18:48:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Куҷост Силаҳшӯри тоҷик, ки Исмоили Сомониро офарад?

Бо арзи салом ба ҳамаи хонандагони азизи "Рӯзгор". Аз зангҳои телефонии ин ҳафта мехостем дар мавриди баҳсамон бо Соҷидамоҳ, ки худро сокини шаҳри Норак муаррифӣ кард, ёдовар шавем. Хонандаи арҷманди мо мегуфт, ки мо баъзан ваъда мекунему баъд фаромӯш месозем. Пурсидем, ки чиро? Гуфт, масалан чаро ба ду саволи хонандагон дар мавриди "Султони дуздҳо" ва маҳфили "Ҳамешабаҳор"-ро фаромӯш кардем.

salahshoor-4578412Ва ёдамон омад, ки Соҷидамоҳ посухи саволҳои ироашуда ба Қиёмиддин Сатторӣ ва шоир Хайрандешро дар назар дорад. Дар ҳақиқат ин гуна суол буд, ки чаро устод Мирсаид Миршакар "Султони дуздҳо"-ро худаш дар замони зинда буданаш чоп накард. Ва хонандаи дигари мо мепурсид, ки чаро маҳфили "Ҳамешабаҳор" нашрияи мустақили худро надорад, ки ашъори ширкаткунандагонашро мустақилона интишор диҳад. 

Соҷидамоҳро ҳақ мешуморем ва бори дигар ба ин ду нафар, яъне Қиёмиддин Сатторӣ ва Хайрандеш хотиррасон кардем, ки ба пурсиши хонандагони "Рӯзгор" посухи фаврӣ ирсол кунанд. Лаҳзае, ки ин матлаб омода мешуд, Хайрандеш занг зад ва гуфт, ки ҳоло дар Қурғонтеппа аст ва ба муҷарради бозгашташ посухро ироа мекунад.

Албатта, роҳи Қурғонтеппа то Душанбе ҳарчанд тӯлонӣ нест, вале маълумамон нашуд, ки эшон кай бармегарданд. Аз ин рӯ умед кардем посухро дар шумораи оянда чоп кунем.

Ва ҳоло руҷуъ кунем ба навиштаҳову гуфтаҳои дигар:

Арзёбии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

ӯзгор" дар шаклу мазмун як аст. Яъне, ба гуфти шайх Саъдӣ "Сурату сирати зебо…". Дар ин ҳафтанома ҳамеша кӯшиш бар он равона шудааст, ки мизони суханро риоя намоянду барои рушди маънавиёти ҷомеаи имрӯзи кишвар хидматеро саранҷом бидиҳанд. Аминем, ки ин ҳафтанома бо нигоштаҳои бисёр бофарсатонаву боодобонааш, бо ҳамон нармгуфтории забонаш, дар қалбҳо маскан хоҳад гирифт. Дар чаҳорчӯби "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" рӯи чоп овардани хабару гузориш ва иттилооти мухталифи баҳсноку мубрам  аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар ҳафтанома, бозгӯи инанд.

Бозгашт ба алифбо хеле муҳим аст

Ростӣ мутолиаи гузориш аз ҷаласаи Иттифоқи нависандагон дар мавриди китобҳои дарсӣ маро ба он андеша бурд, ки мо дар таҳияи китобҳои дарсӣ хеле ақиб мемонем. Адабиёти боғановати классикии мо аз он ки ҳатто худи таҳиякунандагони китобҳои дасрӣ бо хати форсӣ ошно нестанд, ба таври шоиста омӯзонида намешавад.

Ва ин ҷо ҳамон масъала бори дигар матраҳ мешавад: бояд хат омӯхт, бояд забони классикиро ба таври боистаю шоиста донист ва аз худ кард. Агар гузариш ба хати арабиасоси форсӣ матраҳ нашавад ва давлат дар ин самт корҳои ҷиддиро барномарезӣ накунад, мо баъди 20 соли дигар аслан ба адабиёти ниёкон сарфаҳм намеравем. Ман инро аз таҷрибаи чилсолаи кори омӯзгорӣ мегӯям. Бояд имрӯз масъалаи хат ҷиддан матраҳ гардад, вагарна фардо дер мешавад. Имрӯз агар олиме, ки даъвои навиштани китоби дарсӣ мекунад, ошноии комил бо хат надошта бошад, аз муаллими деҳоту аз хонандаи мактаб чӣ гила кунем?

Абдулло Зокир, омӯзгор, ноҳияи Бохтар

Чанд шумораи "Рӯзгор" назари ду нафарро чун рейтинги шахсиятҳо хонем? Шумо дар чанд шумораи гузашта эроди хонандагонатонро дар мавриди рейтинги шахсиятҳои шинохта бо номи "Сад фарди маъруф" интишор медиҳед. Ва ман, ки "Рӯзгор"-ро пайваста мехонам, мебинам, ки аз рӯзи интишори ин саҳифа қариб дар ҳар шумора хонандагон эрод мегиранд ва шумо ҳамеша худро сафед мекунед, ки ин назари танҳо ду нафар муаллифони он аст.

Наход барои назари ду муаллиф ва тартибдиҳанда як ҳафтаномаи обрӯманде, ки талош барои ҷойгоҳ дар матбуоти кишвар дорад ва мебинад, ки ин иқдомаш на ба ҳама хуш меояд, боз ҳам исрор варзад, ки рӯйхат бояд чоп шавад. Ман мантиқи ин мавзеъгириро намефаҳмам.

Дар шумораи гузашта 100 журналисти маъруфро чоп карданд ва бо шинохти ман ҳатто дар миёни "ва ғайраҳо" номи даҳҳо журналисти матраҳ дар кишвар наомадааст. Магар ин гуна арзёбиҳо мавриди ихтилоф намешавад? Магар "Рӯзгор" манфиатдор аст чунин баҳсҳо атрофи мақолаҳояш бошанд? Оё мешавад назари ду нафарро пайваста чоп кардаву мардумро ба иштибоҳ бурд. Магар гумон намекунед вақти он расидааст, ки рейтинги ҷомеъ чоп шавад, на назари ду шахс?   

Қамари Аҳрор, рӯзноманигор, шаҳри Хуҷанд

Посухи "Рӯзгор": Мо фикр намекунем, "ин гуна арзёбиҳо" мавриди кадом ихтилофе шаванд. Фардҳои мушаххас ва матраҳ дар ҷомеъа дар чаҳорчӯбаи қонун ва одоби журналистӣ нуқтаи назари хешро иброз доштаанд ва даъвои онро, ки навиштаашон сад дар сад ҳақаст, надоранд. Баръакс, хоҳиши  ислоҳи камбудиҳояшонро кардаанд. Агар шумо дар ҳошияи ин мавод фикрҳои дигаре доред, ба мо нависед мо боз ҳам дар чаҳорчӯбаи қонун назари шуморо низ чоп хоҳем кард. Умед дорем, ки дар оянда дар асоси фикри Шумо ва назари дигарон "рейтинги ҷомеъ" чоп шавад.

Созмони тоҷикон дар Қирғизистон хеле обрӯманд аст

Қодиршои Муруват дар суҳбат бо "Рӯзгор" дар бораи созмони тоҷикон муфассал суҳбат кардааст, вале паҳлуҳои зиёди фаъолияти ин созмонро ёдовар нашудааст. Шояд вақт наёфтааст ва ё шояд дар доираи як суҳбат ҷой намондааст. Ба ҳар ҳол ин созмонро ман хубтар медонам, чун сафар ҳам доштаму бо фаъолияташ аз наздик ошкно будам.

Ва нуктае, ки мехоҳам таъкид кунам, ба адабиёт иртибот дорад. Тоҷикони Қирғизистон ташнаи шеъру сухан ва суруду таронаҳои тоҷикӣ ҳастанд. Хеле дӯст медоранд, ки бо шоирону адибону ҳунармандони тоҷик мулоқот кунанд. Ман дар як сафарам ба Қирғизистон дар суҳбат бо сокинони Ҳайдарканд ва Учқурғон инро бештар дарёфтам. Соли 2011, вақте ки 80-солагии Шарифҷони Учқурғонӣ, шоири номдори тоҷикзабони Қирғизистон, таҷлил мегардид, Абдулҳамид Самадов ҳамроҳи як гурӯҳ адибон дар ин ҷашн ҳузур доштанд. Онҳо таманно доранд, ки гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикӣ зуд-зуд ба ин ҷо биёянд ва бо мардум мулоқот кунанд ва дар бедории ифтихороти тоҷикон ҳисса гузоранд. Дар бораи хизматҳои созмони тоҷикони Қирғизистон зиёд метавон гуфт.

Бо иқдоми Маркази тоҷикон дар хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бишкек лавҳаи ёдгории устод насб карда шудааст. Инчунин, дар баргузории конфронси илмиву адабие, ки ба ҳаёт ва фаъолияти одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда буд, нақши ҳамкории Маркази тоҷикони ин кишвар бо сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бараъло намоён буд. Дар маҷмӯъ, Сафорати Тоҷикистон ҳамеша дар мавриди татбиқи барномаҳои фарҳангии Маркази тоҷикони Қирғизистон мададгору ёвар аст.

Марямбонуи Фарғонӣ, адиб ва рӯзноманигори тоҷик

Куҷост Силаҳшӯри тоҷик, ки Исмоили Сомониро офарад?

