АЛТЕРНАТИВАЕ БАРОИ РОҒУН ВУҶУД ДОРАД?
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳеҷ гуна алтернативае ба ҷойи нерӯгоҳи барқи оби Роғун вуҷуд надорад. Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи роҳҳои алтернативии таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ ба маънии ақибнишинии Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳи Роғун нест, зеро ҳеҷ манбаъи дигаре беҳтар аз Роғун буда наметавонад:
“Ҳеҷ алтернативае барои Роғун вуҷуд надорад. Тоҷикистон ҳар зимистон ба се миллиард киловат нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад, аммо нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ин фасл фақат 900 миллион киловат соат нерӯи барқ медиҳад. Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба ҳамин андоза мондааст, зеро ҳамасола дар зимистон талабот ба барқ дар кишвар аз 700 то 750 миллион киловат соат меафзояд. Ҳеҷ гуна алтернативае ба ҷойи Роғун буда наметавонад, зеро нерӯгоҳҳои миёна эҳтиёҷоти моро ба нерӯи барқ қонеъ карда наметавонанд."
Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо мусоидати он арзёбиҳои иқтисодӣ ва таъсироти зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун аз сар гирифта шуд, таъкид кард, ки ҳамзамон роҳҳои алнернативии таъмини Тоҷикистон бо энержиро таҳқиқ мекунад. Чунин эъломияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар гузашта гуфтааст, нерӯгоҳи Роғун, барои рафъи ниёзҳои Тоҷикистони мӯҳтоҷи нерӯи барқ бисёр муҳим аст, суолҳоеро доир ба ояндаи нерӯгоҳ барангехт. Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ба мо гуфт, зимистони ҳар сол такрор шудани бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронии амиқи онҳост ва аз ин рӯ бонк мехоҳад, барои ба зудӣ рафъ шудани ин мушкил ба Тоҷикистон кӯмак кунад:
“Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта таҳқиқоти алтернативиеро раҳандозӣ кард, то бубинад, аз кадом роҳҳо метавонад, ба Тоҷикистон барои қонеъ кардани эҳтиёҷоташ ба энержӣ кӯмак кунад, зеро айни замон ҳеҷ кас намедонад, ки садди Роғун шуданист. Барои ҳамин мо бояд алтернативаҳои дигарро ҳам бубинем, ки ҳамин корро бо ҳукумат мекунем. Мо ҳоло роҳҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ ҳангоми тавлиду интиқоли он ва ҳамингуна босамар кардани арсаи энержии кишварро меомӯзем.”
Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам дар як баёнияи ғайримунтазира аз талошҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи арзёбиҳои байналмилалии Роғун ва таҳқиқи роҳҳои дигари таъмини Тоҷикистон бо энержӣ ҳимоят кардааст. Кетрин Эштон гуфтааст, зимни бунёди ҳаргуна иншооти бузург бояд манофеъи ҳамаи ҷонибҳо ба инобат гирифта шавад, ки зоҳиран ишорае ба нигарониҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказист, ки мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун оби кофӣ нахоҳанд дошт. Мая Косианчич, сухангӯи дафтари Кетрин Эштон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар масъалаи обу энержӣ дар миёни кишварҳои ҳамсоя бояд манофеъи ҳамаи тарафҳо ба инобат гирифта шавад, зеро дастрасӣ ба обу энержӣ ба як андоза муҳиманд.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз ҷумла имконоти таъмини Тоҷикистон бо барқ аз нерӯгоҳҳои дигари обӣ, нерӯи барқи бухорӣ, офтобӣ таҳқиқ мешавад. Бо назардошти сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар саргаҳи яке аз рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ, кишварҳои минтақа, бахусус Узбакистон хостааст, Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурдтар ва ё нерӯгоҳҳои бухорӣ бисозад.
Аммо Баҳром Сироҷов мегӯяд, ба хотири ингуна тарҳҳо, Тоҷикистон заҳмати то кунун кашидаашро зоеъ нахоҳад кард: “Барои Роғун якуним миллиард доллар харҷ шудааст ва ду агрегати он то ду соли дигар бояд ба кор андохта шавад. Худи иншоот аз 40 то 70 дар сад омода шудааст.”
Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон метавонад, бе ҳеҷ гуна арзёбиҳои байналмилалии фанниву иқтисодӣ ва муҳитзистӣ нерӯгоҳи Роғунро бисозад, вале мумкин аст дар сохтмон ба хатокорӣ роҳ дода ва ба оқибатҳои манфии муҳитизистӣ ва иҷтимоии он дучор шавад. Аз ин рӯ ба гуфтаи Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ муҳим аст, Тоҷикистон баъди анҷоми арзёбиҳо тасмим бигирад ва фавқуллода муҳим аст, бо кишварҳои дигари поёноб ба ҳамдигарфаҳмӣ бирасад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо тавоноии 3600 мегават, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва дар сурати бунёд Тоҷикистони мӯҳтоҷ ба нерӯи барқро ба кишвари фурӯшандаи нерӯ табдил хоҳад дод. Аммо сохтмони нерӯгоҳ ба мухолифати Туркманистону Қазоқистон ва ба хусус Ӯзбакистон рӯ ба рӯ шудааст, ки мегӯяд, Тоҷикистон бо бунёди сарбанди азими Роғун он кишварҳоро бе оби кофӣ хоҳад гузошт. Тоҷикистон ин иддаъоҳоро рад карда мегӯяд, ин ҳама аз баҳонае беш нест ва Ӯзбакистон, ки аз фурӯшандаҳои аслии барқ дар минтақа аст, намехоҳад дар ин бозор каси дигар ворид шавад.
«Озодӣ»
-
08.05.2025 15:28
149
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
104
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
140
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
182
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
307
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
137
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
14.05.2025 23:38
63
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
12.05.2025 23:24
111
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷаҳони нави исломӣ: стратегияи ҳамкорӣ
-
11.05.2025 13:24
97
Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд
-
14.10.2024 18:41
710
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1408
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3100
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
270
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
390
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
688
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
272
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
511
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
632
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
13.04.2025 00:00
215
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
227
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
16.07.2023 02:12
1305
Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?
-
28.02.2025 13:34
443
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
730
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1522
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:19
329
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1527
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
07.03.2022 09:26
1645
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!
-
03.09.2021 08:38
1844
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2045
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2734
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
255
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
231
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
678
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2737
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3182
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3168
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
388
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
451
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
390
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?