21:11:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Баҳси "Рӯзгор" ва хонанда: Чаро устод Миршакар "Султони дуздҳо"-ро худаш чоп накард?

Дуруд ба хонандагони арҷманди "Рӯзгор" ва ба ҳамаи онҳое, ки бо таваҷҷӯҳ ба шумораи гузашта назароти худро аз тариқи телефон баён карданд, нома навиштанд ва ё ба идора омаданд ва андешаҳои худро барои ҷолибтару шавқовартар шудани саҳифаҳои он баён доштанд.

bahsi-ruzgor-744545Сафия Маҳмадназар, ки худро аз шаҳри Душанбе ва донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ муаррифӣ кард, гуфт, ки хеле маълумоти ҷолибе дар бораи сарнавишти таронаҳои Аҳмад Зоҳир пайдо кардааст. Ба андешаи ӯ шунидани тарона хуб аст, вале дар бораи он тарона донистан боз ҳам хубтар. Муҳаммадшокир, аз ноҳияи Ваҳдат бар ин назар аст, ки ин ҳафта муноҷоте, ки дар саҳифаи дин роҳ ёфт, хеле хуб ва таъсирбахш буд.

Саодат Комилова, аз шаҳри Самараи Русия бо ирсоли номаи кӯтоҳе гуфтааст, ки бо матолиби "Рӯзгор" аз тариқи сомонаи ҳамноми он шинос мешавад, вале боз изҳори таассуф ҳам кардааст, ки на ҳамаи матолиби ҳафтанома дар сомона ҷо мегирад. Ин хафта як хонандаи мо Анзура Ҳакимова, мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 140-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ба идораи ҳафтанома мактуб навишта, андешаҳои хоси худро дар бораи Истиқлол ва давлатдорӣ баён кардааст.  Мо номаи ӯро таҳти унвони "Мактуби бетаҳрир" дар саҳифаи 13 нашр кардем, ки ҳоло имкон доред мутолиа кунед. 

"Султони дуздҳо" ва устод Миршакар

Бо хонандаи "Рӯзгор" Абдуназар Шокиров муддати бештар аз ним соат баҳси гарм доштем. Гуфт омӯзгор асту аз Қумсангир омадааст, ду шумораи "Рӯзгор"-ро хондааст, аммо чаро мо кӯшиш намекунем онро ба ноҳияи онҳо низ расонем. Аз сӯи дигар дар атрофи мақола ё асари устод Миршакар баҳс кард, ки агар ин гуна асар мавҷуд буд, сабаб чӣ буд, ки дар замони зинда будани шоир рӯи чопро надид? Чӣ монеъ мешуд, ки чунин як асари хонданӣ чоп нашавад. Магар устод Миршакар тавони онро надошт, ки ба интишори асараш нашрияҳоро мутақоид созад?

Дар масъалаи аввал мо посухеро додем, ки ба дигарон дода будем. Яъне, он ки "Рӯзгор" то Қумсангир намерасад, ҷурми мо нест. Ба ин паҳнкунандагони нашрияҳо гунаҳгоранд, ки аз Душанбе то Қумсангир намебаранд. Саволи дуюми хонанда ҳисси кунҷковии худи моро ҳам бедор кард. Дар ҳақиқат чаро устод Мирсаид Миршакар натавонист ё нахост ин асарро дар замони дар ҳаёт буданаш нашр кунад? Ва ҳатто бо гузашти чандин сол аз реҳлаташ то кунун касе онро интишор надод? Аввалан тасмим гирифтем дар анҷоми чоп сабр кунем ва баъдан бо масъули  ҳозиркунандаи он Қиёмиддин Сатторӣ ин гуна пурсишро дар миён гузорем. Вале боз ҳам хостем фарзияи ягонаи худро ин ҷо матраҳ созем.

Шояд аз он буд, ки дар замони устод Миршакар Зайнаббибӣ шахсияти матраҳ ва машҳур буд. Тибқи идеологияи замони коммунистӣ фарзандони афроди машҳур набояд ба иттиҳоме гирифтор агар шуда бошанд, ошкор шаванд. Гумон мекунем ягон нуктае, ки асарро аз чоп бозмедошт, ҳамин шахсияти модари султони дуздҳо буд. Вагарна устод Мирсаид Миршакар имкони пурраи бидуни мамониат чоп кардани асарҳои худро дошт ва боҷуръату қотеъ ҳам буд. Вале ин ҷо шояд низом иҷозат намедод ва устод Миршакар низ чун мафкурабардори ҳамин низом натавонист сарпечӣ кунад ва мунтазир монд то замонаш фаро расад. Вале дар зиндагии устод ин гуна имкон фароҳам наёмад ва ё агар фароҳам ҳам омад, чун асар хеле бармаҳал навишта шуда буд, ба ёди устод нарасид.

Ба ҳар ҳол саволро боз мемонем ва шояд илова ба он фарзия дигар ҳам бошад, ки баъдтар равшан созем.

Роҳбарон аз халқ фосила доранд, ин ҷои баҳс надорад

Вақте шумораи навбатии "Рӯзгор"-ро мутолиа мекардам, дар хона меҳмон доштам. Аслиддин, хоҳарзодаи ҳамсарам аз Панҷакент омада буд. Чашмаш ба саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда расид ва сарлавҳаи онро ба такрор хонду гуфт: ин хеле гапи дуруст аст. Шахсан ман ҳоло надидаам, ки як роҳбари сатҳи каме поён ҳам бо мардуми оддӣ дастӣ вохӯрӣ карда бошад. Ман борҳо мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмонро бо мардум дар саҳрову корхонаҳо мебинам. Президент бо ҳама касоне, ки наздикаш меоянд, самимона салом мекунад, ҳол мепурсад ва ҳатто аз чеҳрааш ҳам маълум, ки шӯхӣ ҳам мекунад. Аммо чаро намояндагонаш дар маҳалҳо ба ин ҳад такаббур доранд?

Ростӣ аз изҳори назари Аслиддин хушам омад. Айни гаперо мегуфт, ки дар дили ман гунҷида буд. Ростӣ, чаро чунин аст? Чаро мо ба як замони бедардӣ расидаем, ки касеро ба касе меҳру муҳаббат нест? Магар инсон будан ин аст, ки аз ҳам дур бошем? Магар шарти роҳбарӣ он аст, ки аз утоқи корӣ дуртарро набинӣ?

Шарифҷон Абдуназаров, Хуҷанд

Шарики баҳс шудам ва Шарифиро ҳақ медонам

Ман сад дар сад ба Абдумумин Шарифӣ ҳамфикрам. Наметавон бо як сухан ба гузаштаву имрузаи театри тоҷик хати бутлон кашид. Мо дар гузашта ҳам намоишномаҳои хуб доштем ва имрӯз ҳам дорем. Аммо фарқи гузаштаву имрӯз он аст, ки давлат ҳамоно ба рушди санъати театрӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намекунад. Ин албатта, андешаи ман аст, ин назари шахсист. Вале метавонам баҳс кунам, метавонам беибо андешаҳоямро нависам.

Устод Тағоймурод Розиқов вақте сӯҳбат мекард, шояд ба эҳсосот дода шуд ва шояд дар ҳақиқат назараш чунин аст, ки ҳоло мо чизе надорем. Аммо ман зиёд ба театр меравам. Ҳатто ҳамин "Муҳаббат" дар театри Лоҳутӣ, ки хеле намоишномаи заъиф гуфтанд, ин тавр нест. Бинанда агар бо диққат бошад, чизи хубро зуд дарк мекунад. Вале агар театр рафтану омадан бошад, ҳатто аз "Юсуфи гумгашта"-и Фаррух ҳам чизе намегириву аз "Эдип"-и Ҳошим Гадо ҳам.

Аммо аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир хеле ноқадршиносона ба имрӯзи театрҳои кишвар баҳо ммедиҳанд. Аммо ба Абдумумин ҳам гуфтаниам, ки Розиқов фикри худро гуфтаст, бигзор ин гуна фикрҳо бошанд, то андешаи солим билохира рӯи кор ояд. Ва боз: ташаккур, ки посух доданд. Ин ҳам хуб аст. Аз ин ҳам ҳақиқат рӯи об мебарояд. Ман аз мақолаи  "Магар мешавад дар ҳаққи ҳамкор туҳмат зад" хеле чизҳои тоза ёфтам. Ин худ барои як хонанда бас аст. Агар Тағоймурод Розиқов ибрози назари аз нигоҳи Шарифӣ нораво намедошту онро "Рӯзгор" чоп намекард, оё ман метавонистам ин қадар маълумоти ҷолибро аз навиштаи Шарифӣ дарёбам? Пас маълум мешавад Тағоймурод Розиқов ҳам ҳақ буд, ки Шарифиро ба баҳс кашид. Ҳоло интизорам, ки ба ин баҳс дигарон ҳам шарик шаванд. 

Одина Назарзода, омӯзгор

Муноҷот сӯи Худо беҳтарин василаи қурби Илоҳист

Аз муноҷоти "Рӯзгор" хушам омад. Мехостам ин гуна муноҷотҳо зиёд нашр шаванд. Онҳо инсонро ба ёди Худо мебаранд, дарду ранҷи бекасиро дур месозанд, инсон ба ҳадде мерасад, ки дигар худро хаставу ночор ва бекасу гирифтор ҳиcc намекунад. Эҳсос мекунӣ, ки касе дорӣ, ки ғамхори туст ва ин инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад.

Ман муноҷотҳои Абдуллоҳи Ансориро зиёд хондаам. Ростӣ қалби инсон аз вуҷуди Худо лабрез мешавад ва дар ҳақиқат дар ин олам беҳтар аз ёди Худо ёде нест, хуштар аз бӯи Худо бӯе нест.

Моҳшарифи Фузайл, Душанбе

Чаро Иттифоқи нависандагон маҳфили шеър надорад?

Ҳар ҳафта саҳифаи "Армуғони "Ҳамешабаҳор"-ро мутолиа мекунам ва басо хуш мешавам аз он ки ширкаткунандагони ин маҳфил ба синну сол ва ба донишу фаросат гуногунанд. Ҳатто аз Эрону Афғонистон шоирону навқаламон ширкат мекунанд. Баҳси шеър гармтарин баҳси илм аст ва шавқовартарин низ мебошад. Гумон мекунам саҳифа дар "Рӯзгор" беҳтарин василаи таблиғи "Ҳамешабаҳор" аст.

Мехостам ин гуна баҳси гарм дар сатҳи баланд ҳам бошад. Агар Иттифоқи нависандагон чунин маҳфили фаъоле медошт, ки Хайрандеш дорад, чӣ хуб буд. Гумон мекунам баҳси шеър миёни шоирони варзида хеле бояд ҷолибу хонданӣ ва диданӣ бошад. Аммо чаро ин гуна маҳфил нест? Ё шояд бошаду мо намедонем?

ӯзгор": Гумон мекунем Иттифоқи нависандагон ин гуна маҳфил ҳам агар надошта бошад, вале баррасии ашъори шоиронро дорад. Вале мо кӯшиш мекунем инро пайгирӣ кунем ва дар шумораҳои баъдӣ посухи расмӣ интишор диҳем.

Шоҳвалии Таронасозро ҳам шинохтем

Ба назарам пажуҳиши "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир" торафт шавқовартар мешавад. Ман, ки аз мухлисони ашадии ин хунёгари бузург мебошам, бисёр нуктаҳое, ки интишор меёбанд, намедонам. Масалан, дар бораи Шоҳвалии Таронасоз ман танҳо медонистам, ки Аҳмад Зоҳир таронаҳояшро месуруд ва аз дӯстони хеле хубаш буд. Вале намедонистам, ки ин марди ҳунар шеър ҳам менавишт. Гузашта аз ин маълумоти басо муфассал дар бораи зиндагиномаи Шоҳвалии Таронасоз интишор шуд, ки хеле ҷолиб буд.

Ҳамкории Аҳмад Зоҳир бо ин марди ҳунар чизи маълум буд, вале донистани шахсияте чун шахсияти Шоҳвалӣ шахсан барои ман кайфияти аҷиб дошт. Дар шумораҳои гузашта ҳамин гуна лаззати маънавӣ мо аз бахши Аҳмад Зоҳир ва Фуруғу Раҳӣ бардошта будем. Гумон мекунам минбаъд низ дар интишори бобҳо аз пажуҳиш пурра риоя мегардад. Хонанда агар дар бораи ҳамкорони Аҳмад Зоҳир ё шоироне, ки таронаҳояшонро иҷро кардааст, ин гуна маълумоти муфассал дарёфт кунад, чӣ хуб аст. Ин дар ҳолест, ки миёни онҳое, ки Аҳмад Зоҳир аз ашъорашон сурудааст, касоне ҳастанд, ки барои хонандаи тоҷик комилан ноошноянд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi