РОҒУН, АФҒОНИСТОНИ БАЪДИҶАНГӢ ВА НИЁЗ БА ЭНЕРЖӢ
Струан Стивенсон
Паёми Струан Стивенсон, вакили Порлумони Аврупо ба Конфронси минтақаии масоили Афғонистон, ки 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад.
Об сарчашмаи ташаннуҷ дар муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказист, вале на ҳама дарк мекунанд, ки Афғонистон бозингари муҳими потенсиалӣ дар идораи захираҳои обии Осиёи Марказӣ буда метавонад: 40 дарсади қаламрав ва 33 дарсади аҳолии ин кишвар дар ҳудуди ҳавзаи Баҳри Араланд. Тақрибан 12,5 дарсади ҳаҷми умумии обе,ки ба ҳавзаи баҳри Арал ворид мешавад ва масоҳати бениҳоят калони Осиёи Марказиро фаро мегирад, аз Афғонистон оғоз меёбад, аммо қисмати ками заминҳои худи Афғонистонро обшор мекунад.
Дар нақшаҳои ояндаи мудирияти захираҳои оби Осиёи Марказӣ ниёҳои Афғонистон низ бояд ба назар гирифта шавад. Об аллакай сарчашмаи низоъҳои эҳтимолии Осиёи Марказиаст. Сарбандҳои зиёд, ҷӯйборҳо ва обанборҳои кишварҳои поёноб, ба монанди Узбакистон ва Туркманистон оби ду дарёи асосӣ – Ому ва Сирро барои обёрии киштзорони азими кишоварзӣ (пахта ва шолӣ) ҷамъоварӣ мекунанд. Бистари аксари онрҳо аз қум аст ва оби зиёде тавассути бухоршавӣ ва фурӯравӣ ба қум бебозгашт нобуд мешавад. Ин беэҳтиётӣ сабаби фоҷеаи Баҳри Арал шуд, ки сатҳи он ҳамагӣ дар давраи зиндагии як насл ба андозаи як ҳиссачаи масоҳати пешинааш коҳиш ёфт.
Коршиносон мегӯяд, вақте ки низои имрӯзаи Афғонистон ба анҷом мерасад, барои эҳёи бахши кишоварзӣ дар ин кишвар саъю кӯшишҳои азиме зарур хоҳад гашт. Ба ақидаи олимон, бе афзоиши ҷиддӣ ё ҳатто дукаратаи маҷрои об аз дарёҳое байни Афғонистон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақсим мешаванд, интизори чунин натиҷа шудан соддалавҳӣ хоҳад буд.
Рӯди Ому, ки дар замонҳои қадим бо номи «Оксус» машҳур буд, аз пиряхҳо ва обшавии барфи кӯҳҳои Помир оғоз ёфта, дар натиҷаи омезиши дарёҳои Панҷу Вахш дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба вуҷуд меояд. Дарозии Амударё тақрибан 2600 километрро ташкил медиҳад ва қисман сарҳадҳои байни Афғонистону Тоҷикистон, Афғонистону Узбакистон, Афғонистону Туркманистон ва Узбекистону Туркманистонро ҷудо менамояд. Ҳамчунин ҳавзаи он Эрону Қирғизистонро низ дар бар мегирад. Дар фарҷом он аз миёни биёбони Қароқум то ба вилояти мухтори Ҷумҳурии Қарақалпоқистони Узбакистон гузашта, ба қисми ҷанубии баҳри Арал ворид мешавад.
