ВАКИЛИ АВРУПОӢ: ҒАРБ ДАР ҒАМИ КАРИМОВ АСТ, НА РОҒУН
Страун Стивенсон вакили аврупоӣ, мегӯяд, ба ҷойи ҳимоят аз Роғун, Ғарб саъй дорад, ки Ислом Каримовро ором намояд. Як вакили порлумони Аврупо, ки пайваста ба ҷонибдории бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон садо баланд мекунад, аз муттавақиф шудани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ ибрози таассуф кардааст.
Струан Стивенсон, вакили муҳофизакор аз Шотландия, бо нашри як мақолае дар маҷаллаи “The European Times” гуфтааст, таъхир дар анҷоми арзёбиҳои фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун, ки акнун бояд соли оянда такмил шавад, хуб нест ва бар зиёни нерӯгоҳ ва тамоми кишварҳои минтақа мебошад.
Струан Стивенсон мегӯяд, моҳи июл баъд аз боздид аз маҳалли нерӯгоҳи Роғун шоҳиди он шудааст, ки бинобар талаби Бонки Ҷаҳонӣ барои муттавақиф кардани тамоми корҳо то замони анҷоми арзёбиҳои байналмилалӣ 5000 коргари ботаҷриба дар сохтмони нерӯгоҳ аз ҷойи кор маҳрум шуданд. Ба қавли ӯ, ҳоло ин хатар вуҷуд дорад, ки ин коргарон барои ёфтани кор ба дигар кишварҳо мераванд ва агар Бонки Ҷаҳонӣ бигӯяд, ки ба сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст, дар ин сурат ҳам бояд, теъдоди зиёди коргарони нав бояд барои ин анҷоми лоиҳа бозомӯзӣ шаванд.
Струан Стивенсон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистони фақир ҳаётан муҳим аст, зеро 40 дарсади нерӯи барқи ягона нерӯгоҳи барқи обии бузурги кишвар Норакро, корхонаи тавлиди алюминиум ширкати давлатии ТАЛКО мехӯрад, ки тавлидоти аълосифати онро асосан кишварҳои ғарбӣ мехаранд. Ин вакили аврупоӣ афзудааст, ба ҷойи ҳимоят аз тарҳи Роғун, ки метавонад, Тоҷикистонро аз чанголи фақр раҳо кунад, кишварҳои ғарбӣ саъй доранд, Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ва душмани ашаддии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ором намоянд.
Стивен Струансон дар идомаи мақолааш гуфтааст, иддаоҳои Ислом Каримов дар бораи хатарнок будани нерӯгоҳи Роғун ва таъсироти эҳтимолӣ ва фалокатбори он барои Осиёи Марказӣ ҳеҷ асосе надоранд, зеро об дар обанбори Роғун кам-кам ва дар муддати 17 сол ҷамъ мешавад ва дар ин муддат кишварҳои поёноб ҳеҷ гуна норасоии обро эҳсос нахоҳанд кард. Вакили муҳофизакор ва узви гурӯҳи муҳитизистии порлумони Аврупо мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар ин минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз ва ба Покистон наздик аст, ки дар ҳарду кишвар фақру қашшоқии зиёд насли ҷавонро ба доми қочоқбарон ва террористон андохтааст.
Ба гуфтаи ӯ, содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон метавонад, иқтисоди вайрону валангори он минтақаро тағйир дода ва барои шаҳрвандони фақир ва безор аз ҷанги он кишварҳо ҷойи кор офарад. Стивен Струансон ба Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додааст, ки дар қабули қарор доир ба Роғун таъхир накунад ва онро ба иҷро дарорад, зеро нерӯгоҳи мазкур на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон ва тамоми Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар айни замон Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки Мун аз талошҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои кӯмак ба Тоҷикистон дар амри расидагӣ ба мушкилоти энержиаш пуштибонӣ кардааст. Бан Ки Мун дар баёнияе ба аҳамияти тасмими Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи арзёбии мустақили фаннии тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун таъйид кардааст. Ба бовари дабири кулли СММ, натоиҷи ин арзёбӣ як роҳнамои қавӣ дар раванди тасмимгирӣ бар сари ин тарҳ шуда, ин ба навбаи худ, бояд муколамаи созанда дар масоили обу энержӣ байни кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказиро ба дунбол биёрад.
Бан Ки Мун дар ин баёния тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҷустуҷӯи созишҳои мавриди қабули тарафайн дар тақсими захираҳои оби минтақа ташвиқ кардааст. Тоҷикистон, ки ҳар зимистон ба нерӯи барқ мӯҳтоҷ мешавад ва аҳолиаш дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд, нирӯгоҳи Роғунро танҳо василаи раҳоӣ аз ин бӯҳрон медонад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳро масъалаи ҳаёту мамоти кишвар хондааст. Аммо кишварҳои поёноб, бавижа Узбакистон, ки мегӯянд, дар сурати бунёди нерӯгоҳ онҳо оби кофӣ барои киштзорҳои азими худ нахоҳанд дошт.
Айни замон бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ, арзёбии фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғун идома дорад. Қарор буд, арзёбиҳо соли равон анҷом шавад, вале ҳоло интизор меравад, ки соли 2013 такмил шавад. Бонки Ҷаҳонӣ аз Душанбе хостааст, ки анҷоми таҳқиқот ба ғайр аз корҳои нигаҳдории иншооти мавҷуд, аз идомаи корҳои асосӣ худдорӣ кунад. Нерӯгоҳи Роғун, ки бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта мешавад, бо тавоноии 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро метавонад, аз кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил диҳад.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
155
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
277
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
291
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
513
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
616
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
505
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
102
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
160
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
139
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
996
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1705
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3396
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
156
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
140
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
152
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
526
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
777
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
897
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
473
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
511
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
480
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
788
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1033
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1899
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
641
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
621
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1813
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2133
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2130
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2341
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
547
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
484
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
965
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3094
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3529
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3529
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
559
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
671
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
698
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд