17:37:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Роғун

ИХТИЛОФИ НАЗАРҲО МИЁНИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ ҶАҲОНӢ

Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, ки феълан бо давлати Тоҷикистон танҳо сари масоили фаннии тарҳи “Роғун” музокирот анҷом медиҳанд.

/images/stories/2012/05/07_roghun-rogun-7.5.12.jpgЯк масъули намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар посух ба ин суоли Би-би-сӣ, ки оё қатъи ҳамкориҳои ин бонк бо давлати Тоҷикистон дар тарҳи “Роғун” воқеъият дорад ё хайр гуфт: “Ҳоло мо метавонем танҳо инро бигӯем, ки мо бо давлати Тоҷикистон танҳо масоили фанниро баррасӣ мекунем. Феълан шарҳи дигаре наметавонем ироа кунем.”

Ин манбаъ афзуд, ки музокирот бо мақомоти баландпояи Ҳукумати Тоҷикистон идома дорад ва то анҷоми он Бонки Ҷаҳонӣ баёнияе дигар содир нахоҳад кард. Ин манбаъ ҳамчунин нахост бигӯяд, ки бозрасони байналмиллалии тарҳи “Роғун” Тоҷикистонро тарк кардаанд ё фаъъолияти худро идома медиҳанд. Вай танҳо афзуд, ки “музокироти фаннӣ идома дорад.”

Зимнан, тибқи тавофуқот миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ин ниҳоди молии байналмиллалӣ имконсанҷии фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун”-ро бар уҳда гирифтааст. Мухолифати кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон бо тарҳи “Роғун”, давлати Тоҷикистонро водор кард, ки барои анҷоми чунин имконсанҷии байналмиллалӣ мувофиқат кунад.

Барои иҷрои ин амр дар соли 2010 миёни ширкатҳои имконсанҷ озмун эълом шуда буд. Як эътилофи ширкатҳои байналмиллалӣ ба раҳбарии ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" барандаи озмун барои имконсанҷии фаннӣ ва молии ин тарҳ дониста шуд.

Ширкати "Poyry Energy" аз Суис барандаи озмун барои имконсанҷии зистмуҳитии тарҳи “Роғун” эълом шуд. Тибқи тавофуқот, натоиҷи ин бозрасиҳо бояд дар авоили соли 2012 эълом мешуд. Вале соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки замони анҷоми ин бозрасиҳо то охири соли ҷорӣ тамдид шудааст.

Ҳамакнун сару садоҳое дар бораи таъвиқи умури бозрасони тарҳи “Роғун” паҳн шуданд. Манобеъи намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ин хабарро на радд карданд ва на таъйид.

Манобеъи давлати Тоҷикистон низ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Як масъули қаблии ширкати саҳомии “Роғун”, ки низ ба далели ҳассосияти ин мавзӯъ нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки соли гузашта ба далели ихтилофи назарҳо коршиносони байналмиллалӣ як дафъа маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро тарк карда буданд.

Ин манбаъ афзуд: “Он замон дар пайи музокироти ҷонибҳо коришиносон дубора ба маҳалли кори худ бозгаштанд. Ҳоло ман аз фаъъолияти ин коршиносон иттилоъе дақиқ надорам.”

Аз ин манбаъи огоҳ пурсидам, ки баррасии “танҳо масоили фаннӣ бо давлати Тоҷикистон” ба чи маънӣ аст. Вай гуфт: “Дар гузашта низ Бонки Ҷаҳонӣ ва коршиносони байналмиллалӣ зери мафҳуми масоили фаннӣ иддаъо доштанд, ки иртифоъи садди нерӯгоҳи “Роғун” бояд аз 335 то ба 170 метр коҳиш дода шавад.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамчунин коршиносон аз ҷониби Тоҷикистон пайваста тақозои иттилоъи бештар дар бораи сарнавишти афроде, ки бояд аз маҳалли сохтмони садди “Роғун“ кӯч дода шаванд мекарданд. Ӯ мегӯяд, "ҳамчунин аз мо дархост мешуд, ки дар бораи таъсири ин обанбор ба кишварҳои поёноб иттилоъ диҳем."

Ин манбаъ афзуд: “Мо иттилоъи зарурӣ пешниҳод мекардем. Онҳо гӯё онҳоро қабул доштанд, вале пас аз муддате боз сари ин мавзӯъ баргашта ва гузориши изофӣ мехостанд.”

Зимнан, манобеъи Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба ин суол, ки натоиҷи имконсанҷии фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи “Роғун” кай анҷом меёбад, гуфтанд, ки “музокирот идома дорад.”

Аз сӯйи дигар, дар ним соли ахир, бархе аз намояндагони Омрико ва кившарҳои урупоӣ, ки дар Бонки Ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, изҳор доштанд, ки давлати Тоҷикистон набояд танҳо сари мавзӯъи нерӯгоҳи “Роғун” таваҷҷуҳи худро мутамаркиз созад.

Нахуст, Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, зимни дидор аз Тоҷикистон дар авохири соли гузашта, гуфта буд, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”, тарҳе аст марбут ба даҳаи 1970 ва чандон судовар ё муассир нест.

Аз сӯйи дигар, вазири хориҷаи Омрико ҳушдор дод, ки Тоҷикистон набояд танҳо ба хотири мухолифат бо Ӯзбакистон иҷрои ин тарҳро рӯйи даст бигирад. Вай гуфт бояд имкони истифода аз манобеъи олтернотиви энержиро низ баррасӣ кард. Дар поёни ҳафтаи гузашта Никул Кил-Ниэлсун, аз аъзои ҳайъати урупоӣ, дар дидор бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Душанбе низ дар ин мавзӯъ изҳори назар кард.

Ба гуфтаи вай, урупоиён дарк мекунанд, ки иҷрои тарҳҳои баҳсбарангези энержии обӣ дар минтақа, монанди нерӯгоҳи "Роғун", барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Хонуми Кил-Ниэлсун аз ҷумла ба иртифоъи 335-метрии садди нерӯгоҳи "Роғун" ишора кард, ки дар сурати сохта шудан, баландтарин садд дар ҷаҳон хоҳад буд.

Вай гуфт дуруст аст, ки энержии обӣ аз лиҳози зистмуҳитӣ безиён аст, вале сохтани садде бад-ин баландӣ мумкин аст дар ояндаҳо ҳамонанди садде дар Чин, ки барои муҳити зист ва мардуми атрофаш хатар эҷод карда, зиёнбор тамом шавад.

Бархе аз коршиносони тоҷик чунин мавзеъгирии бархе аз сиёсатмадорони ғарбиро бад-ин маънӣ арзёбӣ карданд, ки натоиҷи бозрасии тарҳи “Роғун” аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ ба суди Тоҷикистон нахоҳад буд.

Давлат Усмон, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон дар қиболи сиёсӣ кардани мавзӯъи тарҳи “Роғун” бояд устувор бошад. Ба эътиқоди вай, Тоҷикистон алорағми ҳар гуна фишор бояд нерӯгоҳи “Роғун”-ро бо мушшахасоти қаблӣ бисозад.

Вай гуфт: “Обанбори нерӯгоҳи “Роғун” барои фаъъолияти нерӯгоҳи “Норак” зарур аст. Агар иртифоъи садди обанбори “Роғун” камтар аз 300 метр бошад, он муассир нахоҳад буд.”
Би-би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi