дарёфт намекарданд. Гузашта аз ин, Узбакистон аз мо барои интиқоли барқ пули транзит мегирифт. Ин тарҳ даҳони бархе аз сиёсатмадорони Узбакистонро баст, ки аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҷумҳурӣ судманд аст."
САНГТӮДА-1, 2 ВА...
Коршиносон ва таҳлилгарон сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз сӯи Русия ва сохтмони нерӯгоҳи "Сангтуда-2" аз сӯи Эрон дар Тоҷикистонро низ аз барномаҳои хотирмони 20 соли истиқлол унвон кардаанд. Зеро сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 яке аз бузургтарин барномаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия аст, ки то ҷое мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистонро сабук кардааст.
Бо вуҷуди он ки то ба ҳол масъалаи пардохти пули барқи Русия аз сӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар равобит миёни Русия ва Тоҷикистон соя афкандааст. Хотирмонии нерӯгоҳи "Сангтуда-2" дар он аст, ки агрегати нахустини он аз сӯи мутахасисони эронӣ дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди истиқлол ба кор андохта хоҳад шуд. Ва то охири соли ҷорӣ ду агрегати ин нерӯгоҳ, ки 220 мегаватт тавоноӣ дорад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
ШОҲРОҲ БА ЧИН
Зиёратшо Саъдуллоев, узви порлумони Тоҷикистон пайвастани Тоҷикистон бо Чин аз тариқи роҳи мошингардро барномаи хотирмони давлат дар 20 соли истиқлол унвон кард. Вай гуфт: "Яке аз пружаҳои муҳими хотирмон, ки мардуми водии Рашт ва умуман Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ ва пас аз истиқлол орзуи амали шудани онро доштанд, ин роҳи Душанбе-Нуробод-Ваҳдат то марзи Қирғизистону Чин буд. Бо сохтмони ин роҳ вазъи зиндагии мардум беҳтар шуду иқтисод пеш рафт."
Ба эътиқоди ҷаноби Саъдулоев, тавассути ин роҳ на танҳо бозорҳои дохилӣ аз колоҳои Чин ғанӣ шуд, балки Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои дигар низ тиҷорат кунад. Вай афзуд, вақте Узбакистон дар тронзити колоҳо мушкил эҷод кард, Тоҷикистон тавонист, колоҳои лозимро аз тариқи ин роҳ ворид кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар оянда шояд муаррихон дар бораи баландтарин милаи парчами Тоҷикистон ва китобхонаи миллӣ дар Душанбе ва ё музеи таърихии 2700-солагии Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб, ки акнун ба як харобазор табдил шудааст, сатре ба ёддошт гузоранд. Аммо сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳо барои наслҳо ҳамеша хотирмон аст, зеро ин барномаҳо дар зиндагии ҳаррӯзаи Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он нақши муҳим дорад.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
423
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
312
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
345
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
405
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1367
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
106
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
282
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
180
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
871
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2277
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2339
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1343
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4392
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