Тоҷикистон 80%, Афғонистон 8%, Узбакистон 6% ва Қирғизистону Туркманистону Эрон ҳар якашон наздики 3 дарсади маҷрои Амударёро медиҳанд. Ба саҳми нисбатан хурди Туркманистону Узбакистон ба ҳавза нигоҳ накарда, онҳо истеъмолгарони асосии об, бахусус об барои кишоварзӣ мебошанд. Канали Қароқум (дарозиаш 1110 км) дар Туркманистон обро аз Амударё аз наздикии Келиф бурда, баъдан аз байни Туркманистон ба Ашқобод ҷорӣ намуда, ҷараёни дарёҳои Теҷен ва Мурғобро пур мекунад. Ба ғайр аз фоҷиаи баҳри Арал, яке аз сабабҳои асосии тезутундшавии муносибатҳо миёни муштариёни оби ҳавза истифодабарии беандозаи об барои обёрии заминҳо бо мақсади тиҷоратӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбакистон норасоии об чунон ҷиддӣ аст, ки талафоти ҳосил ба рӯйдоди оддӣ мубаддал гаштааст ва то 50 дарсади кулли ҳосил мерасад.
Дар баҳсҳои коҳиш додани таъсири фоҷеаи баҳри Арал чун анъана Афғонистонро даъват намекунанд. То кунун байни Афғонистону кишварҳои ҳамсояи ӯ аз Осиёи Марказӣ созишномаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи муштараки захираҳои об имзо нашуда, новобаста аз он, ки идоракунии байнидавлатии захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал ба Афғонистон низ тааллуқ дорад, он ба эътибор гирифта нашудааст. Ҳарчанд ҷомеаи байналмилалӣ лоиҳаҳои рушди ҳавзаи баҳри Аралро ба воситаи Бонки Ҷаҳонӣ, ГЭФ, ЮСАИД, ЮНЕП, ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ намуда буд, кӯшишҳои аввалаи бозсозии иҷтимоӣ дар Афғонистон аллакай ба афзоиши фишор дар обтаъминкунӣ сабаб шудаанд. Ёриҳои байналмилалӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии Афғонистон мусоидат менамоянд, вале шароит дар ҳавзаи Амударё дар ояндаи наздик аз сабаби ҷиддан иваз шудани маҷрои об бад мегардад. Аз ин лиҳоз муҳим аст, ки идораҳои рушд аз фарзияи он, ки эҳтиёҷоти Афғонистон нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ худ ба худ муҳимтар хоҳад шуд, худдорӣ намоянд.
Кишоварзӣ барои Афғонистон ниҳоят муҳим буда, қабл аз сар задани ҷанг дар охири солҳои 70-уми асри ХХ Афғонистон бо анор, ангур, зардолу ва дигар меваҷоти худ номдор буд. Аммо даҳсолаҳои ҷанг роҳҳои тиҷоратро баста, кишварро аз бозори минтақа ва ҷаҳон ҷудо карданд. Дар натиҷаи васвасаи саломатӣ дар Ғарб талаботи ҷаҳонӣ ба мева, аз ҷумла анор, зиёд гашта ва ин метавонад ба рушд ва бозсозии иқтисодиёти Афғонистон мусоадат кунад. Ҳоло анор давои бисёр дардҳо, аз бемории дил гирифта, то саратони простата шумурда мешавад ва меваест, ки метавонад миллиард доллар даромад орад. Талабот ба анор бааъд аз он зиёд шуд, ки ғарбиҳо дар карданд, анор саршор аз антиоксидантҳост ва ҳатто ақидае баён шуд, ки шарбати анор метавонад ба таври табиӣ доруи “Виагра”-ро иваз кунад. Ҳамин тавр зарурат ба инкишофи саноат сабаб гашт ва зербинои содироти маҳсулот ба кишварҳои Ғарбро ба вуҷуд овард.
Агентиҳои байналмилалӣ, аз қабили ЮСАИД, ба саноати анорпарварӣ, ҳамчун воситаи ташвиқи иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди субот, инчунин ҳавасмандгардонии заминдорони афғон барои парвариши анор ба ҷои маводи мухаддир машғул шудаанд. Дар соли 2009 Вазири кишоварзии Афғонистон Муҳаммад Осиф Раҳинӣ меваро «роҳе ба пешрафту равнақ» номида, изҳор дошт, ки «амният ва суботи Афғонистон бештар аз ҷалби аҳолӣ ба кор бастагӣ дорад; агар шумо мардуми бекорро бахусус дар навоҳии деҳоти Афғонистон дошта бошед, ман итминон дорам, ки агар шумо ҳатто шумораи аскаронро дучанд зиёд кунед, сулҳ ва амниятро дар Афғонистон ба даст намеоред.»