Ростӣ хабари анҷоми наворбардории филми ҳунарӣ дар бораи ҳазрати Мусо (ъ) дар Эронро хондаму эҳтиромам ба мардуми ин сарзамин хеле баландтар шуд. Ҳанӯз ҳам ёди "Ҳазрати Юсуф" мекунам ва агар иқрор шавам, ки ман Юсуфпайғамбарро аз филми Силаҳшӯр шинохтам, иштибоҳ намекунам. Гумон мекунам баландғоятар аз он филм филмеро ман тайи даҳ соли охир надида будам. Ман аслан наметавонам ҳунари филмофарии эрониёнро бо тоҷикон қиёс кунам, вале дил мехоҳад ин гуна серёлҳо мо ҳам дошта бошем.

Мо дорем, вале аз нигоҳи ғояву мазмун хеле шикаставу костаанд. Ёд дорам Силаҳшӯр дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки ин филмро на дар Миср ва на дар ҷои дигар, балки дар канораҳои Теҳрон наврбардорӣ кардаанд. Аммо тамошобин гумон мекунад гурӯҳи эҷодӣ ҳам Миср рафтаасту ҳам Канъон. Яъне, барои офариниши ин ё он филми хуб, шарт нест барои интихоби ҷою макон садҳо ҳазорро барбод диҳӣ. Метавон бо бунёди ин гуна шаҳракҳо филмҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ офарид.

Мо мавзуъи бузурге дорем. Сарнавишти Шоҳ Исмоили Сомонӣ худ беҳтарин сериёле хоҳад буд. Аммо куҷост дар Тоҷикистон Силаҳшӯре, ки инро бисозад? Мо фақат атрофи ин масъала гап мешунавем, ибрози назар мекунанд, вале на давлат онро метавонад маблағгузорӣ кунад ва на коргардоне дорем, ки мавзуъро омӯхтаву омодаи наворбардории он бошад.

Бо ҳама камбудиҳояш ман ҳамоно бар ин назарам, ки беҳтарин филми таърихиву ҳамосавии тоҷик ҳамон силсилафилмҳои Борис Кимёгаров аз рӯи достонҳои "Шоҳнома"-и безавол аст. Ҳарчанд намехоҳам ба рӯи синамои баъдӣ ва имрӯз комилан хати батлон кашам. Вале назарам аст, ки Кимёгаров хеле коргардони чирадаст буд, ки тавонист ин шоҳасарро қисман рӯи саҳна орад.

Олимҷон Камолиддинов, ҳунарманд

Нав фаҳмидам, ки Аҳмад Зоҳир ва Ҷӯрабек Назрӣ дуэт хондаанд

Шояд ман аввалин шахс нахоҳам буд, агар гӯям, ки пажуҳиши таронаҳои Аҳмад Зоҳир хеле доманадору фарогир аст ва кас аз хондани он лаззати маънавӣ мебарад. Ман худ мухлиси ашадии таронаҳои ин марди ҳунарам ва гумон мекардам ҳама таронаҳояшро шунидааму медонам ва дар хона дорам. Аммо он ки як таронаи ин хунёгар чандин вариант доштаву бо иловаву ихтисорот суруда шуда будааст, аз ҳамин таҳқиқоти Султони Ҳамад фаҳмидам. 

Аз мутолиаи шумораи гузашта пай бурдам, ки агар ба ин тартиб идома кунад, шояд ин пажуҳиш соли оянда низ пурра идома кунад. Чун аллакай ба он истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Фейсбук пайвастаанд. Муаллиф дар бораи Убайдуллоҳ ва Шарифҷони хуҷандӣ менависад, ки барояш нусхаи тоза ва маҳфилии таронаеро ирсол кардаанд. Ва ин  варианти дигари ҳамон таронаест, ки марҳум Аҳмад Зоҳир ба ҳамовозии Ҷӯрабек Назрӣ сурудааст.

Ҷолиб барои ман он буд, ки як тоҷик ва як овозхони маъруфи мо ҳам бо Аҳмад Зоҳир дуэт хонда будааст, вале он маъруфият пайдо накардааст, чун як варианти маҳфилӣ ва ёде аз як шаби тарона дар хонаи як тоҷик дар бойгонии Ҷӯрабек Назрӣ мондаву бас. Агар Ҷӯрабек Назрӣ он замон ин таронаро аз кассета ба хазинаи радиои Тоҷикистон месупорид, шояд он на варианти маҳфилӣ, балки студиёӣ муаррифӣ мешуд. Ва ҳоло ҳам ташакур, ки ин тарона пайдо шудааст ва ягон замон аз тариқи радио ҳам пахш хоҳад шуд.

Мастура, шаҳри Ваҳдат

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi