ТОҶИКИСТОН, БОНКИ ҶАҲОНӢ ВА "РОҒУН"
БҶ тасмим гирифтааст, ки мизони кӯмаки билоивази солонаи худ барои дастгирии буҷаи Тоҷикистонро аз 38 миллион то 58 миллион афзоиш диҳад.
Ин бонк ҳамчунин эълон кардааст, ки хулосаи коршиносии тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар тобистони соли оянда ба сурати комил анҷом хоҳад шуд. Ин тасмимҳо баъди мулоқоти мудири стратегия ва амалиёти Бонки ҷаҳонӣ Теодор Алерс ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълон шуд. Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи пеш Бонки ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш ба манзури сохтани обанбори Роғун худдорӣ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан тасмим доштанд, ки дар моҳи ноябр маҷрои Вахшро бубанданд. Ба думболи ин эълони Бонки ҷаҳонӣ, бархе аз мақомоти марбута ва шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон гуфтанд, ки бояд ҳамкорӣ бо ин бонк дар мавриди Роғунро қатъ намуд. Зеро тасмимҳои ин бонк дар мавриди Роғун бештар ҷанбаи сиёсӣ касб мекунанд.
"БОЯД ТАСМИМИ СИЁСӢ ГИРИФТА ШАВАД"
Аз ҷумла Ҳомид Орифов, дабири Кумитаи миллии Кумиссиюни байналмилалии сарбандҳои бузург ин тасмими тавсияи Бонки ҷаҳониро бо ҳадафи ба таъхир уфтодани сохтмони Роғун медонад: «Ин як вазъияти сиёсӣ аст. Ин бозии сиёсӣ аст. Ин тавсияҳо таҳти фишори доираҳои мухолифи сохтмони Роғун сурат мегирад. Барои ҳамин бояд дар мавриди он тасмими сиёсӣ гирифта шавад».
Аммо тасмими қатъии ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун дар салоҳияти раиси ҷумҳур аст. Ва бархе аз афрод мегӯянд, ки бояд мисли он, ки бо ширкати "Русал" ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро дар мавриди Роғун қатъ кард, бояд бо БҶ низ қатъ кунад.
СУКУТ АЛОМАТИ РИЗО?
Аммо то кунун ҳеҷ навъ вокуниши ҷониби Тоҷикистон дар ин замина маълум нашудааст, ки оё маҷрои Вахшро дар замони ваъдашуда хоҳад баст ва ба тамдиди замони анҷоми хулосаи коршиносӣ то як соли дигар розӣ ҳаст ё мухолиф. Бояд гуфт, ки бар асоси тавофуқи қаблӣ, дар муддати 8 моҳ хулосаи коршиносони БҶ дар мавриди Роғун бояд омода мешуд.
Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки хомӯшии Тоҷикистон нишоне аз ризояти ин кишвар ба чунин тавсияҳои БҶ аст. Аз ҷумла тасмими БҶ дар мавриди афзоиши кӯмак ба буҷаи Тоҷикистонро коршиносон навъе ҷуброни ба таъхир андохтани хулосаи коршиносии Роғун медонанд, ки ҳукумат метавонад аз ин воситаҳои БҶ дар коҳиши ниёзмандиҳои энержии худ истифода кунад. Ва даъвое дар баробари ин тавсияҳои БҶ пеш нагузорад ва иқдом ба бастани маҷрои Вахш низ қабл аз вақт накунад.
БОНКИ ҶАҲОНӢ ЭҲТИЁТКОРӢ МЕКУНАД
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чунин тасмимгирии БҶ дар мавриди Роғун, яъне тамдиди замони хулосаи коршиносӣ ба он манзур аст, ки БҶ намехоҳад хулосае содир кунад, ки яке аз ҷонибҳо, на Тоҷикистон ва Узбакистон ё Русияро нороҳат накунад, балки ҳамаро розӣ нигаҳ дорад. Аз нигоҳи дигар, ба назари ин таҳлилгар ҳарчи амиқтар шудани ин хулоса ва тамдиди замони он ба нафъи Тоҷикистон низ ҳаст. Оқои Абдуллоев мегӯяд:
«Он чӣ, ки гап дар бораи афзоиши кӯмак ба буҷаи Тоҷикистон меравад, ин пули кам ва ночизе аст. Ба назарам ин навъе пардохт барои хомӯш нишастан ва тоқат намудани Тоҷикистон бар баробари тӯл кашидани ҳалли масъала, то ба тафоҳум расидани тарафҳо аст».
Ба гуфтаи коршиносон, БҶ ҳам медонад, ки агарчанд буҷаи Тоҷикистон бештар тавре иҷро мешавад, ки ҳукумат мехоҳад ва ин пул ҳам ба буҷа рехта мешавад ва ҳукумат бояд аз он ба манзури харидории нерӯи барқ ва осон кардани мушкилоти дигари вобаста ба ин масъала дар фасли сармо истифода хоҳад кард. Ва ҳамчунон интизори як тобистони дигар хоҳад нишаст. Ин тасмим амалан ба маънои ба таъхир уфтодани сохтмони Роғун ҳадди ақал то як соли дигар аст.
Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
423
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
312
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
345
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
405
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1367
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
106
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
282
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
180
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
871
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2277
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2339
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1343
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4392
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