Ҳарчанд густариши анорпарварӣ ба субот ва рушди Афғонистон мусоидат намояд, афзоиши истифодаи оби Ому барои зироаткорӣ метавонад ба пайомадҳои ҷиддӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ сабаб гардад. Возеҳ аст, ки барои афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ об лозим аст ва махсусан анор оби бисёр мехоҳад. Ҳама гуна чунин зироаткорӣ, ки дар қисми шимолии кишвар ҷой дорад, тавассути обёрӣ аз Амударё сурат мегирад, ки ин метавонад ба тезутунд шудани муносибатҳо бо кишварҳои поёноби ҳавзаи Арал оварда расонад ва монеи барқарорсозии Арал гардад.
Яке аз чунин тавсияҳои наҷоти баҳри Арал дар Узбакистон иваз намудани парвариши пахта ба зироатҳоест, ки оби камтар талаб мекунанд, вале афзоиши анор дар Афғонистон ошкоро ба чунин сиёсат мухолиф аст ва, эҳтимол, мояи низоъ дар истифодаи муштараки захираҳои об гардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳалли мусбати мушкилоти Афғонистонро ёбад ва ба рафъи шароити низоъҳои хурд дар кишварҳои поёноби ҳамсоя бештар талош намояд.
Рушди соҳибкорӣ ва саноат дар Афғонистон ҳамчунин ба нерӯи барқ зарурат доранд ва айни ҳол минтақа ба норасоии рӯбарӯст. Ҳоло гӯё тоҷикон барои масъала ҳалле дар даст доранд, ки ин бунёди нерӯгоҳи Роғун дар рӯдхонраи Вахш аст. Вақте он пурра ба кор медарояд, бо шаш турбина ва иқтидори умумии 3600 мВт ҳар сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад.
Нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар аз НОБ-и Роғун ба кишварҳои ҳамсоя ба монанди Афғонистон ва Покистон содир хоҳад шуд. Аллакай миёни Тоҷикистон ва Афғонистон хатти 500 киловаттӣ сохта мешавад, ки метавонад ба талошҳои байналмилалии эҳёи сулҳ ва иқтисодиёти харобгардидаи Афғонистон мусоадат намояд. Ҳамин тавр, лоиҳаи бузурги Роғун на танҳо ба таъсиси ҷойҳои корӣ мадад мекунад ва ба Афғонистон сулҳу субот меорад, балки он ҳамчунин аз сӯистифодаи оби Амударё шохобҳои Афғонистон пешгирӣ намуда, монеъи низоъҳои эҳтимолии марбут ба камбуди об дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мешавад. Лоиҳаи Роғун дар Тоҷикистон барои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва ҷомеаи ҷаҳонии васеътар як ҳаллест, ки барои ҳамаи онҳо пирӯзӣ хоҳад буд.
Струан Стивенсон - вакили Парлумони Аврупо, аъзои гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, Президенти гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, танаввуи биологӣ ва рушди устувор, соли 2010 намояндаи шахсии Раиси амалкунандаи САҲА (Қазоқистон) оид ба масъалаҳои экологӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ буд. Моҳи июни соли 2011 С. Стивенсон ба Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки зимни он бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор вазирони воломақоми кишвар аз Роғун дидан кард.
ш. Брюссел, 16 январи соли 2012
-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
423
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
313
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
346
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
406
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1369
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
107
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
284
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
184
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
872
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2277
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2340
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1345
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4393
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































